Комил Бекзода - файласуф
Рашк ҳам нишони муҳаббат аст, ҳам нобоварӣ. Чаро ки зиндагӣ якнавохт нест, бо як рашк ва бо як нобоварӣ зиндагӣ ба анҷом намерасад. Нобоварӣ ва рашк ду марҳилае ҳастанд, ки ҳамеша ҷойи якдигарро иваз мекунанд. Инҳо марҳилаҳои санҷишанд, ки устувории муҳаббати зану мардро имтиҳон мекунанд. Агар ҳардуи инҳо дар раванди зиндагӣ набошанду якдигарро иваз накунанд, зиндагӣ ноқис ва кунду карахт хоҳад буд. Чаро, ки инсон дар зиндагӣ ҳамеша дар ҳаракат аст, дар робита аст: бо хонаводааш, бо ҷомеа, бо матбуот ва бо ҳамкорон. Ҳама гашту гарде, ки зан ва мард мекунанд, мавриди шакку шубҳаи якдигар қарор мегирад. Вобаста ба тағйироту таҳаввулоте, ки дар зиндагии ҳаррӯзаи онҳо ба амал меоянд, бояд тарзе рафтор кунанд, ки воқеан вафодории ҳардуяшон исбот шавад. Он вақт мешавад гуфт, ки ин ду нафар аз як зиндагии солим бархурдоранд. Вагарна зиндагӣ бо шакку шубҳа идома хоҳад кард.
Саидҷон Нодирӣ - Табиб, корманди шоистаи Тоҷикистон
Аслан, дар ҳар инсони солим ҳисси рашк вуҷуд дорад. Бисёр хуб аст, агар ин рашк меъёр дошта бошад. Масалан, ман бемореро табобат карда будам, ки вақте шавҳараш субҳ ба кор мерафт, ба ягон ҷойи бадани ӯ нишонае мемонд. Вақте шавҳараш аз кор меомаду он нишонаро пайдо намекард, шубҳааш зиёд мешуд. Баъзан мешавад, ки зану шавҳар аз хона мебароянд ва ба зан, ки зебост, мардҳо бо ҳавас менигаранд. Шавҳараш рашк мекунад. Ё баръакс, агар занҳо ба мард таваҷҷуҳ кунанд, занаш рашк мебарад. Шояд ҳамин аст, ки 75 дар сади хонаводаҳо аз рашки беҷо аз ҳам ҷудо мешаванд.
Беҳрӯз Насриддинов - Ровии радиои «Азия-Плюс»
Ба гуфти файласуф Ларошфуко розиям, ки гуфтааст: «Рашки зан муҳаббаташ нисбати мард нест, балки муҳаббат ба худаш аст». Ростӣ, фикр мекунам, ки рашк намаки ишқ аст, зеро бидуни рашк ҳам намешавад зист. Ба назари ман миёни дилдодагон рашк ҳатман бояд бошад, то зиндагии ошиқон рангин шавад. Аслан, одам ба касе рашк мекунад, ки нисбаташ таваҷҷуҳ дорад. Бубинед, шумо ба нафаре, ки заррае эҳсос надоред, рашк мекунед?
Чорёр Иброҳимов - Шоир
Рашк дараҷаи олии худпарастӣ аст. Яъне зан мардро чун моли худ медонад. Ба орзуву ҳавасҳо ва тамоюлҳои шавҳараш аҳамият намедиҳад. Мардҳое низ ҳастанд, ки занҳояшонро ба ҷойҳои ҷамъиятӣ рафтан намемонанд. Рашк озодии инсонро маҳдуд мекунад. Дар ҳоле, ки азизтарин чиз барои инсон озодии шахсии ӯст. Агар маҳбубтарин шахс ҳам озодии шуморо маҳдуд созад, аз ӯ дилсард мешавед. Шахсияти инсонҳоро бояд эҳтиром гузошт. Рашки зиёд инсонро ба бемории айсгемер гирифтор месозад, ки оқибаташ марг аст.
Ёрмуҳаммад Ниёзӣ - Номзади илмҳои Фалсафа
Рашк дар ҳоле пайдо мегардад, ки инсон дӯст дорад. Ин фаҳмиши маъмулӣ аз таҷрибаи рӯзмарраи инсон ба даст омадааст. Аммо дар равоншиносӣ рашк таърифҳои гуногун дорад. Масалан, дар як маъно рашк ин худпарастиву худдӯстдорист. Фаҳмиши дигари рашк бовар надоштан ба ҳамсар аст. Моҳияти аслии ин нобоварӣ ва тарс мебошад.
Рашк, ба гуфтаи баъзе равоншиносон, беморист. Аз назари мутахассисон панҷ навъи бемориест, ки дар натиҷаи рашк ба вуҷуд омадаанд. Ҳолати деп-рессия, парешонҳолӣ, маникалӣ, тарси хонавайронӣ ва гипертирофикӣ.
Инчунин рашк инсонро ба бемории нервоз гирифтор мекунад. Нишонаи ин беморӣ дар он зоҳир мегардад, ки инсон новобаста аз объектҳои беруна ботинан ноором аст, хобҳои парешон мебинад ва ба хастагии ҳамеша гирифтор мешавад. Ин бемориҳо бо дору ва сеансҳои равондармонӣ табобат мешаванд. Се намуди рашк вуҷуд дорад:
1) Рашке, ки ҳолати муътадил дорад;
2) Рашке, ки аз рӯйи уқдаи ҳақорат ба вуҷуд меояд;
3) Рашке, ки оқибат инсонро ба беморӣ (депрессия, парешонҳолӣ, маникалӣ, тарси хонавайронӣ ва гипертирофикӣ) гирифтор месозад.
Пас роҳи наҷот кадом аст?
1) Рашке, ки моро ба дӯст доштани ҳамсарамон водор месозад ва муносибатҳои моро дар гармония нигоҳ медорад, мисли намакест, ки хӯрокро бомазза месозад.
2) Рашке, ки муносибатҳои иҷтимоиро маҳдуд ва моро ба ҳолатҳои нооромиву афсурдаҳолӣ гирифтор месозад, ба табобат зарурат дорад.
Бештар барои бартараф сохтани рашк сифатҳои хуб, шарафу эҳтироми ҳамсаратонро нигоҳ доред. Бештар сифатҳои воқеии ӯро тавсиф намоед.
Зайнуддин Орифӣ - Журналист
Аслан, рашк зодаи нобоварӣ ва то андозае камоли дурӣ аз маърифати оиладорист. Рашки беасос боиси моҷарои оилавӣ мешавад. Донистани ҳадду ҳудуди хеш дар марзи рашк лозим аст. Заноне, ки маърифати воло доранд, беасос рашк намекунанд. Бубинед, рашк шабеҳи ҳасад аст.
Рашки беасос мисли ҳарфи беҷост, ки иморати меҳру муҳаббатро хароб мекунад. Маърифати оиладорӣ то ҳанӯз дар мо рушд наёфтааст. Танҳо аз даричаи маърифати исломӣ ба оила баҳогузорӣ мекунем. Ҳол он ки ҷомеаи мо дунявист ва арзишҳои дунявӣ аз суннатҳо бояд боло бошанд. Решакан намудани рашк, бешак, ба маърифат иртибот дорад. Маърифат ба маънои томаш.
Маҳкамбой Гулов - Мутахассиси пешбари Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе
Рашк яке аз хосиятҳои эҳсосотии инсонҳост, ки ҳам хоси мардон ва ҳам хоси занон мебошад. Рашк дар ҳар ҳолат ба тафаккури инсонҳо ба таври гуногун таъсир мерасонад. Дар мавриди рашки занҳо ҳаминро бояд гуфт, ки ин омил дар вуҷуди онҳо дар ҳама ҳолатҳо нисбист. Рашки занҳоро дар аксар маврид метавон як падидаи нобоварӣ ба мардҳо маънидод намуд. Ба ҳар ҳол, рашки занҳо боиси хушбахтии мардҳо низ буда метавонад.
Таҳияи Раҳимаи Аъзам