Аз шавҳар дур нашав
Гулнора бо ҳазор умеду орзу арӯс фароварду баъд аз ҳафтае писару келинашро аз ноҳияи Ғончӣ ба шаҳри Душанбе фиристод. Ҳамсояҳо тааҷҷуб карда гиребон мегирифтанд. Яке мегуфт: «Тавба, писари якумашро хонадор карду ҳавас нашикаста, онҳоро ба пойтахт равон кард». Дигаре садояшро паст карда, ба гӯши ҳамсоя пичиррос мезад: «Аҷаб замонае шуд, арӯси дурӯза алоҳида зистан мехоҳад!». Савумӣ бошад, бо таассуф қайд мекард: «Баракати ин дунё намондааст, арӯсе, ки ба хушдоман хизмат накунад, хонаи шавҳар обод менамояд?».
Дар байн Гулнора буд, ки ба гапи касе гӯш надода, ба арӯсаш гуфт: «Аз шавҳарат дур нашав. Пастиву баландии зиндагиро бо ҳам бинед. Агар ба ҳам эҳтиром гузореду муҳаббатро пос доред, хушбахт хоҳед шуд. Фикри ману хусуратонро накунед, мо ҳоло ҷавонем, аз пайи обод кардани зиндагии худатон шавед. Худо бахтатон диҳад, омин!».
Хоҳари хуб-намуна!
Аслан, зиндагии қаҳрамони матлаби мо, ба мисли рафтору андеша ва амалҳояш ғайримаъмулист. Хоҳари калониаш Маҳбуба ба деҳаи Қалъаи Эшон арӯс шуд. Баъд аз муддате бо муносибати хуб, рафтори дилчасп ва каломи ширинаш ончунон ба дили волидони ҳамсар роҳ ёфт, ки онҳо аз хушҳолӣ дар назди меҳмонону ҳамсояҳо сифати неки арӯсашонро мекарданд. Кор ба ҷойе расид, ки ҳатто ҳамдеҳагони дур ҳам чизеро баҳона карда, ба дидани арӯс меомаданду баъд аз ба хона баргаштан бо камоли мамнуният ба ҳам мегуфтанд: «Насиб кунад, арӯси бадаступо ва хеле меҳрубону дилчасп аст».
Ниҳоят, рӯзе оилаи Ёқубовҳо, ки як писар доштанду кайҳо боз барои ӯ арӯс меҷустанд, роҳи хонаи Гулнораро пеш гирифтанд…Баъд аз чанде Гулнора бо Даврон Ёқубов издивоҷ намуда, ба деҳаи Қалъаи Эшон омад.
Аз ҳамширагӣ то омӯзгорӣ
Гулнора Юсуфовна 2-юми июни соли 1966 дар ноҳияи Ғончӣ дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Падараш Юсуфҷон Нурмуҳаммадов солҳои зиёд директори ятимхонаи ноҳия буду меҳру муҳаббат ва хайрхоҳиро дар дили фарзандон мепарварид. Ӯ соли 1983 мактаби миёнаи рақами 1-и ноҳияи Ғончиро хатм карда, ҳамон сол ба Омӯзишгоҳи тиббии ба номи Павлови шаҳри Хуҷанд дохил шуда, онро соли 1985 бо муваффақият хатм кард.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1986 ҳамчун ҳамшираи шафқат дар боғчаи бачагонаи рақами 2-и ноҳия оғоз намуд. Соли 1991 бо кушода шудани боғчаи бачагонаи рақами 7, ҳамчун ҳамшираи шафқати ботаҷриба ба кор даъват гардида, то соли 2001 фаъолият намуд. Соли 1992 ба факултаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дохил шуда, соли 1998 онро хатм намуд.
Аз соли 2000-ум фаъолияти педагогии худро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14–и ноҳияи Ғончӣ оғоз намуда, то ҳол дар мактаби мазкур кор мекунад. Заҳматдӯстӣ, хоксорӣ ва фаъолӣ боис гардид, ки Гулнора дар коллективи нав обрӯ ва эҳтиром касб намояд.
Шогирдонаш дар олимпиадаҳои мактабӣ, ноҳиявӣ ва вилоятӣ ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Яке аз шогирдонаш, хонандаи синфи 9-ум Ганҷина Ҷумъаева соли 2010–ум дар олимпиада аз фанни биология дар ноҳия ҷойи якум ва дар вилоят ҷойи дуюмро сазовор гардид. Хонандаи дигари синфи 9-ум Гулғунча Ёқубова низ аз фанни биология дар ноҳия сазовори ҷойи дуюм шуд.
Изола Комилова, омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-и ноҳияи Ғончӣ, дар бораи ҳамкори худ Гулнора Нурмуҳаммадова чунин ибрози андеша мекунад: «Ӯ муаллимаи пешқадам, заҳматдӯст, ҷасур ва хеле бонуи хоксор аст. Касбашро дӯст дошта, ба ҳамкорон ёрии худро дареғ намедорад. Оилаи намунавӣ дошта, модари мушфиқ аст. Дар коллектив барои хислатҳои ҳамидааш ҳама ӯро эҳтиром менамоянд. Барои саҳми арзандааш дар таълим ва тарбияи насли наврас Гулнора Нурмуҳаммадова солҳои 2008, 2010 ва 2012 бо ифтихорномаҳои шуъбаи маорифи ноҳия ва сипосномаҳои раиси ноҳия сарфароз гардонида шудааст».
Омӯзгори мушфиқ
Шояд тарбияи падар бошад ё таъсири тахассус (ҳамшираи шафқат ва педагог), ё ҳар ду, ки Гулнора миёни ҳамдеҳагон ва ҳамкорон бо меҳрубонию раҳмдилӣ ном баровардааст. Дар мавриди чунин одамон маъмулан мегӯянд, ки онҳо «дар дил ғубор» надоранд. Бо даст додани аввалин имкон ба ашхоси нодор ва ниёзманд кумак менамояд. Ҳамсояҳо қабл аз ба духтур муроҷиат намудан, ба назди Гулнора меоянд. Худо накарда, агар шахсе шабона бемор шавад ё ҳоли тифле бад шавад, бе тардид ба ёрӣ мешитобад. «Ин хислатҳои модарро дар хона ҳама хуб медонанд. Аммо падару бародаронам намедонанд, ки модар гоҳо пинҳонӣ низ ба одамони ниёзманд дасти ёрӣ дароз мекунад», – мегӯяд дар ин маврид духтари калониаш Гулдаста.
Дуои модар
Наврасиву ҷавонӣ ба қавле қавонини худро доранд. Дар ин марҳалаҳо эҳсосу шӯр ҷойи таҳлилу андешаро мегиранд. Фарзанди дуюми Гулнора- Комрон мактаби миёнаро хатм намуду пинҳонӣ аз зодмандон бо ҳамдарсонаш маслиҳат карда, барои ба Русия рафтан билети ҳавопаймо харид. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки медонист падару модар мехостанд ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳ супораду соҳибкасб гардад. Рӯзи рафтан, сари дастархон ба онҳо билеташро нишон доду гуфт, ки соате баъд ба фурудгоҳ меравад. Волидон дар тааҷҷуб мондаву чӣ гуфтанашонро намедонистанд. Сукутро падар халалдор сохту ба писараш гуфт, ки ин корро накунад. Комрон ба ҳарфи падару модар гӯш надод. «Ба суханони ҳамдарсонам бовар намуда, орзу доштам, ки дар давоми як сол пули бисёр кор карда, бармегардаму мошини хориҷӣ харида, дар хиёбонҳо ҷилва хоҳам кард, – ба ёд меорад он солҳоро Комрон. – Воқеияти зиндагӣ дигар будааст. Бе дуои модар ба Русия рафтам. Дар давоми се моҳ чӣ азобҳое накашидам! На шиками серро дидаму на либоси хубро. Нимгурусна мегаштаму маблағи ёфтагиамро пулис бо баҳонаи номукаммал будани аснод кашида мегирифт. Ниҳоят, муҳоҷират ба дилам заду баргаштам. Вақте ба ҳавлӣ ворид шудам, модарам маро диду коса аз дасташ афтид…»
Модар ва маърифат
Дар зиндагӣ кам одамоне ёфт мешаванд, ки пурра ба муроди дил расида бошанд. Гурӯҳе сабабро дар бахту толеъ бинанд, бархе барои расидан ба мақсад муборизаву талош менамоянд. Гулнора ба гурӯҳи дуюм тааллуқ дорад. Дар пешрафти зиндагӣ ӯ танҳо ба саъю талош такя мекунад. «Обрӯ ва эҳтироми шахс танҳо бо заҳмат ба даст меояд. Маърифат чароғи инсон аст. Барои ба ҳадаф расидан бояд илму дониш омӯхт», – мегӯяд ӯ.
Ниҳоли талошу мубориза ва заҳмату пайкори ӯ имрӯз меваҳои ширин ба бор меоварад. Гулдаста баъд аз хатми донишгоҳ дар Донишкадаи молия ва иқтисод кор мекунаду Комрон корманди Вазорати тандурустӣ аст. Гулғунча донишҷӯйи курси савуми Донишгоҳи забонҳо мебошаду Ёқубҷон донишҷӯйи Коллеҷи тиббӣ аст.
Гулҳои бибӣ
Илова бар ин, Гулнора Нурмуҳаммадоваро Офаранда бо ду набераи дӯстрӯяк қадр намудааст, ки омадани онҳоро доим интизор аст. Бо баргаштани набераҳо ба хона, гулҳои ҳавлии бибӣ гӯиё ранг иваз намудаву таровати тоза мегиранд. Эҳтимол онҳо хушбахтии соҳибхонаро эҳсос мекунанд ё ин зебоӣ аз қалби модар нерӯ мегираду анвораш дар ашёи атроф мунъакис мегардад?
Фароруни Сабзқадам