Матбуоти тоҷик дар тӯли мавҷудияти худ аз “Бухорои шариф” то имрӯза “Ҷумҳурият” ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо (дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон қариб 500 номгӯи воситаҳои ахбори омма номнавис шудаанд) ба ҳадафи асосии хеш худфарсоёна содиқ мондааст. Тавонистааст ҳақиқати воқеиро дастраси мардум гардонад, суннатҳои волои бунёдкориро таҳким бахшад, камбудиву нуқсонҳои муҳити иҷтимоиро танқид ва фош намояд, ҷомеаро бо ғояҳои наву созанда рӯҳбаланд созад ва таваҷҷуҳро ба тарзи ҳаёти муосир равона кунад.
Бастаҳои фарсудаву зардгаштаи нашрияҳои солҳои пешин баёнгари ҳодисот, факту далел ва шарҳи ҳолу рӯзгори инсон ҳастанд, ки бар асоси ҳуҷҷату воқеаҳои ҳаётӣ фароҳам омадаанд. Дар ин санадҳо муҳимтарин рӯйдодҳои он даврон ва нақши ҳамзамонон инъикос ёфта, баҳои воқеӣ гирифтаанд.
Дар муддати як аср имкон фароҳам омад, ки чандин насли рӯзноманигорони тоҷик ва хонандагони онҳо ташаккул ёбанд. Дар таърихи матбуоти тоҷик номҳои истеъдодҳои дурахшон, публисистони соҳибистеъдоду маъруф, рӯзноманигорони ба касбашон содиқ, воқеанигорони ҳақиқии замони худ хеле фаровонанд. Хосатан Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Мирзо Сироҷ, Саидризо Ализода, Мирзоҷалол Юсуфзода, Абдуқодир Муҳиддинов, Садриддин Айнӣ ва дигарон ҳамчун бунёдгузорони матбуоти тоҷик мақоми шоиставу сазоворе доранд.
Дар мавриди худ бояд зикр намуд, ки суханони зерини устод Айнӣ то ба имрӯз аҳамияти ҳаётии худро гум накардаанд: “Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавму миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад.”
Анъанаҳои “Бухорои шариф” ва муалифони он ки барои дигаргуниҳои демократии ҷомеа, аз ҷумла дар соҳаи маорифи халқ ҷасурона иқдом менамуданд, сипас дар фаъолияти намояндагони насли нави рӯзноманигорон идома ёфтанд.
Солҳои 30-юм ҷавонони боистеъдоде дар симои Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ ва дигарон дар арсаи матбуот омада, маҳорати баландашонро ба хубӣ зоҳир намудаанд.
Ин давроне буд, ки пойдевори ҷамъияти нав гузошта мешуд, ҳаёт ба маҷрои нав дохил мегашт ва дар саросари кишвар сохтмонҳои азим қомат меафрохтанд, маҳви бесаводӣ торафт вусъат меёфт.
Рӯзноманигоронро мебоист, ки на танҳо дар бораи рӯйдодҳои рӯз ва дигаргуниҳои азиме, ки пеши назарашон рух медоданд, балки дар бораи
характери замони худ, фалсафаи айём низ қалам ронданд, натанҳо мушоҳида ва таҳлил намоянд, балки инчунин мардумро ба кору фаъолият даъват созанд.
Баъдҳо бисёре аз он рӯзноманигорон нависандагони маъруфу устодони сухан, ходимони барҷастаи ҷамъиятӣ гардиданд ва ҳамчуноне, ки расм аст, аз мактаби рӯзноманигорӣ сабақ гирифтаашонро ҳамеша бо камоли миннатдорӣ ба хотир меоварданд.
Маҳз дар он айём, дар ибтидои солҳои 30-юми асри гузашта Кибриё Қаҳҳорова бинти Лутфуллоев яке аз аввалин тоҷикдухтароне буд, ки ба ҷодаи душвори рӯзноманигориву муҳаррирӣ қадам ниҳод. Ҳамкасбон дар ибтидо ба Кибриёи ҷавон нобоварона менигаристанд, аммо дар кӯтоҳтарин фурсат итминон пайдо карданд, ки ӯ дар хусуси адабиёт донишу маълумоти кофӣ дорад, назокату савтиёти суханро зуд эҳсос менамояд ва аз ҳама муҳимтар, ба эҷодиёт рағбаташ зиёд аст.
Истеъдоди духтараки наврас сол аз сол рушду камол меёфт ва касе дигар ба он шубҳа надошт, ки рӯзноманигориву муҳаррирӣ меҳри дилу сарнавишти Кибриёи кунҷкову меҳнатқарин гардидааст. Дар тӯли тамоми ҳаёти минбаъдааш собит намуд, ки рӯзноманигорӣ касби ҷолибу шавқангезест, ки онро танҳо як бор, аммо барои тамоми умр интихоб менамоянд.
Кибриё Қаҳҳорова 14 апрели соли 1914 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Падараш Лутфулло Махсум Файзуллоев шахси донишманд ва тараққипарвари замони худ буд. Дар ҷавонӣ дар мадрасаи Кӯкалтоши Бухоро дониш омӯхта, аз улуми риёзиёт нуҷум ва илоҳиёт баҳраманд гардидааст. Кибриё нахустфарзанди ӯст.
Падар саъй меварзид то аз айёми наврасӣ донишу маърифати ғаниашро ба духтараш омӯзонад. Падараш ба ӯ «Мулло Кибриё» гӯён муроҷиат мекард, ки одатан ин унвон ба шахсони донишманду соҳибмаърифат хос аст.
Кибриё Қаҳҳорова пас аз хатми курси думоҳа фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун муаллима оғоз кардааст. Сипас аз соли 1932 то соли 1938 дар шӯъбаи самарқандии Нашриёти давлатии Тоҷикистон зери назари нависанда ва донишманди бузург Садриддин Айнӣ дар вазифаи ҳуруфчин фаъолият намудааст.
Малакаву маҳорати баланде, ки Кибриё дар натиҷаи саъю талоши мунтазам андӯхта буд, имкон доданд, ки ӯро ба вазифаи муҳаррири адабӣ ва мудири шӯъбаи адабиёти бадеӣ ва бачагона таъин намоянд.
Бидуни шубҳа, дар паҳлӯи чунин устоди сахтгиру серталаб ба монанди Садриддин Айнӣ солҳои бардавом кор кардан барои Кибриё Қаҳҳорова дар баробари анҷоми корҳои душвори ҳамарӯза, инчунин мактаби бузурги омузиши маҳорати касбӣ низ гардид. Маҳз бо маслиҳату роҳнамоии устод Айнӣ Кибриё Қаҳҳорова соли 1938 ба факултети шарқшиносии донишгоҳи Ленинград дохил шуд ва то соли 1941 таҳсил намуд.
Публисист ва таърихнигор Ҳасанбой Шарифов дар асари худ «Оинаи ҳаёти артиш», ки ба масъалаи ташаккулёбии рӯзномаҳои солҳои ҷанг бахшида шудааст, оид ба ҳаёти он давраи вай чунин нигоштааст:» Кибриё Қаҳҳорова дар шаҳри соҳили Нева дар баробари таҳсил инчунин вазифаи роҳбарии шӯъбаи ленинградии Нашриёти давлатии Тоҷикистонро иҷро мекард. Бо мусоидати ӯ дар ин ҷо китобҳои дарсӣ барои мактабҳои тоҷикӣ ва асарҳои классикони адабиёти тоҷику форс мунташир мешуданд. Чун ҷанг сар шуд, Кибриё Қаҳҳорова ҳамроҳи ҳамсабақҳояш Додоҷон Тоҷиев ва Мулло Фозилов, ки баъдҳо олимони номдори улуми филологӣ гардиданд, ихтиёрӣ ба сафи лашкари халқӣ ворид шуд. Аммо бар дӯши ӯ вазифаи дигаре вогузор мегардад: вай мебоист қатораеро ҳамроҳӣ мекард, ки он ба миқдори зиёд китобҳоро, ки қисми бештарашон китобҳои таълимии тоҷикӣ буданд, ба Тоҷикистон меовард».
Лаҳзае ба худ тасаввур намоед: оташи ҷанг дар ҳама ҷо забона мезанад, лашкари Олмон зери фармондиҳии фелдмаршал Леоб бо афзалияти бузурги нерӯ атрофи Ленинградро иҳота карда, муҳосираи 900 рӯза оғоз меёфт, аммо ғамхорӣ дар ҳаққи кӯдакон халқро ором намегузошт. Зеро мардуми шӯравӣ ба пирӯзии комил ва ҳақконияти муборизаи худ заррае шубҳа надоштанд ва баҳри амали гаштани он истодагарӣ мекарданд.
Қаторае, ки дар рӯзҳои тирамоҳи сербориш онро Кибриё Қаҳҳорова ҳамроҳӣ мекард, борҳо дучори бомбаборони ҳавопаймоҳои душман гашт.
Чуноне, ки худи Кибриё Қаҳҳорова бо забони ҳол баён доштааст, имкони ҳар лаҳза бо марг дучор омадан ӯро таъқиб мекард, аммо бахташ баландӣ карду зинда монд, супоришро иҷро намуд ва китобҳоро ба манзил расонид.
Ёдовар бояд шуд, ки ин воқеа баъди гузашти солҳо шоири тоҷик Мӯъмин Каноатро водор сохт, ки достоне бо номи «Китобҳои захмин» эҷод намояд.
Кибриё Қаҳҳорова дар Душанбе зиндагӣ ихтиёр кард ва фаъолияти худро дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон ва мудате чун ёвари китоби Кумитаи Марказии комсомол оид ба тарғибу ташвиқот давом дод. Дар ин ҷо тақдири худро бо шоири аллакай он замон маъруф Мирсаид Миршакар пайваст. Ҳаёт бомаром давом мекард, аммо сарнавишт онро ранги дигар бахшид.
Соли 1943 дар Тошкент рӯзномаи «Фрунзечӣ» - нашрияи округи ҳарбии Туркистон бо забони тоҷикӣ ба нашр шудан оғоз кард. Дар мараввал масъули нашри рӯзномаи Солеҳ Раҷабов буд, ки баъдҳо то ба унвони академикӣ расид.
Сипас сарпарастии идораи рӯзнома ба зиммаи нависандаи ҷанговар Фотеҳ Ниёзӣ вогузор гашт.
Рӯзнома ҳафтае як маротиба бо теъдоди 5000 нусха мунташир мешуд. Барои нашри мунтазам рӯзнома ба кормандони ботаҷриба - хабарнигорон, аккосон ва мутарҷимон зарурати бештаре дошт.
Фармондеҳии Округи ҳарбии Туркистон барои ҳаллу фасли ин масъала ба котиби Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии (болшевикии) Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров муроҷиат менамояд. Барои кори дар рӯзнома корманди радиои тоҷик Абдураҳмон Назаров ва Кибриё Қаҳҳорова интихоб мегарданд. Ба вай унвони летенанти калон дода, ба Тошканд, ба сафари хидматӣ мефиристанд. Ӯ дар ин ҷо тамоми рӯз дар идораи рӯзномаи «Фрунзечӣ» саргарми кор мешуд, ки он дар кӯчаи Сапёрная, 17 воқеъ гашта буд.
Ҳаёт дар он солҳои мудҳиши ҷанг басо душвор бошад ҳам, аммо барои ғам хӯрдану дилтангӣ фурсат намерасид. Ҳар рӯз воқеаи наве рух медод, тамоми диққати идораи рӯзнома ба рафти майдони муҳориба ва омодагии ҷангии наваскарон дар ақибгоҳ равона гардида буд.
Ба Кибриё Қаҳҳорова ва ҳамкоронаш лозим меояд, ки мунтазам ахбори тоза омода намоянд, хабарҳои бюрои иттилоотии шӯравиро (Совинформбюро) тарҷума кунанд, мақолаву гузоришҳо нависанд, номаҳои ҷанговаронро, ки аз майдони муҳориба ба унвони идораи рӯзнома меомаданд, барои чоп омода созанд.
Зарурати ба сафарҳои хизматӣ рафтан низ ба миён меомад. Ҳамин буд, ки Кибриё Қаҳҳорова дар зимистони қаҳратуни соли 1943 бо супориши идораи рӯзнома аз мошин ба мошин то ба Ленинобод меояд, ки дар он ҷо омӯзишгоҳи ҳарбӣ- сиёсии Харков ҷойгир шуда буд. Дар натиҷаи ин сафар аз ҳаёт ва омодагии ҷангии шогирдони ин омӯзишгоҳ мақолаи ҷолибу пурмазмуне таълиф ва ба нашр мерасад.
Нашри чунин мақолаҳо руҳияи ҷангии сарбозони шӯравӣ ва мардумро дар ақибгоҳ мустаҳкаму қавӣ мегардонид.
Хулласи калом, Кибриё Қаҳҳорова бо тамоми ҳастӣ ба боварӣ сазовор гашт ва сарбаландона аз имтиҳони матонату истеъдод гузашт.
Вай дар Тошканд бо нависандаи номдори ҳаҷвнигор ва драматург Абдулло Қаҳҳор ошнои пайдо кард ва қалбашро рабуд.
Рӯзноманигор бо погонҳои пурҷило, зебоию малоҳати занона, бо завқу табъи баландаш, донишу фазилат ва рафтору кирдори ашрофонааш нависандаро волову шайдо намуд.
Тоҷинисо Ғафурова, хоҳари академик Бобоҷон Ғафуров, ки қаринтарин дугонаи Кибриё Қаҳҳорова буд, гуфта, ки Абдулло Қаҳҳор ӯро ошиқона мепарастид.
Хоҳарони Кибриё Қаҳҳорова Марҳабо ва Истад Лутфуллоеваҳо ҳамроҳ бо Тоҷинисо Ғафурова солҳои зиёде дар радиои ҷумҳурӣ пурсамар кор карда, дар тарғиби адабиёту санъат, ҳаёти занон ва маънавиёт ҳисаи арзанда гузоштаанд.
Абдулло Қаҳҳор, ки худ аслан тоҷик аст, ҳикояву қиссаву драмаҳояшро ба забони ӯзбекӣ таълиф мекард. Мухлисони истеъдодаш ӯро бо муҳаббату ифтихор «Чехови ӯзбек» меномиданд. Абдулло Қаҳҳор ва арӯсашро на фaқат ишқу муҳаббат, балки фаъолияти якҷояи адабӣ ба ҳам наздику қарин мегардонид. Барои Кибриё Қаҳҳорова он солҳо хушбахттарин ва пурмаҳсултарин айёми ҳамкориҳои эҷодӣ ба ҳисоб мерафт.
Вай бо шавқу рағбати зиёд ва бо маҳорати баланд асарҳои хамсарашро ба забони тоҷикӣ бармегардонид. Бо камоли истеъдод осори адибони русро ба ӯзбекиву тоҷикӣ тарҷума мекард.
Ба ӯзбекӣ тарҷума намудани асари бузург ва безаволи Лев Толстой «Ҷанг ва Сулҳ»-ро бо итминони комил метавон корномаи адабии Кибриё Қаҳҳорова маънидод кард. Барои тарҷумаи ин асар, ки ба қавли Чернишевский «Таҷасумсозандаи диалектикаи рӯҳи инсонист» танҳо донистани забон кофӣ набуд, балки маълумоти васеъро аз таъриф, фалсафа, психология тақозо менамуд. Хушбахтона Кибриё Қаҳҳорова ин ҳамаро доро буд.
Осори адибони бузург чун «Ҷанг ва сулҳ»-и Лев Толстой, «Университетҳои ман»-и Максим Горкий, «Сели оҳанин»-и Александр Серафимович, «Киштии сафед»-и Чингиз Айматов, ки тавассути Кибриё Қаҳҳорова ба ӯзбекӣ тарҷума шудаанд, бо теъдоди зиёд мунташир гардида, таваҷҷӯҳи оммаи васеи хонандагонро ба худ ҷалб намудаанд. Ба қалами ӯ инчунин тарҷумаи осори классикони адабиёти тоҷику форс Муҳаммад Авфӣ, Убайди Зоконӣ, Алӣ Сафӣ, қиссаи С. Айнӣ «Мактаби кӯҳна» мансуб аст. Ва дар иҷрои ин кори наҷибАбдулло Қаҳҳор маслиҳатгару ёрирасони ӯ буд. Чун соли 1958 Кибриё Қаҳҳороваро ба узвияти Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯрави пазируфтанд, шодмониаш ҳадду канор надошт.
Кибриё Қаҳҳорова ҳамроҳи шавҳараш ба зодгоҳи ӯ, яке аз деҳаҳои биҳиштосои воқеъ дар қисмати шимолии Тоҷикистон- рафтанро бисёр дӯст медошт. Хешовандону дӯстон аз дидори онҳо изҳори шодмонӣ карда, чун меҳмонони ифтихорӣ пазироӣ менамуданд.
Ҳар касе, ки Абдулло Қаҳхорро мешинохт, тасдиқ менамояд, ки ӯ забони тоҷикиро хеле хуб медонист ва бо адабиёти тоҷику форс ошноии наздик дошт.
Бо Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Мирзо Турсунзода дӯстӣ меварзид, бо онҳо мукотиба дошт ва меҳмони якдигар мешуданд.
Ва худи Кибриё Қаҳҳорова идомадиҳандаи анъанаи неки «зуллисонайн»- дузабонӣ дар адабиёти тоҷику ӯзбек буд, ки асоси онро ҳанӯз дар асри хv Алишер Навоӣ гузаштааст. Асарҳои худро Садриддин Айнӣ, Абдурауф Фитрат, Аҳмадҷон Ҳамдӣ, Баҳриддин Азизӣ, Рашид Абдулло ба ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ таълиф намудаанд. Ин анъанаро дар даврони мо дар Тоҷикистон Ӯлмас Ҷамол, дар Ӯзбекистон Ҷонибек Қувноқов идома бахшидаанд.
Чунонки баъзан миёни одамони эҷодкор ва ҳокимони замон мухолифат ба миён меояд, байни Абдулло Қаҳҳор ва Шароф Рашидов, ки роҳбари муқтадири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва инчунин нависандаи маъруф ҳисоб меёфт рақобате рух медиҳад. Дар натиҷа Абдулло Қаҳҳори якрӯ ва соҳибирода муддати зиёде мавриди беэътиноии ҳукуматдорон қарор мегирад.
Дар ин давраи бисёр мушкили ҳаёт ягона такягоҳ, умед ва тасаллобахшаш ҳамсари меҳрубонаш Кибриё Қаҳҳорова буд. Ҳарчанд ки вай дастгиру имдодрасони нависандаи аз назари ҳокимони давр дурафтода қарор дошт, Абдулло Қаҳҳор саломатиашро бохта буд. Адиби дӯстоштаи мардум соли 1968 дар яке аз бемористонҳои Масков аз олам даргузашт. Мегӯянд, ки пеш аз ҷон додан дар ҳолати ҳизён қарор дошта аз хешовандонаш хоҳиш мекардааст: «Аз дарёчаи Ашт обам диҳед. Як қатра об»….
Нависандаи мардумиро дар Тошканд ба хок супориданд. Пас аз гузашти солҳо чун арзи муҳаббат ва эҳтиром ба шавҳараш Кибриё Қаҳҳорова ёддоштҳояшро дар бораи ӯ ба забони тоҷикӣ бо номи «Чоряк аср дар паҳам» таълиф ва порчаҳоеро аз он соли 1988 дар рӯзномаи тоҷикии «Ҳақиқати Ӯзбекистон»мунташир намуд.
Ёддоштҳои Кибриё Қаҳҳорова, ки онро метавон «Ёдгори дил» номид, дорои маълумоти фаровон, тасвири ҷолибу зинда, нуктаҳои борик мебошад. Ин афзалиятҳо имкон доданд, ки асар бо шавқу рағбати зиёд мавриди мутолиа қарор бигирад.
Кибриё Қаҳҳорова 26 сентябри соли 1996 дар синни ҳаштоду дусолагӣ чашм аз олам пӯшидааст.
Дар таъзияномаи Ҷамъияти Байналмилалии Итиҳодияҳои Нависандагон, ки он ҷойгузини собиқ Иттифоқи Нависандагони Иттиҳоди шӯравист, шарҳи ҳол, фаъолияти эҷодва хидматҳои ӯ чун публисист, муҳаррир ва мутарҷим баён ёфтаанд.
Вақт дар тоз аст, аммо сафи сарбозони майдони сухан, хидматгузорони ҷоннисори қалам кам намегардад.
Пас аз Кибриё Қаҳҳорова бисёр номҳои наве бар фарози матбуоти тоҷик арзи ҳастӣ намуданд. Сабоҳат Шарифова, Хайринисо Муҳиддинова, Бӯринисо Бердиева, Мавҷуда Ҳакимова, Тоҷинисо Ғафурова, Иноят Рустамова, Гулрухсор, Озод Аминзода, Анора Остонова ва дигарон номгӯи нопурраи занони соҳибистеъдоданд, ки ҳамчун рӯзноманигор, муҳаррир ва мутарҷим эҳтиром ва шӯҳрат ёфтаанд.
Имрӯз Зулфия Атоӣ, Талъат Нигорӣ, Ҳуринисо Ализода, Ҳалима Хушқадамова, Гулнора Амиршоева, Адолат Мирзоева ва бисёр дигарон ҷойгузини онҳо гаштаанд.
Табиист, ки ҳамаи онҳо аз лиҳози тарзи баён, услуби нигорандагӣ ва мавзӯи навиштаҷотҳояшон аз ҳам тафовут доранд. Аммо онҳо дорои умумиятҳое мебошанд, ки ба ҳамаашон хос аст: эшон хоҳарони ҳамтақдиранд, ки талоши таъҷилан ҳамовоз шудан ба ҳаёти халқу мамлакат, эҳсоси масъулият дар баробари хонанда дар баробари виҷдони худ ва ҳар як сатри ба чоп расида ҳамаашонро муттаҳид месозад.
Дар миёни номҳои маъруфи рӯзноманигорон, муҳаррирон ва мутарҷимоне, ки ба вазифаю истеъдод, масъулияти касбиашон ҳамеша вафодор мондаанд, Кибриё Қаҳҳорова – «Мулло Кибриё» мақоми боифтихоре дорад.
Онҳо ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд шуд.
Мансур Суруш