«Фарзи Худованд ба зану мард тақсим нашудааст»
Худованд чанд амалеро барои мо, мусалмонҳо фарз гардонид. Намозу рӯзаву ҳаҷу закот аз ҷумлаи фароизи худовандист. Дар ҳар куҷои Қуръон, ки амри ба иҷро кардани ин фарзҳо зикр мешавад, лафзи эй мусалмонҳо, эй инсонҳо тазаккур ёфтааст, на эй занҳо ва на эй мардҳо. Яъне новобаста аз ҷинсият мусалмонҳо муваззафанд, ки ин амалҳоро иҷро намоянд. Худованд дар Қуръони карим духтаронро аз 9 солагӣ ва писаронро аз 12 солагӣ ба рӯза доштан даъват кардааст. Аммо уламои аҳли суннат синни ба балоғат расидани атфолро ба назар гирифта, фармудаанд, ки ба ҳар мусалмон аз 15 солагӣ рӯза фарз мегардад.
«Рӯзаву Рамазон чист?»
Рӯза яке аз рукнҳои фарзӣ аст. Рамазон муродифи сахтиву гармӣ аст, ки мазмуни тафсонро дорад. Водии гарму тафсоне ҳам бо ин ном вуҷуд доштааст. Худованд моро даъват мекунанд, ки дар тӯли ин моҳ на танҳо аз хӯрдану ошомидан парҳез кунем, балки шахси рӯзадор бояд чашми худро аз нигоҳи номаҳрам дур бигирад, забонашро аз суханҳои қабеҳ ва аз ғайбати инсонҳо нигаҳ дорад ва ба ҳамин монанд ҳар узви дигари ҷисми инсон бояд рӯзадору парҳезкор бошад, на танҳо меъда. Бо қалби покиза рӯза доштан - ин аст рӯзаи ҳақиқӣ. Ин моҳест, ки яксола гуноҳи бандаи мусалмон бахшида мешавад.
Чунин мешавад, ки баъзеҳо ба хотири фиреби мардум рӯза медоранд, аммо ҳамоно хилофкориву бадзабониву бадкории худро идома медиҳанд. Ин гуна рӯза доштан қобили қабул нест.
Дар ин марҳила бештар занҳо ҳассос ҳастанд. Ғайбат бештар аз зан мебарояд. Дар назди биноҳои серошёна, дар қади кӯчаҳо нишастану ғайбати ҳамсояву шиносҳоро кардан, «шуғли дӯстдошта»-и баъзе занҳост. Дар тиҷорат ҳам бояд аз тарозу кам накунанд, моли вайроншударо нафурӯшанд. Дар Қуръон зикр шудааст: «Оне ки новобаста аз зану мард буданаш аз Худованди худ ғоибона тарсид, ӯро мағфирати бузург интизор аст». Аз худованди худ чӣ гуна ғоибона тарсид? Дуруғ нагуфтан, ғайбат накардан, аз тарозу назадан – ин аст аз Худованди худ ғоибона тарсидан.
«Ибодати занҳо дар Рамазон»
Занҳо метавонанд дар баробари рӯза доштан ва аз корҳои номақбул парҳез кардан, ҳамчунин дар ин моҳ ибодатро бештар намоянд. Метавонанд дар хонаҳояшон намози таровеҳ бихонанд. Намози таровеҳ 20 ракаат аст, ки хондани он суннат буда, муҷиби халосӣ аз оташи дӯзах мегардад. Ба ҷуз ин, занҳо метавонанд тӯли рӯз ва дар фурсатҳои холӣ ин калимаҳоро такрор кунанд: Субҳоналлоҳи ва биҳамдӣ, субҳоналлоҳил ъазим. Субҳоналлоҳи ва биҳамдӣ астағфируллоҳ ва атуби илайҳӣ. Раббано алайка таваккално (Худовандо ба ту таваккул кардем), Ҳасбуналлоҳу ва неъмал вакил, неъмат мавло ва неъмат насил (Парвардигорро! Нест ҷуз зоти поки ту худое ва бар ту такя мекунем, дар ҳақиқат вакили неъматҳо ту ҳастӣ!)
Инсонҳое, ки фазилати ин моҳро ба хубӣ дарк кардаанд, шабу рӯзи ин моҳро ибодат хоҳанд кард.
«Саҳми занҳо дар тарбияи насли мусалмон»
Бархеҳоро медонем, ки бо шуруи Рамазон сӯйи бозор роҳ мегиранд ва барои фарзандонашон сару либос мехаранд. Гӯё дар охири ин моҳ нарху наво гарон мегардад ва наметавонанд барои фарзандонашон либоси идона бихаранд. Ба ин тартиб, дар зеҳни кӯдак ин андешаро нақш месозанд, ки бо фарорасии моҳи Рамазон бояд бозор рафт. Рӯзаву намозро як тараф мегузоранду дар ғами харидани сару либос мешаванд. Оянда он фарзандон насли худашро ҳам дар ҳамин руҳия тарбия хоҳанд кард. Ин тарбияи ғалат аст. Фарзандро дар руҳияи молпарастӣ калон кардан хуб нест. Ӯро аз дин, аз намозу рӯзаи худаш бохабар кардан даркор. Бигзор муаллим, духтур, олим шавад, ба ҷомеа нафъаш бирасад, лек аз дини худаш огаҳ бошад. Ин вазифаи модарон аст.
Аввалин ваҳйӣ ба пайғабари мо чӣ буд?
-Иқраъ! (Бихон!) Ба ин мазмун, ки: Эй, Муҳаммад бихон ва умматҳоятро бигӯ, ки хонанд.
Як ҳадиси пайғамбар ҳам ҳаст, ки мегӯяд: ҳар кӣ дунёро мехоҳад, тиҷорат кунад, ҳар кӣ охиратро мехоҳад, пас ҳиҷрат кунад, ки дар ҳиҷрат ҳақиқатро пайдо намояд, вале ҳар кӣ мехоҳад дунёву охиратро якҷо бубинад, пас таълим бигирад, дониш андӯзад.
«Улгуи зани мусалмон кист?»
Ҳазрати Оиша, ҳамсари ҷаноби расулуллоҳ (с), зани муъминаву бо донишу бо тақво буданд. Занҳои мусалмон метавонанд аз ӯ пайравӣ кунанд. Ҳамсари дигари ҷаноби пайғамбар Хадича низ зани бо илму дониш ва бо фаросат буданд. Метавонанд улгуи занони мусалмон бошанд. Фотима, духтари пайғабар, бисёр зани босабру тоқат буданд, занҳо метавонанд аз ӯ пайравӣ кунанд.
Як ривоят аст: рӯзе ҷаноби пайғамбар хонаи Фотима омаданд, дарро куфтанду иҷозаи ворид шудан гирифтанд. Ба хона ворид шуда, диданд дар кунҷи хона зери дег оташ рӯшан аст. Пайғомбар гуфтанд, ё Фотима дар дег чизе хурданӣ дошта бошӣ биёр, ки 3 рӯз аст гуруснаам. Фотима гуфтанд, эй пайғамбари Худо, эй падари бузургвор, ман 7 рӯз шуд, ки дар хона чизе надорам. Ин дегро барои фиреби Ҳасану Ҳесейн гузоштам, ки фикр кунанд дар дег ғизо аст.
Бубинед, ки чи қадар зани бо сабр буданд. Падар, пайғамбари Худо буд, назди духтар омад, аммо духтар хонаи падарро накӯфт. Назди падар барои шикоят кардан нарафт, ки фақру гуруснагӣ дорам. Бояд пурсабриро аз духтари пайғамбари Худо омӯхт.
Зани мусалмони тоҷикро ин гуна дидан мехоҳам ва таманно дорам, ки бонувони мо бофаросат, бодониш, хушахлоқ бошанд, на молпарасту бадахлоқу бе дониш. Аз ҳамаи модарон даъват мекунам субҳгоҳон дар ҳаққи фарзандони ҷомеа дуо кунанд, ки аз илму дониш баҳравар бигарданду муҳтоҷу дасткӯтоҳ набошанд.
Худованд ҳамаи моро дар анҷом додани аъмоли солеҳ дар ин моҳи муборак ва дар тамоми сол муваффақ бигардонад!
Таҳияи Ё. Ҳалимов