***
Беҳтарин шеъри офаридаи Парвардигор модар аст.
Ба ҳама забон метавонаш хонд, ба ҳама забон метавон суруд.
***
Шохаҳои дарахти меҳри модарони дунё рӯзе ба ҳам печанд, тавонотарин бӯрони офат наметавонад онро аз бех канад.
***
Кӯҳҳо бо сарандози сапеди барфӣ модаронро монад.
Қуллаҳои остинпӯши сапедаш сокит, ба дастони ба дуо бикшодаи модар шабеҳ аст.
Орзуҳои сафеди модар поянда бод!
***
Шаб ангор чашмони сиёҳи модари ман бошад, ки ҳанӯз ба ҳарфи ашки ситораҳо бароям афсона мебофад.
***
Поктарин таҳорат – такрори номи модар аст.
***
Кист, ки мисли модар тавонад аз ҷон, аз дил биофарад?
***
Бузургии модарон дар он аст, ки Чингизро ҳам ба дунё додаву Суқроту Афлотунро низ.
***
Баъди рафтани модар мо гармтарин оғӯш, нармтарин сухан ва шевотарин нағмаи зиндагии худро гум мекунем.
***
Хуршеду гулу обшор ба забони модар ҳарф мезананд.
***
Аллаи модар рӯшноист дар дили шаби торик.
***
Баҳру уқёнусҳои азим лаб фурӯ бастаанд.
Кӯҳҳои сарафрохта дар сукутанд.
Рӯзе аз бузургии муҳаббати модар суол кунанд, ҳарф хоҳанд зад.
***
Хоки пойи модарон беҳтарин сурмаи дард аст.
***
Биҳиште гар дар ин дунё ҳаст, суҳбату дидори модар аст.
***
Ҳар кӣ озори модарро раво дид, ҳич муҳаббатеро шоиста нагардад.
***
Баҳори орзуи модар дашту биёбони сӯзонро ҳам сабз мегардонад.
***
Марги модар барои мо афсона аст, ки бовар намекунем.
***
Умеди модар то охирин нафас сабз аст.
Ҳар кӣ ин умед хазон кард, хоҳад сӯхт.
***
Дили модар офтоби ҳар рӯзи мост.
Сабрин