Абдулвоҳид Шамолов
Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳовиддинови АИ ҶТ
Занҳо бояд хеле фаъол бошанд. Зеро бе зан тасаввур кардани ҷомеа ғайриимкон аст. Қисмати аъзами ҷомеаи Тоҷикистонро занҳо ташкил медиҳанд. Бинобар ин, ҳамеша садои зан бояд баланд бошад. Зани намунавӣ ботинану зоҳиран зебо бошад. Чунки аз қадим ӯ олиҳаи зебоӣ, оромии оила, ҷомеа ва кишвар буд. Ҳат-ман таҳсилкарда бошад. Дорои мавқеи сиёсӣ ва иҷтимоӣ бошад. Зан, агар бесавод бошад ва дорои тафаккури созанда набошад, наметавонад фарзандашро тарбияи дуруст диҳад. Дар Ҷопон, агар зан маълумоти олӣ надошта бошад, ӯро ба занӣ намегиранд, сарфи назар аз он, ки ҷомеаи суннатист. Зеро бонуи босавод ва тарбия-ёфта метавонад фарзанди солиму хуб барои ҷомеа тарбия кунад.
Ҳамеша дар талоши оромии кишвар бошад ва фарзандони хуб тарбия кунад. Ҳамзамон ҷойгоҳи худро дар ҷомеа аз даст надиҳад, ҳамқадами ҷомеа ва замон бошад.
Муҳаммадрасул Иброҳимзода
Табиби мардумӣ
Зани намунавӣ бонуест, ки маърифати илмӣ ва сиёсӣ дораду китобҳои зиёд мехонад. Аз таъриху тамаддуни миллаташ бохабар аст. Фарзандони солеҳ ба воя расонида, дар пайи ободиву ҳифзи Ватан аст. Кори некеро барои манфиати мардум ба сомон мерасонад. Масалан, Гурдофарид аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, Зебуннисо Рустамова, Мавзуна Чориева, Фарзона ва Дилшоди Барно зани намунавиянд. Вақте дар хориҷи кишвар будам, мепурсиданд, ки аз куҷоӣ? Чун Тоҷикистон мегуфтам, мегуфтанд ин куҷост? Дар мавридаш чизе намедонистанд, вақте номи варзишгаронамонро мегириф-там, зуд мешинохтанд. Ватанро бо фарзандонаш мешиносанд.
Абдураҳими Умариён
Журналист
Бонувони муосири мо чеҳраи рушантару мавқеи устувортареро соҳибанд. Барои ҳамин устод Турсунзода гуфта буд:
Аз зани имрӯзаи мо ҳикмату эҷод пурс,
Дар фазои зиндагӣ кайфияти парвоз пурс.
Барои мардон намунавӣ занест, ки зебост, рафтору кирдори намунавӣ дорад ва дӯст дошта метавонад. Мардон одатан аз рӯйи ин категория барои худ ҳамсар интихоб мекунанд. Барои ман зани намунавӣ ҳамсарам аст. Зеро ӯ модари фарзандонам аст ва ман аз ҳамнафасӣ бо ӯ хушбахтам.
Абдурауф Муродӣ
Муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор»
Мартабаи зан ҳамеша болост ва аз ин ҷост, ки ҳама пешаш таъзим ва ситоишаш мекунанд. Занон асолату рисолати пурифтихор ва тағйирнопазиру устувор доранд. Онҳо инсон меофаранду инсон мепарваранд. Идомаи зиндагиро таъмин менамоянд. Домони поки зан паҳнои зиндагист. Бо ин ҳама табиист, ки гузашти айёму тағйиру такомули муҳит ба ҳама мавҷудот таъсиргузор аст. Ин омил ба занон низ беасар нахоҳад монд. Ба ин маънӣ зани муосир вусъати назар ва масъулияти бештар дорад ва соҳибхирад аст.
Зани айёми мо илова бар рисолати азалияш дар ҳаёти ҷомеа, коргоҳ ва давлатдорӣ нақши шоиставу пешбар пайдо кардааст. Ду хусусияти умдаро барои зани намунавӣ хос медонам: соҳибхирадӣ ва фаъолияти густурда, ки сурату сирати зани муосирро такмил мебахшад. Зани муосир мавқеи устувореро дорост.
Самариддин Гадоев
Директори шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон
Тамоми духтарон, занону модарони тоҷик зебову зебопарастанд. Инро аз таҷриба мегӯям, зеро дар зиндагӣ бо занони синну сол ва касбу кори гуногун вохӯрдам. Зани намунавӣ, аз нигоҳи ман, онест, ки пеш аз ҳама инсони комил, яъне соҳибмаълумот, бомаърифат, бомаданият ва хушгуфтору хушрафтор бошад. Бояд модар дониш, фаросат ва маърифати баланд дошта бошад. Бо ифтихор метавон гуфт, ки бо шарофати сиёсати неку бобарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо мақоми зан дар ҷомеа баланд бардошта шудааст. Занони тоҷик дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳастанд.
Метавонам чанд бонуи шинохтаи ҷумҳуриро аз касбу кори гуногун мисол орам, ки дар ҷамъият мақому мартабаи хоси худро доранд ва намунаи ибрати дигаронанд: Руқия Қурбонова, Хайринисо Юсуфӣ, Сумангул Тағоева, Махфират Хидирова, шодравон Нигина Рауфова.
Ғаниҷон Муъминов
Сардори Раёсати ақибгоҳ ва таъминоти моддӣ-техникии Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа
Тоҷикистон дар роҳи сохтори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад. Аз ин лиҳоз, зарур аст ҷомеаи шаҳрвандие, ки мову шумо дар он ба сар мебарем, ба ин арзишҳо мутобиқ бошад. Ҳар як аъзои ҷомеа вазифадор аст, ки саҳми худро дар пешрафти давлат гузорад. Ҳамин аст, ки саҳми занҳо дар ин самт хеле бузург аст. Зани намунавӣ бояд мисли кабк хиромон, ором, ботамкин ва боиффат бошад. Инҳо хусусиятҳое ҳастанд, ки ҳамеша аз ҷониби марди тоҷик дастгирӣ меёбанд. Бубинед, зан, агар бо мард ҳамеша дар ҳоли муноқиша қарор дошта бошад, онҳоро мардҳо дӯст намедоранд.
Дар ҷомеаи мо имрӯз занҳои зиёде ҳастанд, ки дар парлумон, сохторҳои қудратӣ ва донишгоҳҳо фаъолият мекунанд. Сохторе нест, ки дар он зан фаъолият надошта бошад. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз занон ба рутбаҳои полковник ва генералӣ расидаанд.
Зебуннисо Рустамова, Марҳабо Ҷабборова ва Гулчеҳра Содиқова занҳои намунавиянд, ки ҷомеаи Тоҷикистонро пеш мебаранд. Бо ин гуна занҳо бояд ифтихор кард.
Таҳияи Раҳимаи Аъзам