Нақши радиоҳои маҳаллӣ дар Хатлон
Муҳимтарин тарҳи стратегие, ки барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мусоидат намуда аст, тарбияи ҷомеаи худогоҳу маданӣ тавассути шабакаҳои радиоӣ арзёбӣ мегардад. Зеро нисбат ба дигар расонаҳо радио дастрастар аст ва гӯш кардани он вақтро намегирад. На ҳар шаҳрванд имкони харидории рӯзномаҳоро дораду вақти озод барои тамошои телевизион, аммо барои гӯш кардани радио вақти кам сарф мешавад. Бо ин ва дигар хусусиятҳои худ радио ба дарди аҳолии русто мехӯрад ва дар такомулу тарбия ва ташаккули зеҳнии онҳо таъсири зиёд дорад.
Радиои маҳаллӣ 20 сол қабл фаъолтар буд
То соли 1992-юм мавҷи радиои «Хатлон», ки беҳтарин расонаи вилоят маҳсуб меёфт, то рустоҳои дурдаст мерасид. Бузургсолони вилоят то кунун ровиёну мухбирони ин радио - Зуҳуриддин Сияров (шодравон), Қиёмиддин Сатторӣ, Қосим Бекмуҳаммад, Усмоналӣ Умаров, Ҳомидҷон Неъматов, Музаффар Халифаев, Мавлуда Ашӯрова ва Тӯйчӣ Усмоновро хуб ба ёд доранд.
Қосими Бекмуҳаммад, хабарнигори вақти радио, иброз медорад, ки радиои «Хатлон» ҳамроҳ бо даврони гузариш рушд меёфт. Замони роҳбарии Рӯзӣ Назифов бисёр қолабҳои шахшуда, ба мисли ироаи қарорҳои пленумҳо дар радио кам шуда, хабарнигорон дар интихоби мавзуъ озод буданд. Баъдан, Сабоҳат Абдураҳимова, муҳаррири радио таъйин гардиду озодии хабарнигорон бештар таъмин ва ҷойи барномаҳои қолабиро пахшҳои мустақиму гузоришҳои озод пур карданд. Матни барномаҳо ҳам дигар бо ГЛАВЛИТ ҳамоҳанг намешуд.
Як хусусияти радиои «Хатлон» ин буд, ки барои хабарнигорон шабакаи пешрафтаву замонавие дар ҷумҳурӣ вуҷуд надошт, ки ба он пайравӣ намоянд. Ҳар навоварие, ки дар таҳияи барномаҳо мушоҳида мешуд, ҳосили донишу истеъдоди гурӯҳи эҷодӣ буд.
– Он рӯзҳо дар қиёс бо барномаҳои мустақими мо ҳатто радиоҳои пойтахт чунин барномаҳои рақобатпазир надоштанд. Муҳимтарин нукта озодӣ дар интихоби мавзуъ буд, ки дар натиҷа барномаҳои бесобиқае пешкаши шунаванда мегардиданд, – ба ёд меорад Тӯйчӣ Усмонов. Ба ғайр аз пахши иттилоот ва баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, радиои «Хатлон» ба як маркази фарҳангие табдил ёфта буд, ки шоирону нависандагон ва олимону зиёиёнро ҷамъ меовард. Дар ин маҳфилҳо шеъру оҳангҳо, таронаву гуфторҳои адабӣ пеш аз нашру пахш баррасӣ мешуданд.
Ба қавли собиқ кормандони радиои мазкур, муҳити эҷодӣ ва садоқат ба касб онҳоро водор менамуд, ки бо 4-7 сомонӣ музди маоши соли 1994 фаъолият намуда, нуфузу эътибори радиоро нигоҳ доранд. Гулизор Ҳасанова дар ин маврид мегӯяд: «Новобаста аз мушкилоти он солҳо кор дар радиои «Хатлон» бароямон ифтихор буд. Вақте вориди коргоҳ мешудем, дигар ҳама масоили ҳаётӣ фаромӯш мешуд, зеро мо ҳуқуқи дар эфир иштибоҳ кардан надоштем. Радио ба инсон як руҳияи созандаву эҷодие мебах-шад, ки онро баён карда намешавад. Ин эҳсоси ҷаззобро онҳое хуб дарк мекунанд, ки дар ин муҳит кор карда бошанд.
Омилҳои мушкилзо садои радиоро маҳдуд кард
Ба гуфти Гулизор Ҳасанова, қаблан радиои «Хатлон» тариқи симчӯбҳо то дурдасттарин рустои вилоят мерасид, вале баъдан ноқилҳои радиоӣ ба яғмо рафтанду ҳоло мавҷи он аз навоҳии атрофи маркази вилоят фаротар намеравад.
– Хатлон аз водиҳои байни кӯҳпораҳо иборат буда, барои фарогирии тамоми минтақаҳо бо мавҷи барномаҳои радиои вилоятӣ маблағи калон лозим аст. Аммо барои мардум радио воситаи ройгони хабаршунавӣ аст, ки бояд масъулон онро барояшон муҳайё намоянд.
Радиои «Хатлон» тавассути мавҷдиҳандаи 40 кВт рӯзе 2 соат аз мавҷи 103 FM пахш шуда, ба он танҳо сокинони навоҳии атрофи маркази вилоят даст-расӣ доранд. Аҳолии дигар ноҳияҳо барномаҳои радиоро як соат пеш аз оғози пахши барномаҳои «ТВ-Хатлон» аз тариқи ин шабака гӯш карда метавонанд», –мегӯяд Муҳаммадалӣ Акрамов, сармуҳаррири радио.
Гуфторамонро аз радиои маҳаллӣ кай оғоз мекунем?
Зубайдулло Анваров, сокини ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ, дар мавриди зарурияти фарогири мавҷи радиои «Хатлон» дар қаламрави вилоят чунин иброз дошт: «Сокинони рустои дурдаст ҳамарӯза оиди дар кадом рӯз кишту кор кардани зироатҳо, нарху навои маҳсулот ва дигар маълумоти фаврӣ ниёз доранд. Ин мавзуъҳоро танҳо радиои маҳаллӣ бо ҷузъиёташ пешкаши сокинон карда метавонад. Ҳоло ҳам дар хотир дорам, ки солҳои 80-ум ҳар субҳ бо ин садо бедор мешудем: «Дуруд ба шумо, шунавандагони гиромӣ! Гуфторамонро аз радиои маҳаллӣ оғоз мекунем!». Барномаҳои радиои ноҳия аз рӯйдоду дастовардҳои деҳқонон хабар дода, ба мо руҳияе мебахшид, ки кори саҳроро ба мусобиқа табдил дода, аз субҳ то шом софдилона заҳмат кашем.
Оё рисолати радиоҳои маҳаллӣ анҷом ёфтааст?
Ҳоло мардум радиоҳои маҳаллиро намешунаванд. Мухбири маъруф Чӯпон Бадал низ ба тиҷорат машғул аст: «Радиои маҳаллӣ дар баланд бардоштани руҳияи ватандӯстию созандагӣ ва тарбияи ҷомеа нақши бузург дошта, минбари мардумие буд, ки ҳар фарди заҳматкашу дар ҷомеа фаъолро муаррифӣ мекард. Дар ҳама давру замон барои расонидани иттилоъ ба мардум радио дар ҷойи аввал меистад».
Он солҳо ҳукумати ноҳия дар асоси гузориш-ҳои таҳлилию интиқодии аз радио пахшшуда чораҳои ҷиддӣ андешида, ҳатто баъзе роҳбарони бемасъулиятро аз вазифа сабукдӯш мекард. Радио барои ҳукуматдорон як василаи боэътимоди идеологӣ маҳсуб ёфта, кумитаи иҷроияи ноҳия рӯзномаи кории худро аз мавзуъҳои дар расонаҳо матраҳшуда оғоз мебахшид.
Ба гуфти Чӯпон Бадал, агар роҳбарони сатҳи маҳал ба матлабу гузоришҳои расонаӣ вокуниш намоянд, воситаҳои ахбори омма дар ҷомеа мав-қеи қаблии худро пайдо мекунанд. Ҷомеа он вақт пешрафту мардумонаш зиндагии шоиста пайдо мекунанд, ки радиои маҳаллӣ дошта бошад.
Сокинони рустои дурдасти Хатлон натанҳо аз радиои ноҳиявӣ, балки аз шунидани барномаҳои радиои вилоятии «Хатлон» низ маҳруманд. Дар вилоят барои баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа барномаҳои гуногун мавриди амал қарор мегиранд. Аммо фаъолгардонии радиои маҳаллӣ, ки дар амалӣ намудани сиёсати идеологии давлат нақши бузург дорад, то ҳол ба таъхир афтодааст. Радио беҳтарин воситаи воқифгардонӣ ва баланд бардоштани маънавиёти аҳолӣ маҳсуб меёбад.
Радиои «Хатлон» ҳам «Хоки Ватан» мехонд
Туҳфа Аҳмадова, аз собиқ муҳаррирони радиои «Хатлон», ёдовар мегардад, ки солҳои 1993-1999 аз радиои вилоят барномаи «Хоки Ватан» (ҳамноми барномаи «Садои Душанбе») пахш мешуд, ки дар бозгашти гурезаҳо саҳми муҳим дошт.
– Аз нахустин рӯзҳои ба мавҷ баромадани барномаи «Хоки Ватан» баробари номаҳои бешумор 8 соати корӣ барои қабули зангҳои телефонӣ кифоят намекард. Дарвоқеъ радиои «Хатлон» дар баргардонидани гурезаҳо ба Ватан рисолати худ-ро содиқона иҷро намуд.
Дирӯзу имрӯзи радиои «Хатлон»
– Коҳиш ёфтани мазмуну муҳтавои сурудҳое, ки аз шабакаҳои радиоӣ пахш мешаванд, маънавиёти ҷомеаро хароб мекунад, – мегӯяд Чӯпон Бадал. – Дар замони шӯравӣ сароянда матни сурудро аз назари масъулон гузаронида, онро ба оҳанг медаровард. Бояд ҳар як барномаи радиоӣ шунавандаро ба фикру андеша водор намояд, вагарна радио аз сабтҳои кӯчагӣ фарқ намекунад. Дар баробари таъмини фазои иттилоотии вилояти Хатлон бо радиоҳои маҳаллӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро муваззаф бояд кард, ки оид ба гузоришҳои таҳлилӣ-интиқодӣ чораҳои қатъӣ бубинанд. Ҷомеа вақте нумуъ мекунад, ки масъулони ҳокимиятҳои маҳал бо ВАО дар ҳамбастагӣ фаъолият намоянд. Айни замон аҳли эҷодии радиои «Хатлон» метавонад барномаҳои ҷавобгӯй ба хостаҳои шунаванда пешкаш намояд. Вале доираи фарогирии мавҷи барномаҳои он маҳдуд аст.
Зимни пурсишҳои мо сокинони рустоҳои вилоят гуфтанд, ки дар миёни расонаҳо радиоро бештар дӯст медоранд. Ба гуфти онҳо: «Радио вақтро намегирад, тамоми рӯз дар хонаву коргоҳ ва роҳ ҳамсафару ҳамнафаси шунаванда аст. Хуллас, дар баробари барномаҳои шавқангезу дилнишинаш, радио дар афкори мардум таъсири зиёд дорад».
Посухи масъулинро ба ин суол: «Сабаб чист, ки радиоҳои маҳаллӣ дар Хатлон рушд намекунанд? интизор мешавем.
Ҷамолиддин Сайфиддинов
Душанбе-Қӯрғонтеппа-Душанбе