Юкие Мокуо ёдовар шуд, ки чанд сол қабл ба шаҳри Бухоро сафар доштааст ва дар яке аз бозорҳои ин шаҳр тоқии қадимаи тоҷикиро дидаву харидорӣ намудааст: «Аввалан, он хеле хушдӯхт ва зебост, баъдан, фарҳанги тоҷикон таърихи хеле қадима дорад ва ман ифтихор мекунам, ки нишоне аз онро бо худ ба Аврупо ё Ҷопон мебарам. Илова бар ин, ман мафтуни таомҳои миллии шумо шудаам ва бо даст додани аввалин фурсат ба ошхона рафта қурутоб мехӯрам».
Барои ҳар фарди худшиноси тоҷик боиси ифтихор аст, ки намояндаи як миллати дигар, он ҳам миллати пешрафта ва шинохтае дар ҷаҳон аз фарҳанги ӯ қадр мекунад.
Қарни 20 –ум воқеан барои рушд ва тараққии фарҳанг ва илми Тоҷикистон мусоидат намуд ва миёни 15 ҷумҳурии собиқ шӯравӣ дар ҳамоишҳои фарҳангӣ дар навбати аввал аз тамаддун ва маданияти тоҷикон ҳарф мезаданд. Бар замми ин, дар маҳофили фарҳангӣ, албатта, намояндаи Тоҷикистон дар садр мақом дошт. Вақте намояндагони дигар ҷамоҳири шӯравӣ ва ё меҳмонон аз кишварҳои сохти сотсиалистӣ ба ҷумҳурии мо ташриф меоварданд, бо таассуроти наҷиб ва неке онро падруд мегуфтанд ва бо даст додани нахустин имкон ба Тоҷикистон бармегаштанд. Ба ҳамин хотир буд, ки адабиёти мо зуд-зуд ба чандин забонҳои дигар тарҷума мешуд ва дар Аврупо чандин донишманд ба пажӯҳиш ва таҳқиқи он шуғл меварзиданд.
Ҳамқаламе нақл кард, ки соли 1994 ба вилояти Свердловски Русия сафар доштааст. «Барои се моҳи тобистон ба он ҷо рафтем ва шароити истироҳатамон хеле сахт буд. Азбаски дар сохтмон кор мекардем, хасте мешудем ва баъд аз кор барои рафъи хастагӣ шароит набуд. Рӯзе бо зани тақрибан 60-солае шинос шудам. Вақте ӯ аз Тоҷикистон буданамро фаҳмид, маҷбурӣ ба маҳалли хобамон омаду аз шароит огоҳ гардид. Рӯзи дигар ба назди мо омада, калиди сеҳуҷрагиеро доду хоҳиш намуд, ки ҳамин рӯз ба он кӯч бандем. Дар манзили нав тамоми шароит муҳайё буд ва бо мебели нав, яхдон ва телевизору ДВД-и муосир ҷиҳозонида шуда буд. Чунин шароит имкон дод, ки бо шавқу завқи бештар ба кор дода шавем. Баъдан, он зан нақл кард, ки кӯҳнавард будааст ва дар яке аз мусобиқот ба Тоҷикистон рафтаву бо мардуми тоҷик ошноӣ пайдо намудааст. Чанд бори дигар, то аз ҳам пошидани Иттиҳоди Шӯравӣ бо шавҳарам ба Тоҷикстон рафта, истироҳат намудем. Аз меҳмондорӣ ва пазироии мардуми Шумо мафтун шудам. Табиати нотакрор дорад Тоҷикистон! Илова бар ин, занону мардони ҷумҳурии шумо ба мисли ашхоси афсонавӣ хеле зебо мебошанд. Ман аз тоҷикон хеле сипосгузорам ва бори аввал аст, ки заррае аз некиҳои кардаи онҳоро бармегардонам».
Ба гуфти ҳакорам ҳар рӯзи якшанбе хонум Татяна бо шавҳараш онҳоро ба хонаи худ ба меҳмонӣ даъват менамудааст.
Агар чунин намебуд ва фарҳанги волои мардуми мо сабаб намешуд, намояндагони русу тотор, укроину қазоқ дар Тоҷикистон маскун намешуданд ва онро ба унвони Ватан намепазируфтанд. Бешак, Тоҷикистон сазовори ҳама гуна таърифу тавсиф аст, зеро табиати зебою нотакрор ва мардуми бофарҳанг дорад. Шоирони маҳбуби мо Мирзо Турсунзода, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсор дар ашъори худ аз тамаддун, фарҳанг, таърих ва зебоиҳои диёр сурудаву на танҳо ба дили хонандаи тоҷик, балки дигар миллатҳо низ роҳ ёфтаанд. Атласи тоҷикӣ, ҷомаи беқасаб ва гулдӯзиҳои бонувони мо кайҳо боз ба дили намояндагони дигар миллатҳо роҳ ёфтаанд.
Аммо чизе, ки имрӯз мардуми бофарҳанги моро нигарон намудааст, ба фарҳанги аҷнабӣ рӯ овардани бархе аз ҷавонон аст. Албатта, фарҳанг ҳам дар баробари дигар унсурҳо тағйир меёбад ва рушд мекунад ва табодули фарҳангӣ як омили аслии ҷомеа маҳсуб меёбад, аммо нигаҳ доштану ҳифз намудани расму оини ниёкон рукни муқаддас аст. Ба хусус, дар замони ҷаҳонишавӣ ҳифз намудни фарҳанги миллӣ аз ҳар як фарди худшиноси миллат масъулият тақозо менамояд. Намунаи хуби онро мо дар мардуми Қафқоз дида метавонем. Дар ҷумҳурии Доғистон бештар аз 200 миллату халқиятҳо зиндагӣ мекунанд, аммо ҳар кадоми он талош дорад расму оин ва фарҳанги ниёкони худро ҳифз намояд.
Мисоли дигарро метавон дар симои мардуми Чин ва Ҷопон дид. Бо он ки Ҷопон яке аз кишварҳои пешрафтаи дунё маҳсуб мешавад ва бо кишварҳои Аврупо ва ИМА равобити хуби иқтисодӣ ва фарҳангӣ дорад, расму оин ва фарҳанги миллии худро ҳифз намудааст ва ин амал таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ бештару бештар ҷалб менамояд. Вақте аз хонум Юкие Мокуо суол кардам, ки чӣ гуна онҳо тавонистанд фарҳанги қадимаи худро дар қарни 21 ҳифз намоянд, посух дод, ки мардум дар якҷоягӣ бо ҳукумат барномаи вижаеро дар мавриди нигаҳдории фарҳанги ниёкон пазируфтанд ва дар ин самт маваффақ гардиданд.
Бо ин ҳама тааҷҷубам меояд, вақте мебинам зани тоҷик либоси туркӣ ё арабиро ба тан кардаасту аз он менозад. Аммо, агар аз ӯ дар иртибот ба тамаддуни ин мардум чизе бипурсӣ, итминон дорам посухи саҳеҳ ва комиле нахоҳӣ дарёфт. Ва иллати ин тақлидкорӣ ҳам дар қашшоқии фарҳангӣ аст. Насле, ки бо сабабҳои маълум аз таҳсилу маориф муддате дар канор монд, имрӯз қобилияти интихоб кардан ва арҷ гузоштан надорад. Ба ҳамин хотир, аҳли фарҳанг ва зиёиёни кишварро боистӣ дар раҳнамоӣ ва тарбияи ҷавонон саҳми боризтар касб намоянд, то абрҳои зулмот ва ҷаҳолат гусаста гардаду нури маърифат раҳнамои насли ҷавон бошад. Танҳо ифтихори миллӣ иллати пешрафти фард ва худшиносии ҷомеа хоҳад шуд. Тақлид ва он ҳам кӯр- кӯрона касеро ба ҷойе нарасонидааст. Шоире дар ин маврид фармудааст:
Шарафи зот ба тақлид нагардад ҳосил,
Гову харро накунад хӯрдани гандум одам.
Фароруни Сабзқадам