07

Сентябр, 2025
Якшанбе

07

Сентябр, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАСТАРХОН

Пирог аз карам

--3Маҳсулоти зарурӣ:

Карам - 800 г;

Пиёзи сабз ва шибит – се-чор шохача;

Тухм – 4 дона;

Орд 6 – қошуқ;

Маводи ковоккунанда – 2 қошуқча;

Майонез - 3 қошуқ;

Сметана – 150 г;

Равғани растанӣ – 30 мл;

Сиркои себ – 1 қошуқ

Тарзи таҳия:

Карамро майда реза карда, бо намак омехта менамоем ва оби онро метаровонем. Пиёзи сабз ва шибитро реза карда, ба он ҳамроҳ месозем. Ба лаълии тафдон (қолаби ҳаӌман 20х20) коғази пухтупазро густурда, карами омодашударо мекӯчонем ва ҳамвор менамоем. Ҳар қадаре ки қолаб калон бошад, девори пирог ҳамон қадар паст меояд.

Тухмро лат зада, ордро бо 2 қошуқ маводи ковоккунанда меандозем ва омехта менамоем. Майонез, сметана, равған ва сиркоро ба он илова карда, хуб омезиш медиҳем. Мувофиқи табъ намак ва мурч мезанем. Барои ранг андохтан каме хокаи зардчӯба низ ҳамроҳ мекунем. Омехтаи мазкурро болои карам мерезем ва ҳар ӌои онро каме сӯрох менамоем, то карам ба пуррагӣ омехтаро ба худ ӌабад. Болои он каме кунӌиди сафед мепошем.

Қолабро ба тафдони 200 дараӌа гарм мегузорем ва муддати 40 дақиқа мепазем.

Кулчақанд бо творог

--4Маҳсулоти зарурӣ:

Шир – 250 мл;

Равғани растанӣ – 110 мл;

Орд – 520 г;

Тухм – 1 дона;

Шакар – 5 қошуқ;

Творог – 250 г;

Намак – 1 қошуқча;

                                                                                     Хамиртуруш – 1,5 қошуқча;

                                                                                     Хокаи шакар – 5 г

Тарзи таҳия:

Ба шири гарм шакар, намак, равған, сафедии тухм, хамиртуруш ва ордро андохта, хамири нарму ҳамвор мешӯрем. Агар хамир беҳад мулоим ояд, андаке ба хамир орд пошида, рӯи тахта зувола мегирем. Рӯи табақро равған молида, хамирро ба он мегузорем ва бо селлофан мепӯшонем. Тафдонро дар ҳарорати 50 дараӌа гарм карда, хамирро муддати 30 дақиқа даруни он мемонем.

Ба творог 2 қошуқ шакар андохта, омехта месозем. Хамирро ду ҳиссаи баробар карда, як ҳиссаи онро даруни селлофан мегузорем, то нахушкад. Ҳиссаи аввалиро ба қисмҳои баробар бурида, зуволачаҳо мегирем. Ин зуволачаҳоро дар шакли росткунӌа тунук мекунем (ҳаӌман 10 х 13 см). Қисми болоии хамири росткунӌаро 5 см холӣ гузошта, зери онро бо корди гулдор то охир мебурем. Ба қисми болои он 1–2 қошуқ творог гузошта, бо лаби хамир онро маҳкам мекунем ва ба самти поёни он, ки хамир бурида аст, мепечонем ва кулчақандро ҳилолмонанд месозем. Ба варақи тафдон коғази пухтупаз густурда, кулчақандҳоро рӯи он мечинем. Ба зардии тухм 1,5 қошуқча равған илова карда, рӯи онҳо мемолем. Рӯи варақро ба муддати 25 дақиқа мепӯшонем, то кулчақандҳо рӯ гиранд. Дар ҳарорати 180 дараӌа 15–20 дақиқа кулчақандҳоро пухта, хунук мекунем ва болояшон хокаи шакар мепошем.

Кулчақанд бо творог

Маҳсулоти зарурӣ:

:.  Дастархон 11.06.2020 05:25 1095

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021

Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон

Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон

Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz