07

Сентябр, 2025
Якшанбе

07

Сентябр, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Хони Наврўз

--1

 

--1.png6.png7Гингина

Дар Рашт бошад, баробари суманакпазї шаби наврўзї гингина омода мекунанд. Кашки гингина низ таомест зањматталаб. Ин хўрданї аз гандуми кўфта, лӯбиё ва майдаи нахўд, ки тамоми шаб рўи оташ мељўшаду дар чашми рўз ба ќиём мерасад, серѓизосту болаззат.

Шавлаи махсус, ки аз фаллаи гов омода мегардад, дармонбахшасту хусусияти пок кардани баданро дорад. Далда, кочї, ўмочи ба шир, ширбат, нашоиста ва боз дањњо намуд хўрданињое њастанд, ки бонувони раштї бис­ёр лазиз омода мекунанд.

Танњо як суманакро раштињо ба чор тарз мепазанд. Аз гиёњњои бањорї пудинаву себарга, кадуву картошка, сусизкању шибитаки кўњї ќариб дањ намуди санбўсаи бањорї омода месозанд.

Нонњои калон – калони кадбонуњои Рашт кайњост шуњратёр гаштаанд. Бахусус дар хони наврўзї њар як бону дар бастани гирдачаи калон, ки 5–6 ваљаб мебошад, байни њам сабќат мекунанд. Хасфатири тиракї, ќоќфатир, нони дегї, паловгун, тањмол, фатир ва чапотиву кулча, нонњои бо чормаѓзу љазза ва себу нок анвои хӯрданиҳои нониеанд, ки бонувони минтақа дар Наврӯз мепазанд.

  

--1.png6ҲАЛИСА (ҳалила)

Ҳалиса як навъ таоми миллии тоҷикист, ки дар Наврӯз омода месозанд.

Мањсулоти зарурї:

Гандум – 0,5 кг;

Гӯшти гӯсфанд ё гов – 500 г;

Пиёз – 2 дона;

Намак ва зиравориҳо мувофиқи табъ

Тарзи таҳия:

Гандумро шуста, ба деги обдор андохта, яку ним соат меҷўшонанд. Баъд онро гирифта, каме мехушконанд ва аз гўштқимакунак мегузаронанд. Дар деги дигар ба муддати 2 – 3 соат гўштро дар об мепазанд, сипас гандуми қимашуда ва пиёзро аз болои гўшт меандозанд. То 3 – 4 соат ҷӯшидани хӯрок онро бо кафлез зуд-зуд кофтан зарур аст.


--1.png4.png5Зардолуатола

Зардолуатола яке аз хўрокњои ќадимии мардуми Бадахшон буда, то имрўз мањбубияти бештареро касб намудааст. Хўроки мазкурро, ки аз витаминњо бой аст, дар фасли бањор бештар омода мекунанд. Он аз зардолуи хушк тайёр шуда, ба саломатї нафъ­овар мебошад.

Тарзи тањияи таом:

Зардолуи хушкро шуста, дар оби хунук тар менамоем. Пасон болои оташ гузошта, муддати 20 даќиќа мељўшонем. Њамин ки зардолу мулоим шуд, аз об бароварда, майда намуда, донањояшро људо мекунем. Боз даруни обаш мегузорем. Дар зарфи дигар каме ордро дар оби хунук њал намуда, ба даруни зардолуоб меандозем. Ва то љўш омаданаш мекобем. Бо љўш омадан, хўрок омода мешавад.

--1.pn3Далда

Бо илова намудани алафњои навруста лаззати ин навъи таоми миллї дар фасли бањор дигар аст.

Тарзи тайёр намудани далда:

1. коса гандуми кўфта;

1. косагї лўбиёи сурх, сафед ва нахўд;

3. дона пиёз.

Њамаи ин мањсулотро тоза шуста, шабона дар оби хунук тар карда мемонед. Сањар бори дигар обгардон намуда, ба дег андозед. То љўшидани мањсулоти дег, алови онро баланд нигоњ доред. Сипас, дар оташи паст муддати 4–5 соат, то ѓафс шудани шираи гандум љўшонед. 20–25 даќиќаи дигар ба он кабудию алафњои бањориро илова намуда, љўшонед.

Баъди тайёр шудани далда онро бо чакка истеъмолнамоед.

--1.png4Ширбат

Ширбат як навъ хўроки миллиест, ки аз шир, орд, намак ва равѓан омода мешавад. Дар баъзе манотиќи кишвар онро атола ё ота­лаи башир ва ё оталаи сафедак низ меноманд. Усули омода намуданаш хело осон ва дар навбати худ нозук аст.

Мањсулоти зарурї:

Шир – 1 литр;

Орд – 3 ќошуќи калон;

Равѓан – ним пиёла;

Намак аз рўи таъм.

Тарзи омода намудан:

Ба зарфи хўрокпазї ширро андохта барои хуштаъм шуданаш каме намак низ њамроњ менамоем. Ширро дар оташи муътадил љўшонда, оњиста-оњиста ба он орду равѓан њамроњ мекунем ва якрангу мулоим бо кафлези чўбин мекобем.

то тайёр шуданаш, яъне муддати 15–20 даќиќа онро мунтазам кофтан лозим аст. Баъди тайёр шудан мисли ширбиринљ ба табаќњо бардошта, ба болояш равѓан рехта, тановул менамоем. 

:.  Дастархон 18.03.2020 06:58 1251

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz