07

Сентябр, 2025
Якшанбе

07

Сентябр, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

НӮШИДАНИ ЧОЙ АЗ МЕВАҲО ВА РАСТАНИҲОРО ФАРОМӮШ НАКУНЕД!

     Лимӯ яке аз намудҳои меваҳои ситрусӣ буда, таркибаш аз витамини С бой мебошад. Чой аз лимон барои бемориҳои шамолхӯрӣ ва сироятӣ давои хуб мебошад. Агар хоҳед, ки аз витамини С зиёдтар буняатонро «пур» кунед, баъди истеъмоли чойи он аз пораҳои он истеъмол намоед. Барои одамони фишорашон паст зиёд истеъмол намудани лимӯ тавсия дода намешавад.

     Ангад низ бо витаминҳои дар таркибаш буда, аз қабили  витамини С, гурӯҳи витаминҳои В, Е, К, РР, оҳан, кислотаи органикӣ дар ҷаҳон яке аз меваҳои маъмул мебошад. Ангад ба бемориҳои рӯдаву меъда даво буда, иммунитетро, ки аксаран коршиносони соҳаи тиб сар задани бемориҳои сироятиро ба паст будани он мансуб медонанд, бақувват мекунад.

     Чой аз решаи имбир низ яке аз воситаҳои раҳоӣ аз бемории зуком мебошад. Иммунитетро пурқувват намуда, асабониятро бартараф месозад.

     Садбарг. Ин гул дар мо хеле маъмул аст ва онро ҳамчун буттаи ороишӣ дар назди ҳавлиҳо ва гулгаштҳо парвариш менамоянд. Бӯи хуши муаттари он рӯҳро болида ва асабҳоро ором мекунад. Вале аз ғунчаҳои садбарг омода кардани чой шояд барои нафарони зиёди дӯстдорони чой маъмул набошад. Агар ҳангоми чой дам кардан аз чойи сиёҳ ё кабуд ба он каме аз баргҳои садбарг илова кунед, таъми он тамоман дигар шуда, нӯшиданибоб мешавад. Ғайр аз ин, аз ҷиҳати хусусияти зиддивирусиву зиддибактериявӣ доштанаш ба саломатӣ фоидаи зиёд дорад.

     Пудина аз қадим миёни мардуми тоҷик бо шифобахшиаш маъруф мебошад. Аллакай дар бораи он одамон медонанду зиёд истеъмол ҳам мекунанд. Бо дамидани сабзаҳои баҳорӣ пудина низ аз замин сар мекашад ва мардуми деҳот аввалин шуда аз ин растанӣ барои омода кардани самбӯса, фатир ва дигар намуди хӯрокҳо ҷамъоварӣ мекунанд. Таркиби пудина аз равғани эфир бой мебошад ва хосияти арақоварӣ, паст кардани дард ва зиддивирусиро дорад. Аз ин лиҳоз, метавонед, аз чойи пудинагӣ низ ҳангоми гирифтор шудан ба бемории зуком истифода кунед.

       Хуч ҳам бо хусусияти шифобахшии худ миёни тамоми аҳолии дунё маъмулу маъруф аст. Он низ хосияти пурқувват кардани иммунитетро дошта, барои пешгириҳои бемори сироятӣ беҳтарин даво мебошад. Гирифторони бемориҳои рагу дил ва фишорбаландӣ, гурдаву ҷигар, рӯда метавонанд аз он истеъмол намоянд.

Боқӣ саломат бошед!

                                                                                        

Қутбияи Неъматулло

:.  Дастархон 24.11.2015 06:52 3857

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz