Зиндагиномаи Ҳабиба ҳанӯз аз замони таваллудаш ба гунае шакл мегирифт, ки гӯё ҳар куҷое мебуд, маҳз роҳи падари номварашро идома медод. Ӯ дар рӯзе ба дунё омад, ки бояд як ҳодисаи таърихӣ иттифоқ меафтод: чархи аввалини Неругоҳи барқи обии «Норак» ба кор андохта мешуд, яъне 20-уми декабри соли 1972.
Аммо он замон меъёри қабулшуда ин буд, ки чунин корҳои муҳимро бе ҳузури меҳмонон аз марказ - шаҳри Москва анҷом намедоданд. Ҳамин тавр, бо сабабе, ки меҳмонон аз пойтахти СССР дер мерасанд, рӯзи ба кор андохтани чархи аввали Неругоҳро ба 22-юми декабр қафо мегузоранд.
- Сарфи назар аз ин, падарам маро ҳамеша навозишкорона «Агрегатина» ном мебурд, - бо табассуми ба худ хос кӯдакиашро ба хотир меорад Ҳабиба Шулашова ва меафзояд:
- Ин «ном»- ро аслан ба ман директори вақти НБО «Норак» Константин Севенард гузоштааст. Он замон падарам ҳамчун ронандаи директор фаъолият дошту ҳамзамон ғоибона дар Институти хоҷагии қишлоқ (имрӯза Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур) таҳсил мекард. Константин Владимирович вақте мефаҳмад, ки ҳамсари ронандааш фарзанд таваллуд кардааст, мепурсад, ки писар аст, ё духтар? Қиблагоҳ мегӯянд, ки духтар. Бо шӯхӣ мегӯяд, ки номаш маълум: Агрегатина!
Бо ҳамин гӯё дар тақдири Ҳабиба навишта шуд, ки акнун зиндагиву фаъолияташ ба энергетикаи Тоҷикистон рабт хоҳад дошт, ҳарчанд худи ӯ баъдтар мехост духтур шавад.
Аз замони дар синфи як хонданам, зебоипараст будам. Ба ёдам ҳаст, ки то апаам либосҳоямро дарзмол ва маро ба қавле «хушрӯ» намекард, ба мактаб намерафтам. Хонандаи фаъоли мактаби миёнаи №10 -и шаҳри Норак будам. Дар партаи якум менишастам, ки дар мактаб ченаки бисёр муҳим буд. Муаллими забону адабиёт ба дигарон ҳусни хатти маро ҳамчун намуна нишон медод. Вақте калонтар шудам, бо сабаби фаъолмандиву аълохониам маро сарвари созмони ҷавонон (котиби ташкилоти комсомолӣ) интихоб карданд. Орзу доштам дар оянда ҷарроҳ шавам, - мегӯяд Ҳабиба…
Аммо шуруи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ орзуҳои ӯро қариб бар бод медод. Қатъи назар аз авзои нобасомон тасмим гирифт, ки ба Омӯзишгоҳи тиббии Орҷоникидзеобод (шаҳри Ваҳдат) дохил шавад. 6 июни соли 1992 тӯйи арӯсӣ орост. Дар Норак кашмакашӣ сар шуд. Ҳабиба он замон дар бахши ҷарроҳии дармонгоҳ кор мекард.
-Ҳеҷ аз хотирам намеравад, ки ҳамроҳи шавҳарам пиёда ба ҷойи кор мерафтем. Устодам, ҷарроҳи машҳури шаҳр Қодир Ҷӯраев мегуфт, ки вазифаву масъулиятамон тақозо мекунад, ки маҳз дар ҳамин рӯзҳо пайи кор бошем. Дар шаҳр задухӯрдҳо идома доштанд. Қариб ҳар рӯз одамони маҷруҳро меоварданду мо ҷарроҳӣ мекардем. Ин вазъияти душвор ба мо ҳамчун духтур ва ҳамчун инсон сабақҳои зиёд дод, - он лаҳзаҳои душворро ба ёд меорад Ҳабибабону.
Чун корро дар шароити душвори ҷангӣ оғоз карда буд, чанде пас ӯро ба қисми низомии «Н» ба кор хонданд. Соли 1999 Ҳабибаро ба санаторияи муолиҷавии ҶСК «НоракНБОсоз» ба кор даъват намуданд ва ӯ ҳамчун ҳамшираи шафқат ба фаъолият пардохт. Бо ҳамин кори минбаъдаи ӯ ба энергетикаи Тоҷикистон тавъам гашт.
Воқеан, падари Ҳабиба аз муҳандиси номвари бахши энергетикаи Тоҷикистон аст, аслан «НоракНБОсоз» – корхонае, ки барои бунёди Неругоҳи Норак ташкил шуда буд, заҳмат мекашад. Нурулло Шулашов, падари Ҳабиба, соли 1993 раиси шаҳри Норак таъин шуд ва дар барқарорсозии ҳукумати конститутсионӣ саҳм гузошт. Зимнан, ӯ дар як вақт ду масъулиятро иҷро мекард, ҳам раисии шаҳр ва ҳам роҳбари «НоракНБОсоз» буд. Баъдан, соли 2008, директори генералии НБО «Роғун» таъин шуда, то ба нафақа баромадан, яъне то соли 2012 кор кард.
- Яке аз сабабҳои ба «НоракНБОсоз» маро ба кор оварданашон, дилсӯзии аз ҳад беши падар буд. Агар аз як ҷиҳат мехост, ки дар он давраи душвор зери назари ӯ бошем, аз сӯи дигар дилаш ба ин корхона сахт месӯхт. Маҳз устуворӣ ва қотеияти шодравон қиблагоҳам буд, ки корхона побарҷо монд, - мегӯяд Ҳабиба.
Бонувони Тоҷикистон