Дар айёми тираву сард Муҳаббат Нозимова, ки дар ҷомеа ҳамчун ходими давлатию ҷамъиятӣ маъруф буд, бо дарку эҳсоси баланд, тавонист рисолати ватандӯстиву адолатпарвариро, ки бояд хоси ҳар роҳбар бошад, анҷом диҳад. Он рӯзҳо баҳри бо нон таъмин намудану аз гуруснагӣ то дараҷае нигоҳ доштани мардум ҷоннисориҳо кард.
- Дур нарафтаанд он рӯзҳое, ки хурду калон соатҳо барои бурдаи ноне дар навбат меистоданд, - ба хотир меоварад Муҳаббат Нозимова. - Он вақт роҳбари заводи нони шаҳри Конибодом будам. Бо барҳамхӯрии робитаи байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ коргоҳҳо, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли хӯрокворӣ низоми корро гум карда буданд. Шабу рӯз ҳамроҳи сарварону масъулони шаҳр ҷаҳду талош мекардем, то тадбире барои мунтазам фаъол будани завод андешем. Мекӯшидем, то мардумро бо нони ватанӣ таъмин намоем. Бо азоб бошад ҳам ба ҳалли мушкилот ноил мешудем. Ҳоло, ҳар гоҳе, ки нонро рӯи дастархон мебинам, шукрона мекунам, ки ба шарофати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳама мушкилиҳо паси сар шуданд, ободиву хуррамӣ дар кишвар пойдор гардид. Ба файзи сулҳ имрӯз нон фаровон аст.
ҶИЛОИ ЗИНДАГӢ
Муҳаббат Нозимова, аз пешоҳангҳои ҷомеа, имрӯзҳо аз баҳори 80-уми умри босамар баҳра мебардорад, вай аз зумраи бонувони сарсупурда аст. Бо таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ҳаёту рӯзгори ин гуна собиқадорони меҳнат барои насли имрӯзу фардо аз бисёр ҷиҳат намунаи ибрату шоистаи пайравист.
8 марти соли 1944 дар шаҳри Конибодом дар хонаводаи бунёдаш аз меҳру самимият сиришта гашта, Муҳаббати некқадам тавлид шуд. Падараш Нозимҷон Зокиров-омӯзгор, модараш Муҳаррама Бадалова солҳо роҳбарии Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Конибодомро ба зимма дошт. Муҳити маърифатпарвару солим, рафоқату иттифоқии хонаводагӣ дар таълиму тарбияи фарзандон нақши муассир мегузошт. Ин буд, ки ҳама соҳибмаълумоту соҳибкасб гардиданд. Муҳаббат Нозимова ва ҳамсари зиндаёдаш Тӯхтабой Зоҳидов давоми солиёни зиёд, то он рӯзе, ки тақдир даст дод, ҳаёти якҷояи пурфайзу пуртароватро аз сар гузаронданд. Соҳиби се меваи умр шуданд. Фарзандон соҳиби маълумоти олӣ, касбу кори гуногун шуда, ҳоло дар пешбурди ҷомеа дар самтҳои гуногун саҳми худро мегузоранд.
Муҳаббат Нозимова дар иҳотаи фарзандону наберагон зиндагии хушу хуррамонаро ба сар мебарад.
ПАЁМ АЗ ФАЪОЛИЯТ
Фаъолияти Муҳаббат Нозимова соли 1967, баъди хатми факултаи кимёвӣ-технологии Донишгоҳи политехникии шаҳри Тошканд бо ихтисоси муҳандис-технологи истеҳсолоти хӯрокворӣ дар Комбинати равғанбарории шаҳри Конибодом ҳамчун устои сехи рафинатсиякунонӣ, муҳандиси шуъбаи техникӣ оғоз гардид. Баъди чанде дар як вақт роҳбарии ҷавонони коргоҳро ба зиммааш гузоштанд. Аз маҳорати ташкилотчигиву кордонӣ баҳра бардошт, соли 1970 ба пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе даъват карда, роҳбарии шуъбаи кор бо бонувони ҷавони КМ ЛКСМ Тоҷикистонро бовар карданд. Давоми як сол дар ин вазифа фаъолият дошт. Бо сабаби оилавӣ ба зодгоҳ баргашта, дар комбинати равғанбарории шаҳр солҳои 1971–1975 масъулияти роҳбарии шуъбаи техникӣ ва ташхисгоҳи корхонаро пеш бурд. Соли 1975 муовини мудири шуъбаи ташвиқоту тарғиботи кумитаи шаҳрии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон таъин гардид.
Вақте дар корхонаи нонпазии шаҳр мушкилӣ пеш омад, Муҳаббат Нозимоваро соли 1979 чун донандаи хуби истеҳсолот директор таъин карданд. Вай барои васеъ намудани корхона ва фароҳам овардани имконияти хуб саҳми хешро гузошт. Солҳои 1981–1983 котиби кумитаи ҳизбии шаҳр, раиси Кумитаи иҷроияи Шурои вакилони меҳнаткашони шаҳри Конибодом буд.
Муҳаббат Нозимова зина ба зина, қадам ба қадам бо андӯхтани таҷриба, такмили малакаи роҳбарӣ соли 1985 муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) таъин гардид. Дар ин муддат барои бунёди иншоот ва ҳалли масъалаҳои соҳаҳои маориф, фарҳангу тандурустӣ ва варзиш, тарбияи маънавии аҳли ҷомеа саҳм гирифт. Аз моҳи феврал то декабри соли 1991 котиби кумитаи Ҳизби коммунистии Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд. Минбаъд то соли 1993 раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи вилоят шуд. Баъдан то соли 2002 сардори фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд буд. Аз соли 2002 муовини директори Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон буд, ҳоло узви Шурои директорони он буда, барои рушду нумӯи соҳибкорӣ байни занону духтарон нақши муассир мегузорад.
Заҳмати софдилонаи Муҳаббат Нозимова бо Ифтихорномаҳои КМ ПК Тоҷикистон, Вазорати саноати хӯроквории Тоҷикистон, Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва медали Фонди сулҳи ИҶШС қадр шудааст…
Муслима РАҲИМОВА, журналист