Тоҷинисо Маҳмадова. Агар соҳиби ин номро бубинем, эҳсоси ифтихор аз як бонуе, ки то имрӯз тавонистааст, шарафи зани тоҷикро дар лаҳзаҳои гуногун ҳимоя кунад, фарогирамон мешавад. Ҳарфу амалаш ҷиддист, серталаб аст, аммо аз худ бештар талаб мекунад, талаби илму дониш, маърифат. Барои кормандон роҳбари ғамхорест, ончунон ки бовари кас намеояд. Агар боре аз наздик ҳамсуҳбаташ шавед, дар рӯ ба рӯ як бонуи хушсуҳбату кушодачеҳраро мебинед. Воқеан, ӯ кист, ки миёни мардум маҳбубияти зиёд пайдо кардааст?
Боре дар зодрӯзаш навишта будам: «Тоҷи¬нисо Маҳмадова бонуест покдил, поквиҷдон, покизарӯзгор, пуркору хушгуфтор, гармрӯ, самимию меҳрубон. Дар садоқатмандӣ ба кору ҳамкор, дӯстону атрофиён ҳамто ва дар ниҳодаш заррае ғараз, тамаъ ва кибр ҷо надорад. Хоксориаш на дар давраи вакили мардумӣ будан, на дар давраи муовини раиси вилояту вазири маориф ва илм будан ва на имрӯз кам нагаштааст. Эътибораш миёни аҳли илму маориф ва кормандони мақомоти давлатӣ фарқкунанда аст…».
Беш аз 150 нафар навиштаро тасдиқ кард, беш аз 100 нафар ҳамфикр буданашро иброз дошт, беш аз 30 нафар ин табрикотро ба саҳифа ва гурӯҳҳои худ кӯчонд. Ҳамин гуна таваҷҷуҳ, ҳамчунин, ҳангоми аз дасти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофоти олии Корманди шоистаи Тоҷикистонро гирифтан дар Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ҳам воқеан, далели шоистагии як бонуи соҳибному соҳибмақом аст.
Шиносоии мо баробари ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ омаданаш буд. Он замон як фосилаеро дида будам, гумон намекардам, ки ин фосила ба осонӣ бартараф гардад. Ӯ аз рӯйи вазифа масъули баргузории олимпиадаҳо ва озмуни хонандагону омӯзгорон ва мураббиён, ман масъули инъикоси он чорабиниҳо будем, ин аввалин омиле буд, ки моро расман ба ҳам овард. Тадриҷан суҳбатҳо мекардем ва миёнамон як риштае падид меомаду моро ба ҳам қаринтар мегардонд.
Бо Тоҷинисо борҳо ҳамсафар будем. Сафар ба Бадахшон моро бештар наздик гардонд, чун роҳи дур ҳаминро талаб мекард. Боре, 8-уми ноябри соли 2012, бо собиқ мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ишкошим, инсони шарифу донишманд Айдибек Қадамалиев ва муаллима бо мақсади шиносоӣ аз вазъи фаъолияти омӯзгорону хонандагон ба мактабҳои дурдасттарини ин ноҳия сафар кардем. Дар роҳ шавҳари Тоҷинисо занг зада, варо бо зодрӯзаш табрик кард, ман шунида, «сир»-ро фош кардам. А. Қадамалиев аз чунин хоксорию шикастанафсии бону ба ваҷд омада, гаштаву баргашта ба ӯ таҳсин мегуфт.
Сеюм омиле, ки моро аз ҳама бештар қарин гардонд, писарам – Манучеҳр гашт. Манучеҳр зери роҳбарии муаллима дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо чанд муддат фаъолият бурд, аз вай дарси одамгарӣ омӯхт.
Тоҷинисо дар оила фарзанди шашум буд. Падараш дар ноҳияи Ёвон солҳо чун роҳбари хоҷагӣ фаъолият мекард, шахси ниҳоят ҷиддӣ, заҳматкаш, масъулиятшинос, дасткушоду саховатманд ва қадршиносе буд. Модараш аз тамоми амалу гуфтори шавҳар ифтихор мекард, агарчи маълумоти касбӣ надошт, дар тарбияи фарзандон хеле ҷиддӣ буд, ба дурӯғгӯӣ ва худситоӣ нафрат, ба илму дониш эҳтироми хоса дошт ва фарзандонро ҳам дар ҳамин руҳия тарбия мекард. Ин буд, ки фарзандон соҳибмаълумот ва шахсони муваффақ шуданд. Ба Тоҷинисо зиндагии хонаводаашон ибратомӯз буд, аз фаъолияти бародарону хоҳаронаш ифтихор мекард. Меҳринисо Маҳмадова - доктори илмҳои фалсафа, корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Хайринисо - духтур, мудири шуъбаи қабули беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, Қурбоналӣ - сардори бахши иқтисод ва банақшагирии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ мебошанд.
Тоҷинисо баъди хатми мактаби № 57-и ноҳияи Ёвон пайи орзуҳо ҳуҷҷатҳояшро ба факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супурд. Соли 1992 онро бомуваффақият хатм карда, фаъолиятро ҳамчун омӯзгори фанҳои таърих ва ҷомеашиносӣ, ҳамзамон, ҳамчун китобдор дар мактаби зодгоҳаш оғоз намуд. Навҷӯиву эҷодкориро меписандид ва пайваста пайи ободии муҳити солим талош меварзид. Тадриҷан доираи фаъолияташ васеътар шудан гирифт, муддате ҳамчун мушовири шуъбаи маориф ва баъдтар директори мактаби № 1-и ноҳия кор кард. Дар чорабиниҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ фаъолона ва бо ҷӯшу хурӯш иштирок мекард. Ӯро соли 2000 аз ҳавзаи интихоботии Ёвон (№ 29) вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. То соли 2005 ҳамчун узви Кумита оид ба илм, маориф ва сиёсати байни ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд. Дар ин миён барои мукаммал гардондани дониш ҳуҷҷатҳояшро ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супурда, соли 2004 онро хатм кард.
Соли 2005 бори дуюм аз ҳавзаи интихоботии № 29 ҳамчун вакили МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Воқеан, он замон Т. Маҳмадова ҷавонтарин вакили Парлумон ба ҳисоб мерафт.
Моҳи феврали соли 2007 муовини раиси вилояти Хатлон таъин шуд. Ин вазифаи пурмасъулият ӯро ба дунёи нав ворид кард, дари сиёсат ба рӯяш фарохтар боз гашт. Акнун танҳо аз китоб ва танҳо бо хонандагон не, балки дар масоили гуногун бо мардум суҳбат меорост, дарди онҳоро мешунид, аз онҳо ҳимоят мекард.
Аз моҳи ноябри соли 2008 то моҳи декабри соли 2015 ба симати муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, бо мушкилоти соҳа бештар ва фаротар рӯ ба рӯ мешуд, вале намеҳаросид, бо омӯзгорон ва мактабшиносон бештар ҳамкорӣ мекард, ба қавле, аз таҷрибаи рӯзгор баҳра гирифтанро шарти муҳим медонист. Ҳамзамон, бо ташкили озмунҳо дар шинохти омӯзгорони навҷӯю эҷодкор малака пайдо кард. Ҳамчун узви Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия ва қабули нақша, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ саҳм гузошт. Бо ташаббуси ӯ барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия ва бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовараи Вазорати маориф ва илм тасдиқ гардиданд…
Бонуи равшанзамир чанд муддат роҳбарии Маркази таълимии «Сарвар», муассисаеро, ки дастпарваронаш пайравони Пешвои миллат, роҳбарони ояндаи кишваранд, бар дӯш гирифт. Дар ин коргоҳ ҳам нақши хосаи худро гузошт. Бо саъю кӯшиши Т. Маҳмадова нақшаҳои кории марказ таҷдиди назар шуда, барои тарбияи духтарон - роҳбарони оянда таваҷҷуҳ ба фанҳои ҳуқуқшиносиву иқтисодӣ, суханварию зебоишиносӣ ва чанде дигар бештар гашт. Баъди ин Тоҷинисо бо тавсияи роҳбарияти Вазорат роҳбарии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳоро ба зимма гирифт.
Тоҷинисо Маҳмадова вакили Анҷумани омӯзгорон дар ҷумҳуриҳои Арманистону Беларус интихоб шуда, дар чандин семинару симпозиум ва конфронсҳои байналмилалӣ дар давлатҳои Чин, Эрон, ИМА, Фаронса, Швейтсария, Россия, Руминия, Булғория, Туркия, Олмон, Беларус, Озарбойҷон, Молдова, Украина, Арманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон иштирок ва суханронӣ кардааст. Фаъолияти пурсамари ӯ бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, медали ҷашнии 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон ва ғайра қадр шудааст.
Саидаи ФАЗЛ,
Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон