Ҳаёт собит сохтааст, ки дар зиндагӣ ҳеҷ муҳаббате беҳтар ва воқеитар аз муҳаббати модар нест. Ба андозае дӯстат медорад, ки бароят ҷон медиҳаду дар иваз чизе намехоҳад. Қалби ӯ ҳамеша ба ёди фарзанд метапад ва дар бистари марг ҳам дар ғами фарзанд аст. Қаҳрамони мо модарест, ки барои муваффақиятҳои фарзандаш қаҳрамонӣ кардааст. Баробари ҷигарбандаш шабҳо бедорхобӣ кашида, замони нобарориҳо муттакояш гардида ва бо зафарёб гаштанаш, ашки шодӣ рехтааст.
Худойдодова Ҳидоят, модари Фаррух Ҳасанов, ғолиби мавсими 5-уми ҷашнии озмуни «Ну-ка, все вместе!» («Биёед, ҳама якҷоя!») – и шабакаи телевизионии «Россия-1»- и Федератсияи Россия ва соҳиби Шоҳҷоизаи ин озмун мебошад. Чун суҳбат атрофи Фаррух сурат гирифт, модар, пас аз андаке хомӯшӣ, суханро аз овони кӯдакии ҷигарбандаш оғоз бахшид.
Фарзанди деринтизор
Соли 1995 оила бунёд кардем. Худованд бароям ҳамсафареро лоиқ донист, ки дар пайроҳаи зиндагӣ ва пастиву баландиҳои он, ҳамеша муттакову ғамгусорам буду ҳаст. Зиндагӣ бидуни фарзанд хонаи тангу торикеро мемонад, аммо ҳамеша роҳе вуҷуд дорад, ки касро ба ояндаи беҳтару зиндагии шоиста дилгарм месозад ва ин ҳам бошад, роҳи умед аст. Дар қалби мо низ умеде шуъла мезад.
Пас аз деринтизориҳо бароямон фарзанде ато гардид, ки интизориҳои чандинсолаамонро бароварда сохт. Ба умеди муборакқадам гардиданаш ба ӯ Фаррух ном гузоштем. Воқеан, бо қудуми муборакаш ба рӯзгорамон гармӣ бахшид.
Дилсӯзу меҳрубон
Фаррух аз хурдӣ писараки ғайриодӣ ва аз ҳамсолонаш тафовут дошт. Мисли одамони калонсол ақида меронд. Баъзан суханҳое мегуфт, ки дар ҳайрат мемондем, ки ин ҳамаро ӯ аз куҷо омӯхтааст.
Аз кӯдакиаш бениҳоят меҳрубону дилсӯз буд. Ҳар бозича ва ё хӯрдание, ки дошт, онро бо ҳамсолонаш медод. Ҳанӯз ҳам ин хислаташ дар ниҳоди ӯ нуҳуфтааст. Вақте кӯдаки хурдсолеро дар кӯча бинад, ӯро дӯстдориву меҳрубонӣ мекунад. Ашхоси барҷомонда ва ё пиронсолонро низ бинад, чунин рафторро раво мебинад. Агар дар ҷайбаш як сомонӣ дошта бошад ҳам, онро бароварда медиҳад.
Мабодо, агар яке аз аҳли хонавода бемор шавад, шаб то саҳар парасторӣ мекунад. Миёни дигар фарзандон ӯ бениҳоят ғамхор аст.
Абераи сароянда
Бобоям Камол Худойдодов яке аз шогирдони Акашариф Ҷӯраев буданд ва онҳо якҷоя суруд мехонданд. Зимни як садамаи нақлиётӣ, пас аз анҷоми консерт дар пойтахти кишвар ва ҳангоми баргаштан ба ноҳияи Рашт, ба ҳалокат мерасад. Ҳунари сурудхонӣ дар вуҷуди падарам низ дида мешуд. Ёд дорам, вақте хурдсол будам, дар хонаамон ҳар шом пас аз тановули хӯрок базм меоростанд. Бародаронам асбобҳои мусиқӣ менавохтанду падарам суруд мехонданд ва мо, духтарон, арғушт мерафтем.
Дар чорабиниҳои мактабӣ ман низ гоҳ – гоҳе суруд мехондам. Ҳанӯз ҳам ҳангоми анҷом додани корҳои хона замзама менамоям. Бениҳоят сурудхониро дӯст медорам. Фикр мекунам, ба Фаррух низ ин ҳунар аз бобокалонаш мерос мондааст.
Таълимдидаи мактаби мусиқӣ
Вақте 6 сол дошт, ба хонаи аммааш, ки он ҷо тӯй буд, рафтем. Ҳангоме садои мусиқӣ баланд шуд, Фаррух беқаророна хоҳиш мекард, ки ба ӯ баландгӯякро бидиҳанд, то суруде хонад. Аввалин маротиба маҳз дар ҳамон тӯй шоҳиди сурудхонии ӯ шудем.
Баъдан, дар иди «Алифбо» суруд хонд. Ҳамон замон муаллимаш дар ӯ истеъдоди сарояндагиро пай бурда, гуфт:- Ӯро ба мактаби мусиқӣ бубаред. Истеъдоди фавқулода дорад, онро мебояд такмил дод.
Фаррух таҳсилро дар Муассисаи давлатии мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев идома дода, то синфи 6 аз рӯйи ихтисоси омӯзиши асбоби фортепиано таҳсил намуд ва дар ин миён суруд низ мехонд. Суруди «Душанбе»-ро дар 8 ва «Модар»-ро дар 10-солагиаш сурудаву дар навор бардошт.
Иштирокчии озмунҳои байналмилалӣ
Ҳангоми таҳсил дар мактаби мусиқӣ дар чорабиниву озмунҳои зиёде ширкат меварзид. Зимни баргузории яке аз озмунҳо ғолибиятро ба даст овард. Аз Мактаби байналмилалии президентӣ пешниҳод гардид, ки метавонад дар ин боргоҳ таҳсилашро идома бахшад. Забонҳои русиву англисиро балад буд, дар озмунҳои байналмилалии соҳаи мусиқӣ ширкат варзида, ғолиб мебаромад.
Бори аввал дар саҳнаи бузурги байналмилалӣ, дар яке аз олимпиадаҳо, ки дар Туркия давоми 28 рӯз идома ёфт, ширкат варзид. Миёни иштирокчиён аз 155 давлати дунё сазовори ҷойи аввал гардид. Вақте синфи 8 мехонд, дар яке аз олимпиадаҳо, ки дар ИМА баргузор шуда буд, иштирок намуда, ғолиб баромад.
Ҳанӯз ҳам ба чорабиниву озмунҳое, ки дар хориҷи кишвар баргузор мегарданд, ҳамчун хатмкардаи Мактаби байналмилалии президентӣ даъват мешавад. Пас аз ғалаба дар озмуни мусиқии «Ну-ка, все вместе!» дар Олмон, Фаронса, Нидерланд консерти гурӯҳӣ доир намуданд.
«Номбардори Ватан мешавам»
Шаб то саҳар писарамро дар хона намедидам, дар маркази сабти овоз сурудҳояшро сабт мекард. Баробараш ман низ шабзиндадорӣ мекашидам ва то хона омадан, телефонӣ аз ҳолаш бохабар мешудам. Баъзан, дилам барояш месӯхт. Мегуфтам, бачаҷон, як каме барои худат вақт ҷудо карда, истироҳат намо. Мегуфт: «Очаҷон, ҳоло ҷавонам, бояд заҳмат кашам».
Азбаски Фаррух зиёдтар бо забонҳои русиву англисӣ суруд мехонад, ҳамеша таъкид мекардам, ки бо забони тоҷикӣ ҳам суруд хон, то ин ки туро дар Ватан низ шиносанд. Мегуфт: «Мехоҳам Меҳанамро дар хориҷ аз кишвар муаррифӣ созам, дар арсаи ҷаҳонӣ номи тоҷику тоҷикистониро баланд мебардорам ва Шумо он вақт ифтихор мекунед. Мехоҳам номбардори Ватан шавам ва ҷаҳониён шиносанд, ки мо, тоҷикон, забондону фарҳангдӯст ҳастем». Воқеан, ифтихор мекунам, ки ин орзуи писарам ҷомаи амал пӯшид.
Паёми шуҳрат
Аслан, ширкаташро дар ин озмун мо он қадар ҷиддӣ қабул накардем. Як рӯз гуфт, чипта дораму барои иштирок дар яке аз озмунҳо ба сафар меравам. Давоми 2 ё 3 рӯз меистам ва агар нагузаштам, бармегардам. Ҳамроҳи падараш дуояш додем. Як рӯз занг заду гуфт, ки даври якуму дуюмро гузаштам ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтам.
Ҳар дақиқа он лаҳзаро интизорӣ мекашидам. Рӯзи даври ниҳоӣ боз занг задаву аз ману падараш дуо хост. Он рӯзро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозам. То дили шаб гӯшу ҳушам ба занги телефон буду интизори паёми хуш. Ақрабаки соат ба 2 расиду ногаҳон паёми овозӣ омад: - Модарҷон, ман ғолиб шудам. Дертар занг мезанам.
Бо шунидани ин паём дар ҳолати шокӣ афтодам. Беқарор шуда, зуд падару бародаронашро аз хоб бедор карда, ин хабарро расондам.
Пас аз шунидани паёми қаҳрамонии фарзанд модар раҳи ӯро мепоид, мегирист. Ашкҳо ашкҳои шодӣ ва ифтихор аз фарзанди номбардораш буданд. Фаррух ба Ватан баргашт. Ӯро дар фурудгоҳ роҳбарони сатҳи баланди кишвар воқеан қаҳрамонона пешвоз гирифтанд, ки на худи Фаррух ва на модараш инро интизор набуданд. Модар қаҳрамонфарзанди номбардори Ватанро мебӯсиду ашк мерехт ва ёрои сухан гуфтан надошт…
Ёдовар мешавем, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сарояндаи ҷавону умедбахш Фаррух Ҳасанов барои ғолибият дар озмуни телевизионии Россия калиди хонаи 3-ҳуҷрадорро тақдим намуд.
Бунафша РАҲМОНОВА