19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Зиндагисоз

 

Bonu 01_2024__IMG_9922_fmt

Эҳсоси поку муқаддасе бо номи ишқ дар зиндагии ӯ аз як нигоҳи гарму самимӣ падид омадааст. Ҳанӯз толибаи муассисаси таҳсилоти ибтидоӣ буд, ки муаллимон шогирдеро, ки бо медали тилло мактабро хатм кардаву барои идомаи таҳсил озими шаҳри Москва шуд, бо фахр ба хонандагон намунаи ибрат медонистанд. Ӯ, чун дигар сабақгирон дар дил орзуи фатҳи қуллаҳои баланди дониш мепарварид ва ҳамеша ба аълочии тиллодор ҳавас мебурд. Аввалин дидори онҳо низ дар мактаб ба вуқуъ пайваст. дидоре, тарҳрези ояндаи неку зебои як оилаи мустаҳкаму намунавӣ.

Саломатапа бо шарми ба худ хос ва самимияти афзун оҳиста -оҳиста сандуқчаи рози дили худро кушода, аз рӯзгори зебову пуршавқи ҷавониаш ёд меорад:

- Дар синфи 8 мехондем, ки дар чорабинии бошукӯҳе меҳмони фахриро муаррифӣ карданд. Вай ҳамон аълочие буд, ки овозаашро мешунидем. Директор ба ӯ сипоснома супурду мо - духтаракони наврас, бо ҳавас каф мекӯфтему дар дил орзуҳои ширин мепарваридем. Орзуи мисли ӯ фахри волидону мактаби худ шудан.

Саломат, ки парвардаи зодмандони зиёӣ буд, бо руъёи ширин бе ҳеҷ душворӣ донишҷӯ гашт ва пешаи омӯзгориро интихоб намуд. Донишҷӯи фаъол буду ҳамагон дӯсташ медоштанд. Рӯзе, ҳангоми сайругашт бо ҳамсабақон, ҳамонеро дид, ки сарчашмаи беолоиши орзуҳояш буд.

Амирхон Раҳмонов, намунаи ибрат барои хонандагон, дар Маркази табъу нашри шаҳри Кӯлоб кор мекард.

- Ман ӯро хуб мешинохтам, вай бошад, фақат зодмандони маро. Нигоҳи гарми мо ба ҳам бархӯрду бо як назар аҳди вафо бастем.

Саломат Раҳмонова соли 1986 Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро сарбаландона хатм кард ва бо дуои падар ба хостгорони номзади дили худ ҷавоби мусбат дод.

Базми висол на танҳо ду дилдода, балки ду авлоду ду ситораи осмонро низ ба ҳам пайваст. Хушдомани меҳрубон, ки саодати комили фарзанди худро мехост, бо арӯсу домод ба маҳали кори онҳо, ба ноҳияи Қубодиён омаду ба оилаи ҷавон нозукиҳои зиндагидориро меомӯхт ва ба Саломат, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 ба фаъолият шуруъ карда буд, ёрӣ мерасонд.

Рӯзгори орому осудаашонро даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ халалдор сохт. Он рӯзҳои мудҳишро Саломатбону бо афсӯсу ашки талх ба ёд меорад:

- Шавҳарам, корманди мақомоти қудратӣ, дар он рӯзҳои даҳшатбор шабу рӯз дар хизмати Ватану ҳимояи халқ буд. Он замон дар шаҳри Бохтар мезистему бо ду кӯдаки хурдсол ҳафтаҳои зиёд танҳо мемондам. Солҳои баъдиҷангӣ низ бароям сахт душвору аламдор буд. Фақат як дилгармӣ доштам, ки падари фарзандонам дар амалиётҳои баргардондани муҳоҷирон аз Афғонистон фаъолият дорад. Зиёд оилаҳое буданд, ки аз баргаштани пайвандонашон ба Ватан аз мулки бегона хурсанд буданду бо мо аҳди дӯстиву бародархондӣ бастанд.

Сарфи назар аз мушкилоти замон Саломатбону тавонист дар пойдору устувор нигоҳ доштани оилаи худ, ки биҳишти орзуҳояш буд, муваффақ шавад. Ҷигарбандонаш Фарзонаву Анис ва Амирҷону Мадина бо раҳнамоии падару дастгириҳои модар донишгоҳҳоро дар Душанбе ва берун аз кишвар хатм карданду мутахассиси арзанда дар пешаи интихобкардаи худанд.

Номбурда баъди соҳибкасб гардидани фарзандон муддате дар телевизиони «Сафина» кор кард.

Муҳаббати ин бонуи муборак ба арӯсону набераҳояш, ки имрӯз дар ҳалқаи онҳо хушбахтона ба сар мебарад, ҳамсояҳову пайвандон, хешу бегонагонро ба ҳайрат мегузорад. Ӯ, ки ҳамеша тарафдори зиндагии зебо ва маърифатнокии духтарон буд, талош кард то сунҳоронаш низ соҳибмаълумоту мутахассис шаванд. Барои онҳо шароити беҳтарини рӯзгорро фароҳам овардаву модарвор дар ҳама лаҳзаи ҳаёт дастгирашон аст.

Аз зиндагии зебову осоишта, қиссаҳои ширин ва рӯзгори ибратбахши Саломатбону ҳаминро дарк кардем, ки соҳибмаълумот гардидани духтарон беш аз ҳама ба манфиати оила аст. Пойдору устувор нигоҳ доштани хонаводаи солим дар замони муосир заҳмати фаровонро талаб мекунад. Бонуе, ки саводи кофӣ дорад, метавонад дар эҷоди хатти заррини хушбахтии хонавода муваффақ шавад. Пасту баландиҳои ҳаётро паси сар намояд ва дар рушди ҷомеа саҳмгузор бошад, ки Саломат Раҳмонова аз зумраи онҳост.

Мафтуна НАЗИРОВА

:.  Чеҳра 08.02.2024 16:37 354

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz