Овозаи ҳунари зебои нонпазиҳои мардуми Кӯлобро зиёд шунида, гоҳо аз маҳсули заҳмати бонувони ин маъвои ҳунарварон баҳравар гаштаем. Чун фурсати муносиб даст дод, сӯи манзили холаи Ситорамоҳ раҳ гирифтем, ки хурду бузурги шаҳр аз заҳмати дастони ин бонуи ҳунарманд хон меороянду нону кулчаҳои болаззати ӯро зеби ҳар ҷашну маъракаҳои худ мегардонанд.
Мошин пушти дарвозаи хоксорона истоду бонуи солдидаи ситорагарме бо лутфу меҳрубонӣ моро пешвоз гирифт. Ба машом бӯйи хуши нону кулчаҳои гарми равғаниву қаймоқӣ мерасиду иштиҳоро ба қавле қозгир мекард.
Дар пешайвон хон густурда буду нонҳои хурду бузурги навакак аз танӯр кандаро рӯйи он мегузоштанд. Чапотиҳо, гирдачаҳои аз орди осиёбиву сафед пухта, ки ҳар кадоме то 10 кг вазн дорад, нонҳои алафию ҷазза, фатирҳои иборат аз гӯшту кадуву чормағзу писта, кулчаву қаламаҳо болои дастархон зам мешуданд.
- Дар шумо ҷонам, биёед, биёед, - гӯён хола бо лаҳни ширину шево моро ба ҳуҷра хонд, аммо ҳама мафтуни нонҳои пухтаи хола рӯи ҳавлӣ монданд. Қисме сӯйи чакдону оташдон раҳ гирифт. Духтарони соҳибхона – Гулнисову Гулрухсор рафида ба даст нонҳои аҳром мепухтанд, ки ҳар кадоме ҳаҷми гуногун дошту рӯйи ҳам чида мешуд. Бо дидани танӯри сӯзону шамидани накҳати нотакрори нонҳои навпухта, рӯйи чун гул шукуфтаи холаи Ситорамоҳу фарзандонаш қалби ҳамсафарон лабрези фараҳу нишот гардид. Ин хонаводаи ҳунармандон бо қабули фармоиш нону кулчаҳои гуногун пухта, ба ин раҳ, хони мардумро пур карда, худ низ рӯзӣ меёбанд. Ин нонҳоро то ба Амрикову Россия ва дигар мамлакатҳо мебаранд.
- Маҳсулоти нонӣ дар ҳама давру замон талабгорони зиёд дошту дорад. Беш аз 25 сол аст, ки ба ин пеша шуғл меварзем. Ҳамагӣ чанд намуди нонҳоро бо дархости мизоҷон мепухтем, аммо имрӯзҳо бо дастгирии раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр Руъё Маҳмудзода самти фаъолияти худро васеъ гардонда, 37 намуди нон мепазем, ки ҳаводорони худро доранд, - иброз дошт хола.
Ба Руъё менигараму меандешам, ки то чӣ ҳад фаъолу ташаббускор мебояд буд, то тули чанд соат бо холаву духтаронаш беш аз бист намуди маҳсулоти нонӣ таҳия намояд. Пешбандак ба бар, дар такопӯ асту баҳри иҷрои саривақтии кор чун моку дар равуо.
- Бо дастгирии Руъё Маҳмудзода пухтани намудҳои маҳсулоти нонии гуногун, аз қабили чапотӣ, гирдача, алафӣ, ҷаззагӣ, кадугӣ, гӯштӣ, чормағзӣ, пиёзӣ, ҷуворимаккаӣ, таҳмол, фатирҳои гандумӣ, равғанӣ, сангакӣ, қоқфатир, қалама, пиёзқалама, қаламафатир, қаламаи гӯштӣ, кулчаҳои арӯсӣ, гулбурӣ, варақӣ, мухпарӣ, якмухпара, қаймоқӣ, кунҷидӣ, ширкулча, қайчикулча, кулчаи аҳром (барои қабули меҳмонони олиқадр), тобагӣ, тобагии қаймоқӣ, тобагии ҷурғотӣ, нимнона ва ғайраро ба роҳ мондем.
Руъё худ бонуи ихтироъкор аст ва чанд навъи дигари маҳсулоти нонӣ эҷоди ӯст, аз қабили кулчақаламаи чормағзӣ бо равғани офтобпараст, чормағз ва дорчин; кулчақаламаи гӯштӣ бо истифодаи равғани офтобпараст (ё пахта, ё зайтун) бо истифодаи гӯшти гов, гӯсфанд ё мурғ; кулчақалама бо пиставу равғани зайтун; кулчақанд бо сабзӣ, шакар, равғани офтобпараст, мавиз, ки ҳам дар тафдон ва ҳам дар танӯр пухта мешаванд.
- Хамири кулча шӯрида, баъди расидан онро тунук мекунем ва рӯйи он мағзи кӯфтаи писта ё чормағз пошида, мепечонем ва дар танӯр мепазем. Ба ҳамин монанд дигар намуди нонҳоро рӯзе то 100 - 200 дона таҳия менамоем. Ҳамчунин, Руъё ба мо пешниҳоди ҷолиб намуд, ки нонҳоро мо дар шаклҳои гуногун пазем, то мардум зуд пай баранд, ки кадом намуди нонро харидорӣ мекунанд, - изҳор намуд холаи ҳунарманд.
Ситорамоҳ Бобохонова дар маркази шаҳри Кӯлоб умр ба сар мебараду 7 фарзандро ба воя расондааст. Чор духтар аз модар ҳунарҳои нонпазӣ, дарзу дӯхт, таҳияи ғизоҳо, аз ҷумла кочӣ, оши тупаву бурида, ӯмочу биринҷова, палов, шакаробу қурутоб ва рӯзгордориро омӯхтаанд.
- Хамирро ҳатман бо хамирмон шӯрида, ба орди сафед каме орди осиёбӣ илова мекунем ва ё баръакс, то хушхӯру болаззат ояд. Аз хамиртуруши хушки бозорӣ истифода намебарем. Ин ҳунари миллиро аз модарам омӯхтаам. Нонпазиҳои модарро дида, мани хурдсол аз лой нону кулчаҳо таҳия мекардам. Модари шодравонам Заррагул Шомуродова бағоят зани зебо буд. Зарбдори хоҷагии деҳаи Чоқтемур, то 1 тонна гандум мерӯёнд. Чусту чолоку ба ҳама кор моҳир буд ва дастони бузург-бузурге дошт, ки бо чор зарбаи маҳин нонро тунук мекард ва дар танӯр мепухт. Ёд дорам, дар синфи 4 мехондам ва модарам дар табақе орд мегирифту рӯи он хамирмон мегузошт ва мефармуд:
«Ҳамин ки самолёт гузашт, хамирро шӯрида мон, омадам, мепазам», - мегуфту пайи кори саҳро мерафт. Самолёт рӯи пахтаҳо дору мепошид ва ҳамин ки мегузашт, хамир мешӯридам. Модарам аз кор баргашта, 4 - 5 фатири дигар мешӯриду пайи нонпазӣ мекӯшид. Бо ин ҳунар бузург шудаам гӯям, хато намешавад, - изҳор намуд холаи Ситорамоҳ.
Тарзи таҳияи баъзе нонҳои хола хеле аҷибанд. Кадуро пӯст ва пора карда, дар об меҷӯшонад. Баъди ширгарм шудан ба он намаку орд илова карда, хамир мешӯрад. Нонҳои кадугӣ ранги сурху норинҷии зебое доранд. Барои таҳияи нонҳои гӯштӣ аввал гӯштро ҷӯшонда, майда реза мекунад, дар равған каме таф медиҳад. Хамири кулча шӯрида, тунук ва рӯйи он пораҳои гӯштро мепошаду мепечонад ва аз хамир шоҳкориҳо менамояд.
Гоҳи фориғ аз кор беш аз 20 зувола шӯрида, дар деги калон оши тупаву бурида таҳия менамояду ба ҳамсояҳо тақсим карда, рӯйи ҳавлӣ шолчае густурда, бонувони солдидаи атрофро ба зиёфат мехонад.
«Барои ёдгорӣ акс бигирем», - мегӯем ва хола нони гандумии бузургҳаҷмеро сабук бардошта, табассум менамояд. Табассуми гарми меҳроғуштаи модари деҳотӣ қалбҳои мо, ҳамсафаронро лабрези муҳаббату лабҳоро беихтиёр ба табассум моил менамояд.
- Замоне буд, ки ҳамаи ин ҳунарҳо хор шуда буданд. Ба дил мебурдем, оё рӯзе мешуда бошад, ки ҳунарҳои худро ба кор барем. Ҳазор бор шукр, ки ба ин рӯзҳо расидем. Илоҳо, дунёи моро пур аз амониву фаровонӣ кунад, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иқболу баракат дар касбу кор, дар тану ҷон, дар хонадон, дар корҳои некаш диҳад, баракати Замину Осмонро ба сараш нисор кунад, ки дастархони мо имрӯз пур аз нони гандум асту мулкамон обод, - дуои нек дод хола ва ҳама омин гуфтем. Бо як ҷаҳон таассуроти неку дилнишин манзили меҳрбори холаи Ситорамоҳу шаҳри озодмардони Кӯлоби бостониро тарк гуфтему сӯи маъвогаҳи тоҷикон – шаҳри гулбасари Душанбе раҳ пеш гирифтем.
Ситора АШӮРОВА,
Душанбе – Кӯлоб - Душанбе