Падар бар ман барфузуд ифтихор
Бонуи дилогоҳу хушсухан холаи Саноатро сар аз соли 1982, дар фабрикаи рангупардоздиҳии Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагини Душанбе, мусаммо бо «Текстил» мешиносам.
Бурду дастовардҳои Каримова Саноат Ҳакимовна дар шарёни хонаводагии ӯст. Дар замони шуравӣ донандагони забони русӣ пешсафи ҷомеа маҳсуб меёфтанд. Бонуи ташаббускору ғайратманд Саноат Ҳакимовна аз зумраи чунин нафарон буд.
Чун аз ниятам огаҳӣ ёфт, дархост то нахуст аз падарашон биафзоем, зеро падар бар ман барфузуд ифтихор, гуфтанд бонуи саодатманд.
Инқилобчӣ
Ҳаким Мирисматов, фарзанди марди деҳқон, замбарбоф аз наврасӣ бепарастор мондаву ранҷу азоби бедарак дида. Аз деҳаи Пули Чуқури Хуҷанд, то ба дуриҳои дур ғалтид. Соли 1916 Ҳакими резапайкари лоғари 16 - соларо дар радаи ҷавонони хуҷандӣ ба ҷабҳаи меҳнатии подшоҳи рус, ба аскарӣ гирифтанд. Бобои азизаш ӯро ба ҷойи писари худаш ба хидмати подшоҳи рус Николайи II таслим кард…
Тоҷикбачаҳо дар Нижний Новгород дарахтбур шуданд. Сарулибоси кироӣ надоштанд. Боду ҳавои сард, шиканҷаи зиёд, ғизои номувофиқ кори худро кард. Ҳар рӯз бар асари вазъи сангин сафи мурдаҳо меафзуд. Ҳаким низ сахт бемор шуд, ӯро дар казармаи муваққатӣ партофта рафтанд. Гуфтанд, ки «одам» намешавад. Ҷангалбони рус Иван Пронин тасодуф ӯро ҳангоми гардиш аз казарма дарёфта ба хоначааш бурд. Ивани ҷангалбон ҷавони бемору бемадорро ба табобат гирифт. Ӯ бо гиёҳҳо ва ғизои боқувват Ҳакимро ба по хезонд…
Соли 1917 Ҳакими ятими бенаво ба отряди инқилобиён ва пас дар ҳайати Армияи Сурх пайваста то соли 1927 бар зидди босмачиён ҷангид. Дертар сахт захм бардошт. Барои барқарор намудани сохти нав дар ҳудуди Туркистон, Осиёи Марказӣ хизмати босазо кард. Пас аз бардоштани захм дар яке аз задухӯрдҳо ба гос¬питали шаҳри Чорҷӯи Туркманистон ғалтид. Духтурон ӯро ба по хезонда, ба ақибгоҳ рухсат доданд…
Минофа
Ҳаким дар идораи Госпараходи Чорҷӯ ҳамчун коргари қаторӣ ба фаъолият пардохт. Ҳамин ҷо ба тотордухтаре дил бохт. Ҳаким бо Минофа 31-уми декабри соли 1929 оила барпо кард. Соли 1931 фарзанди нахустинашон – Зуҳро ба дунё омад. Ҳаким пас аз хатми Университети давлатии Осиёи Миёна дар шаҳри Тошканд, ба совхози «Ёвон»-и ноҳияи Куйбишеви (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ) РСС Тоҷикистон раҳнамун шуд. Дар ин оилаи ҷавон соли 1935 Ӯктам ва баъди 3 сол Саноат ба дунё омаданд. Моҳи июни соли 1938 Ҳаким Мирисматовро мудири шуъбаи комиҷроияи ноҳияи Куйбишеви вилояти Сталинобод таъин намуданд ва ӯ се сол адои вазифа кард.
Соли 1941 Ҳакимро низ ба ҷабҳа хонданд. Дар шаҳри Тошканд тасодуф бо инқилобчии рус Иван Пронин вохӯрд. Вай ба созмон додани гурӯҳи махсус барои ақибгоҳ саъй дошт. Пронин аз фармондеҳӣ хоҳиш намуд, то маъюби ҷанги гражданӣ Ҳаким Мирисматовро ба ҳайати ӯ супоранд.
Панҷ
Ҳаким ба қисми сарҳадбонӣ, ба ноҳияи Кировобод (ҳозира ноҳияи Панҷ) сафарбар шуд. То охири Ҷанги Бузурги Ватанӣ, то тобистони соли 1945 ба дифои сарҳади ҷанубии СССР ва таъмини фронт бо маводи ғизоӣ шуғл варзид. Пас бо оилааш дар ноҳияи Панҷ муқимӣ шуд. Вай то охири ҳаёт ҳамин ҷо монда, дигар ба зодбум қадам нагузошт.
Ҳаким Мирисматов моҳи декабри соли 1981 аз дунё гузашт. Моҳи апрели соли 2000-ум фарзандону пайвандон, аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Панҷ 100-солагии инқилобчии матинро ботантана қайд карданд. Дар маърака 4 фарзанди баркамол, 12 набера ва 14 абераи ин марди майдон ширкат варзида, хотири фарзанди содиқи Ватанро гиромӣ доштанд…
Дидор
Аввалҳои моҳи июни соли 1982 дар ҳудуди чойхона – ошхонаи миллии фабрикаи рангупардоздиҳӣ бори якум бонуи қадбаланди ҷиддисимои хушандомеро дида, киву чикора будани ӯро аз ҳамроҳон пурсон шудам. Гуфтанд, муовини директори генералии иттиҳодия оид ба масъалаи кадрҳо Каримова Саноат Ҳакимовна, нав ба вазифа таъин шуда.
Он замон дар иттиҳодия зиёда аз 10 ҳазор коргару мутахассис меҳнат мекарданд. Пас тасаввур бинмоед, ки чӣ гуна бонуеро ба чунин вазифаи пурмасъул таъин намудаанд. Бо мурури замон, тақозои вазифа – мураббии хобгоҳи коргарҷавонон ва пас сардори идораи хонаҳои №1-и коргоҳ бо Саноат Ҳакимовна дар маҷлису чорабинӣ ва истеҳсолот вармехӯрдем. Ӯ доимо чаққону сертараддуд ва масъулиятшинос буд…
Саноат
Зодаи ноҳияи Куйбишев соли 1946 ба синфи якум ба мактаби миёнаи русии ноҳияи Панҷ рафт. Душвораш буд, муаллима падарашро ба мактаб хонда, эътироз баён дошт, ки Саноат забони русиро намедонад, духтаратро бубар. Падар қотеона гуфташ, мехонад ва ёд мегирад…
Инқилобчӣ пандаш дод, ояндаи дунё ба дониш аст, омӯхтани забонҳо, бахусус забони русӣ, оянда дорад. Ҳамин хел, Саноат донандаи хуби забони русӣ гашт. Муаллим аз таҳсилоти ӯ қоил монд…
Пас аз хатми мактаб дар ноҳияи Панҷ бо роҳхати Вазорати саноати сабуки ҷумҳурӣ, тоҷикдухтари музофотӣ раҳи Москваро пеш гирифт. Таҳсилро дар Техникуми политехникии Москва пазируфт. Падар саргум монд, барои роҳпулии духтараш ба Москва аз кӣ пул қарз гирад…
Гурӯҳ аз 13 писару 1 духтар бо қатора озими Москва шуд. Саноат бо попӯши латтагӣ, палтои тунук ва ду куртаи тунуки нимдошт бар тан буд. Вай дар давраи таҳсил аз ягон кас кумак намегирифт. Танҳо бо стипендия (идрорпулӣ) рӯз мебурд. Ҳавои қаҳратун, гуруснагӣ бо онҳо дар набард буд. Сарфи назар аз душвориҳо, Саноат миқдори ночизе пасандоз намуда, арзонтарин билетро ба театри ба номи Станиславский харида, болои фарши толор менишасту ғизои маънавӣ мебардошт.
Аз он гурӯҳи тоҷикӣ танҳо 4 нафар ба душвориҳо тоб оварда, Техникумро хатм кард. Нафарони ноком, аслан бо ҷурми надонистани забони русӣ ҳунаристонро тарк гуфтанд.
Ленинобод
Саноат Каримова соли 1959 Техникумро бо ихтисоси химик-технолог хатм намуд. Ӯро ба Тоҷикистон, ба комбинати пилларесии Ленинобод сафарбар намуданд. Фаъолияташро ҳамчун устои басти фабрикаи рангупардоздиҳӣ оғоз кард. Аз ҳамон рӯзҳо вай бӯи рангҳоро дӯст медорад ва аз накҳати матоъ фараҳ мегирад.
Мутахассиси соҳибмаълумот, духтари масъулиятшинос бо ҷидду ҷаҳди зиёд ва шавқу шӯри ҷавонӣ ба кор часпид ва дар як муддати кӯтоҳ обрӯманд гашт. Аз он рӯзҳо Саноат Ҳакимовнаро як рафтораш соҳибэҳтиром гардонд. Рӯзе аз рӯзҳо Абдуллоев ном коргари сех 5000 метр матои гаронбаҳо – шифони сафедро «брак» кард. Устои сех ва коргарро назди директори комбинат хонданд. Абдуллоевро ба се моҳ хатари бе маош мондан таҳдид мекард. Саноат Ҳакимовна исрор кард, ки он рулон (лӯлапеч)-и матоъро ба сех баргардонанд. Шахсан онро аз назари таҳқиқ мегузаронад. Ба директор гуфт, ки Абдуллоев 4 кӯдак дорад ва се моҳ бе маош вай чӣ хел рӯзгор мебарад?…
Устои сехи рангупардоздиҳӣ Саноат Ҳакимовна бо се тан аз коргарон, шабона ба басти 3-юм баромаданд. Онҳо дар дили шаб 5000 метр шифонро бодиққат дар дастгоҳи назоратӣ боло бардошта аз муоина гузаронданд. Ниҳоят аз он лӯлапеч ҳамагӣ 300 метр матои нуқсондорро ошкор (муайян) карданд… Бо гузашти 20 сол Саноат Ҳакимовна бори дигар аз он коргоҳ дидан кард. Коргарон сардори сехашонро бо хушнудӣ қабул карданд. Аз ҳамон ҳодиса ёдовар шуданд. Абдуллоев ашкрезон изҳори сипос менамуд, ки шумо – як духтараки ҷавон он рӯзҳо аз ман ҳимоят кардед…
Сталинобод
Ҳамкурсаш Шомурод Каримов дар комбинати бофандагии шаҳри Душанбе кор мекард ва боисрор вайро ба пойтахт мехонд. Онҳо моҳи сентябри соли 1960 хонадор шуданд. Ҳамчун технолог ба фабрикаи рангупардоздиҳӣ ба кор баромад. Пас аз се сол Саноатро коргарон раиси иттифоқи касабаи коргоҳ интихоб карданд…
Соли 1966 Саноат Ҳакимовнаро директори Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №47 таъин намуданд. Барои ба истифода додани фабрикаи бофандагию ресандагии №3-и Иттиҳодия бофанда ва ресандаҳо омода намудан даркор буд. Омӯзишгоҳ тайи ду сол зиёда аз 600 нафар духтаронро омода ва ба истеҳсолот гуселонд.
Баъдан, ҳамчун иқтисодчии калони фабрикаи ресандагии №1-и Иттиҳодия кор кард. Пас аз хатми Университети давлатии Тоҷикистон иқтисодчии калони комбинати пилларесии шаҳри Душанбе, директори фабрикаи дӯзандагии №1, муҳандиси калони шуъбаи ташкилӣ-методӣ, сардори шуъбаи кадрҳои Иттиҳодияи «Зайнаббибӣ» ва мудири ателеи «Наргис» буд.
– Кӯдаконам хурд буданд, – иқрор меояд Саноатбону. - Аз ин рӯ, то бузург шуданашон дар вазифаҳои нисбатан сабук кор мекардам. Ниҳоят ҳамсарам исрор намуд, ки ба «Текстил» баргардам…
Моҳи майи соли 1982 нахуст, ҳамчун муҳандис, пас ба симати муовини директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолии матоъҳои пахтагини Душанбе оид ба кадрҳо ба кор омад. Дар вазифаҳои муовини сардори раёсат (УКК) оид ба корҳои ҷавонон, директори УКК оид ба корҳои истеҳсолӣ, методисти Маркази илмию истеҳсолии Иттиҳодияи нассоҷии Душанбе фаъолият дошт. Солҳои 1992–2002 ҳамчун сардори шуъбаи хизмати маишии фабрикаи рангупардоздиҳии Иттиҳодия, нозири раванди техникии ҳамин фабрика заҳмат кашид. Ӯ бо кӯлбори пурбор, аз соли 1959 то 2002, бо 43 соли фаъолияти меҳнатӣ ба нафақа баромад…
Саодатманд
Саноат Ҳакимовнаи 85-сола имрӯзҳо низ худро саодатманд меҳисобад ва пайваста мегӯяд, ки шахси хушбахттарин ва бодавлат аст: – Нахуст, падарам аз чанголи армияи меҳнатии подшоҳи рус Николайи II эмин ба зодгоҳ баргашт. Аз ҳарбу зарб бо босмачиҳо дар амон монд. Ҳини сарҳадбонӣ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар ҳудуди ноҳияи Панҷи РСС Тоҷикистон адои хизмати ҳарбӣ кард.
– Ман духтари дӯстдори падарам. Беш аз 50 сол бо ҳамсарам рӯзгори хушу шоиста доштем. Фарзандони хубу солеҳ, ду духтару як писарро ба воя расондем, соҳибмаълумот гардондем. Набераҳоям низ ба камол расида соҳибмаълумот ва ҳиссае аз онҳо оилаҳои худро бунёд намуданд…
– Шукрона Тоҷикистони азизи мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол дар миқёси олам мақоми устувор мегирад. Аз ин дида магар хушбахтии зиёд буда метавонад… – Шуморо низ ба давлати пирӣ бирасонад, падару модарони хешро азиз доред!… – дар интиҳо таманно кард ӯ.
Умар АЛӢ, адиб