Тасодуфе пеш омаду зиндагӣ ӯро ба саҳнаву ҳунар пайваст. Синфи панҷ мехонд, ки аз Телевизиони Тоҷикистон ба мактаб меҳмон омад. Онҳо барои барномае чеҳраи мувофиқи мактабхонеро меҷустаанд.
-Қомати ман назар ба ҳамсинфонам болотар буду дар охир менишастам, аммо бисёр мехостам маро кормандони телевизион бубинанд, - он лаҳзаҳоро бо шавқ ба ёд меорад Малоҳат.
Муъҷиза рух дод. Ӯро интихоб карданд. Маълум шуд, ки хонандаи мактаб барои сабти барнома дар бораи адиби номвар Абдумалик Баҳорӣ зарур будааст. Ҷараёни сабти барнома ба Малоҳат он қадар таъсиргузор шуд ва писанд омад, ки акнун мехост ҳар рӯз дар телевизион бошад. Шояд шавқи аз ҳад зиёди ӯ аз назари кормандони телевизион дур намонд, ё иштирокаш дар барномаи аввал ба онҳо писанд омад, ки онҳо Малоҳатро акнун зуд – зуд ба барномаҳои кӯдакона мехонданд. Ин ҳама бенатиҷа намонд. Истеъдоди ин навраси ҳунарманд писандида шуд, ки ӯро ба барномаи он замон машҳури «Алифбоҷон, алифбо» ҳамчун қаҳрамони доимӣ дар нақши Қандалот қабул карданд.
Ҳамин тавр роҳи Малоҳат ба театру телевизион ва олами ҳунар ҳамвор шуд. Пас аз хатми мактаб дилпурона ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода супурд. Зимнан, он замон дохил шудан ба ин Донишкада осон набуд. Имтиҳони ҳунариро мутахассисони сатҳи олие чун Аҳмад Бобоқулов, Меҳрубон Назаров, Тағоймурод Розиқов Малика Ҷӯрабекова ва Соро Музофиршоева қабул мекарданд. Барои пирӯзии ман панди бисёр муҳими модарам, ки омӯзгори асил буданд, коромад шуд. Ӯ мегуфт, ки ҳамеша ба худ бовар дошта бош, ин аллакай нисфи ғалабаи туст! Барои ҳамин, вақте аз ман мепурсиданд, ки шеър хонда метавонӣ, баҷуръатона мегуфтам: бале! Агар суол медоданд, ки фалон нақшро иҷро карда метавонӣ, боз ҳам бо итминон мегуфтам: албатта…
Хуб дар хотир дорам, вақте аз ман иҷрои сурудеро хоҳон шуданд, суруди машҳури «Ситораи ман» –и Муқаддас Набиеваро замзама карда баҳои баланд гирифтам, - ёд меорад Малоҳат.
Баробари хатми Донишкада чанд театри машҳури пойтахт барои Малоҳат дархост фиристоданд, аммо ӯ Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутиро интихоб намуд, зеро аз донишҷӯӣ роҳбари театр Исо Абдурашидов бо пешниҳоди Майрам Исоева ва Хушназар Майбалиев ӯро ба сифати актёри дуюм ба кор гирифта буд. Малакаҳои аввалини касбиро дар ҳамин даргоҳ омӯхт. Фаъолият доштан дар паҳлуи ҳунармандони асил, албатта, мактаби дигареро мемонд.
Нақши аввалинаш дар театр кори нахустини режиссёрии Ато Муҳаммадҷонов буд, ки аз рӯи асари Нурулло Абдуллоев таҳия мешуд ва дар он Малоҳат Абдуллоева нақши Ситораро бозид. Нақшофарии ӯро хуш пазируфтанд. Бо ин намоиш дар фестивали Тошканд иштирок карда ҷоизаи «Овози тоҷик» –ро соҳиб шуданд.
Дар саҳнаҳои дигари театрӣ ҳам нақшофариаш муваффақона буд. Бештар амплуа ё нақшҳои қаҳрамониро мебозид, ки дар худ махсусият доранд. Нақшофарӣ дар намоишҳои «Дувалронӣ ва Хизрхон», «Фарёди ишқ» аз ҳамин қабиланд. Воқеан, намоиши ахир соли 1999 дар озмуни «Парасту» сазовори Шоҳҷоиза гардид.
Бо театрҳои дигар низ ҳамкориҳо дошт, аз ҷумла бо Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ва «Аҳорун» –и Фаррух Қосим. Намоишномаи хуби «Қиссаи ишқ» маҳсули ин ҳамкориҳост.
Бидуни шак ҳар як ҳунарпеша мехоҳад дар синамо ҳам ҷойгоҳи худро дошта бошад. Малоҳат дар синамо ҳамагӣ як нақш дорад: филми коргардони машҳур Муҳсин Махмалбоф «Ишқҳои Душанбе»…
Барои насли калонсол ӯ ҳамон Ҳанифа аз намоиши «Ҳаёт ва ишқ» аст, ки ҳамроҳи Фирӯз - Ортиқи Қодир, Хуршед - Хуррами Хуррамзод, Баҳор - Соро Сабзаалиева, Назирзода - Ғолиб Исломов, Малика - Мавлуда Обидова, Исмоил - Шодӣ Солеҳ, Моҳбибӣ - Гулсара Абдуллоева ва бегуфтугӯ Шамсӣ Кавраки «ошиқаш» - Амон Қодир нақш бозидааст.
Нақши Ҳанифа ба Малоҳат шуҳрати зиёд овард, аммо пас аз ин нақш ҳамагӣ дар якчанд намоишҳои дигари телевизионии Соҷида Ғуломова, аз ҷумла «Тӯй барпо нашуд» нақш офариду халос…
Мутаассифона, кор дар театр чандон тул накашид. Мушкилоти замон ба кори театр сахт таъсир карда буд. Ӯ тасмим гирифт, ки ба кори дубляж баргардад. Аслан, бо ин бахши муҳими синамо ва телевизион Малоҳат аз хурдиаш ошно буд. Замоне, ки барномаи «Алифбоҷон, алифбо» –ро таҳия мекард, устодони асили соҳа Дилбар Қосимова ва Шуҳрат Шоймардонов ба кори дубляж шавқмандаш мекарданд. Он замон муҳити кории дубляж комилан дигар буд.
-Махсусан, тарзи суханронии Дилбар Қосимова маро мафтун мекард. Мехостам чун ӯ гап зада тавонам, - мегӯяд Малоҳат Абдуллоева ва лаҳзаҳои аввалини дар ин бахш машғул шуданашро ба хотир меорад, - Нахустин нақши бузургам дар дубляж филми «Сиёвуш» буд, ки бо пешниҳоди Дилбар Умарова сурат гирифт. Нақши Фарангисро овоз медодам. Филм, ҳамон тавре медонем, бо шеър сурат мегирад, ки овоз додани он кори осон набуд. Ҳамчунин, ҳузур доштан дар паҳлуи устодони қавие чун Нурулло Абдуллоеву Ато Муҳаммадҷонов, Дилбар Умарова ва дигарон, масъулияти хос талаб мекард.
Санъатшиносони маъруф Малоҳатро аз ҷумлаи устодони бахши дубляжи Тоҷикистон медонанд. Дар нишасти матбуотии худ Муҳаммадсаид Шоҳиён, директори МД «Тоҷикфилм», низ ӯро ба сифати беҳтарин ҳунарманди дубляж муаррифӣ кард…
-Ҳоло барномаҳои барои дубляж зарурӣ нав шудаанд ва онҳо зуд - зуд иваз мешаванд. Мо бошем қафо мемонем. Ҳол он ки бояд мактаби дубляжи худро ташкил диҳем. Ҳамчуноне дар Ӯзбекистон ва Туркия ҳаст. Бо ҳал шудани ин гуна масоил, имкон пайдо мекунем дар бозори дубляжи кишварҳои форсизабон мавқеи устувори худро ёбем. Нақша дорем, ки ба наздикӣ дар назди «Тоҷикфилм» мактаби кӯдаконаи таҷрибавии ҳунарпешаҳои дубляжро созмон диҳем. Бовар дорем ин мактаб хеле аз мушкилоти дар ин бахш доштаамонро ҳал хоҳад кард, - бо умеду орзуи ширин ба суҳбат хотима бахшид Малоҳат Абдуллоева.
«Бонувони Тоҷикистон»