Сарбаландиву сарфарозӣ барои Қурбонгул Муллочаева аз амалҳои шоистааш сарчашма гирифта, бар асари заҳмати софдилонааш насиб гаштааст. Давоми фаъолияти пурранҷу пурганҷаш дар вазифаҳои пурмасъул ба иззату эҳтироми аҳли диёр сазовор шуд, ки инро барояш бахти бузург медонад. Хизмати босамараш бо нишони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (1999), медали Хизмати шоиста (2003), нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2005), Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007) қадр гардид.
Китоби саргузашт аз сарнавишти бону Қурбонгул - зани мубориз, матиниродаву ҷасурро чун боз намудем, рӯзгори рангину пурҷозибаро пайдо кардем, ки барои насли имрӯз дастури пурарзиш, намунаи ибрат аст ва аз он метавон дурри мақсудро барои дурахши оянда пайдо кард. Ин зани некухислат замоне тавлид шуд, ки падараш Анвар Муллочаев котиби Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод, модараш хонашин, андармони кори рӯзгору тарбияи фарзандон буд. Байни панҷ духтару панҷ писар Қурбонгули зираку дӯстрӯ камол меёфт. Гарчанд падар амалдору дар вазифаи масъули вақт буд, ҳаёти одиву хоксорона доштанд, бо ҳам иттифоқу меҳрубон буданд, аз ин рӯ, оилаи ононро намунавӣ медонистанд.
Ҳини таҳсилу омӯзиш вай ҳамроҳи хоҳару бародаронаш ба корҳои боғдориву кишоварзӣ машғул шуда, дар парваришу нигоҳубини ниҳолу сабзавоти боғи наздиҳавлӣ ба волидон ёрӣ медод. Ҳар тирамоҳ аз 8 то 10 тонна себу нок ҷамъ меоварданд, ки боиси фаровонии рӯзгорашон мешуд.
Ҳини мактабхонӣ орзуи иқтисоддон шудан дошт, аммо баъди он ки ба кори омӯзгорӣ ҷалб намуданд, ба ин касб дил басту шомили факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе шуд ва онро ғоибона хатм кард. Аз мактаби созмони ҷавонон - комсомол баҳра бардошта, қадам ба арсаи кори роҳбариву сиёсӣ гузошт. Муддате сарвари ҷавонони ноҳия буд. Дар масири роҳбарӣ таҷриба омӯхт. Ин буд, ки ӯро раиси Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ, ки 13 деҳаро ба ҳам мепайвасту аз ҷумлаи деҳоти калонтарини ноҳия маҳсуб меёфт, таъин намуданд. Ин ҳангом 24 сол дошт.
Аз он ки хуни истеъдоду ғайрати роҳбарӣ дар вуҷудаш ҷӯш мезад, мекӯшид мушкиливу муаммоҳои ба рӯяш бозшударо бартараф сохта, муваффақ шавад. Толеву бахти баландаш дар он буд, ки падараш ҳамеша паҳлуяш қарор дошт. Бо раҳнамоии падар қадами қатъӣ ба ояндаи пурумед мегузошт, то бо сари баланд идомадиҳандаи амали пуршарафи сулола гардад. Дар ин айём оила поягузорӣ кард, соҳиби фарзанд шуд. Такопӯву талош дошт, то дар оила модари меҳрубону дар кор роҳбари кордон бошад. Фатҳи қуллаҳо барояш муяссар мешуд. Торикии шабро ба равшании рӯз мепайвасту содиқонаву софдилона иҷрои вазифа мекард.
Маҳорату малакаи ташкилотчигиву роҳбариаш боис шуд, ки соли 1984 раиси Ҷамоати деҳоти Комсомолобод интихоб гардид. Ин деҳот ҳам хурд набуд. Мушкилоту муаммоҳои ба худ хос дошт. Дар ин вазифа то соли 1987 фаъолият намуд. Баъдан мудирии шуъбаи умумӣ ва шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нурободро бар зимма дошт.
Қурбонгул Муллочаева замоне, ки мудири бахши фарҳанг буд, бӯи ғализу дуду сиёҳи айёми нооромӣ димоғро сӯзонд. Ҳар лаҳза шоҳиди як ҳаводиси мудҳиш шудан аз эҳтимол дур набуд. Соли 1995 барои он ки аз баҳри кор барояд, гурӯҳҳои мухолиф то дари қасри фарҳанг растаҳо гузошта, бозор созмон доданд, аммо комёб нашуданд. Ин зани мубориз бо баҳои ҷон барои адлу адолат бо ин гуна ашхос мубориза бурд, дар қатори мардон миён маҳкам баст. Ҷояш омад бо бадхоҳон даст ба гиребон ҳам шуд. Дар ин вазифа давоми ҳашт моҳ бе маош, бо дасту дили гарм кор кард. Дилаш ба кормандон месӯхт. Ба чеҳраи пажмурдаю парешони онҳо дида дӯхта, дилаш сиёҳу реш-реш мешуд, бо алам ба душманони миллат барои ба чунин вазъ овардани Меҳан нафрин мехонд.
Он айёмро ба хотир оварда, вай қисса мекунад, ки бесарусомониҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз дили мардум сар карда, то бинову боғу кӯчаҳоро рахнаву тираву тор карда буд. Вақте соли 2000 мудири шуъбаи маорифи ноҳия таъин шуд, соҳа фалаҷ гардида, дар ҳолати хеле вазнин қарор дошт. Руҳафтода нагардида, роҳи ҳалли мушкилотро ҷустуҷӯ намуд. Дари Вазорати маорифро барои мадад кӯфт. Нақшаҳояш то ҷое амалӣ шуданд. Аз марказ то ноҳия роҳ дур, бар болои ин барфи бисёр борида буд. Мошини мизу курсиҳои аз ҷониби Вазорат ҷудошуда, дар роҳ чаппа шуд, лавозимот рӯи барф мехобиданд. Қурбонгул бо дидани ин вазъ дилтанг нашуд, балки роҳи мушкилотро дарёфт, бо душворӣ бошад ҳам, мизу курсиҳоро ба мактабҳо расонд.
Ана ҳамин такопӯву азхудгузаш¬танҳояш буд, ки дар муддати ду сол дар ноҳия 30 мактаби нав бунёд шуд, шумораи хонандагону омӯзгорон низ чанд маротиб афзуд. Духтаронро барои таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар бештар ҷалб намуд. Хона ба хона гашта, бо волидони онҳо суҳбат орост.
Сарфароз аз он аст, ки ба шарофати тадбири неку хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Квотаи президентӣ таъсис ёфт ва барои дохил шудани 320 нафар духтарони деҳот ба донишгоҳҳо раҳнамо шуд. Хушҳол аст, ки ҳоло ин гулдухтарон ҳама соҳиби маълумоти олӣ, касбу амали нек дар вазифаҳои гуногун фаъолият доранд.
Соли 2005 Қурбонгул Муллочаеваро муовини аввали раиси ноҳия таъин карданд. Давоми солҳои роҳбарӣ ин зани соҳибтадбиру равшанзамир тавонист барои беҳбудиву рушди ноҳия саҳми арзанда гузорад. Ин бонуи равшанзамир имрӯз аз он меболаду мефахрад, ки шогирдонаш ба ӯ эҳтиром доранд, дар илму маърифат, зиндагиву рӯзгор ӯро пайравӣ намуда, баракат ёфтаанд. Шукронаи онро доранд, ки аз мактаби ин зани порсову оқила баҳра бурдаанд.
Қурбонгул Муллочаева дар ҳалқаи 4 фарзанду 10 набера хушу хуррамона давлати пирӣ меронад. Қаноатмандиву сарфарозӣ аз бахту толеи насибгашта дорад. Шод аз он аст, ки дар кишвар сулҳ пойдор асту созандагиву ободонӣ ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон доман мезананд.
Далери САФАР, ноҳияи Нуробод