Ростӣ, дар овони мактабхониву ҳатто даврони донишҷӯӣ ба гумони «Гапи хона ба бозор рост наояд, ҳукми имрӯз ба фардо» ба мақоми ифтихории омӯзгор ноил шудан афсонаи ширине менамуд, ки ҳатто дар хобу хаёлоти мо наомада буд, - табассумомез риштаи суҳбатро мекушояд Дилафрӯз. - Дар пайроҳаи ноҳамвори амалисозии орзуву омоле, ки меҳрашро устодони забардаст Алимад Хоркашев, Шамсулло Давлатов ва чанде аз маорифчиёни асилзода дар қалби кӯчаки мо парварда буданд, ахиран ҳамчун муаллими ҷавону донандаи забонҳои хориҷӣ фаъолияти омӯзгориро аз Мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе оғоз бахшидам.
Албатта, баъди курсии донишҷӯӣ яку якбора дар қатори беҳтарин омӯзгорони сатҳи ҷаҳонии кишварҳои Россия, ИМА, Канада, Филиппин, Ҳиндустон ба толибилмони Мактаби байналмилалӣ бо забони хориҷӣ дарс гуфтан кори саҳлу сода набуд. Аммо ба хотири зарфиятҳои забондониву донишу маҳоратҳои аз зодмандон ва овони таҳсилоти дар факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бардоштааш, ӯро нахуст ба симати асистент - омӯзгор ба кор гирифтанд. Муддати чанд моҳ, аз омӯзгорони ҳирфаӣ таҷриба андӯхта, дар қатори онҳо ба шогирдон дарс мегуфт.
- Ҷавобан ба таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба тарбияву ташаккули зеҳнии насли ҷавон таваҷҷуҳи зиёд доранд, ояндасозони Тоҷикистонро мебояд, то бо азму иродаи устувору кӯлвори донишҳои замонавӣ ва забондониву ҷаҳонбинии васеъ дар ташаккули низоми навини таълим ва ислоҳоти соҳаи маориф саҳми худро гузоранд, - изҳор медорад Дилафрӯз Раҷабзода.
Ба андешаи муаллим дар масири сарнавиштсози миллату давлатдорӣ ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба рушду эҳёи илму маориф ва фарҳангу тандурустӣ аз фитрати бузургманишиву азму иродаи ояндасозиҳои Роҳбари давлат дарак медиҳад, ки амалӣ намудани орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷикро рисолати худ дар зиндагӣ донистаанд…
Моҳи ноябр бо рӯйдодҳои муҳими таърихиву тақдирсози Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президенти Тоҷикистон барои тоҷикистониҳо моҳи эҳёву ояндасозӣ аст. Чун дар санаи 16-уми ин моҳ, дар Иҷлосияи тақдирсоз зимоми давлати дар гирдоби ҷангу даргириҳои сиёсиро намояндаи мардумӣ, парвардаи дудмони заҳматкашони одӣ Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифт, ки бо паёми сулҳу даъвати гурезаҳо ба Ватан дар қалби ҳазорон ҳамватанони хеш шуълаи умед ба ояндаи дурахшони Тоҷикистонро бедор намуд…
Дилафрӯз Раҷабзода, солиён дар зинаҳои мушовири синфҳои ибтидоии кабинети ме¬тодӣ, мушовири фанни забони англисӣ ва сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода фаъолият бинмуда. Баҳори соли 2019 сармутахассисии раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар зимма дошт.
- Такмили касбият ва сайқали маҳорату кордонӣ дар зинаҳои аввали Вазорати маориф ва илми кишвар дар тарбияи кадрҳои роҳбарикунандаи риштаи маориф ва илм нақши бузург доштааст, - иброз медорад ҳамсуҳбати мо. – Гардиши айём соли 2020 ба хотири рушду барқарорсозии муассисаҳои таълимии барои наврасони лаёқатманд, маро ба Муассисаи давлатии таълимии Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб фиристоданд, ки 16 сол қабл ин боргоҳи муқаддасро бо баҳои аъло хатм карда будам. Сарфи назар аз хушбиниву эҳсосоти фараҳбахш, ки ормонҳои наврасӣ воқеият мешуданд, вале ҳаяҷоне аз масъулияти навбатӣ вуҷудамро фаро гирифта буд, ки то куҷо боварии роҳбариятро сазовор мегардам.
Ӯ бо шукргузорӣ аз толеи баланди хеш иброз дошт, ки ҳанӯз аз овони мактабхонӣ мао¬рифпарварони асиле устоду роҳнамои ӯ дар интихоби касб ва нерубахши гомҳои устувораш дар пайроҳаи омӯзгорианд. Ҳамвора аз илму маърифати устодон баҳраманд асту андар лаҳзаҳои тақдирсози зиндагӣ ба маслиҳати пирони раҳнамо мушкилу монеаҳоро ба осонӣ паси сар мекунад.
Бад-ин минвол, бо ҷалби омӯзгорони беҳтарини шаҳр ва донандагони забонҳои хориҷӣ дар муддати кӯтоҳ Муассисаи давлатии Литсей барои хонандагони болаёқат дар радифи муассисаҳои пешқадами шаҳри Кӯлоб қарор гирифт.
Дилафрӯз Раҷабзода аз моҳи августи соли 2022 ҳамчун мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе фаъолият дошта, маромаш ин аст, ки дар радифи иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузоштаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва роҳбарияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, боз ҳам раванди таълиму тарбияро ҷавобгӯи талаботи замони муосир ба роҳ монда, бо ноил шудан ба дастовардҳои илмиву эҷодӣ соҳаи маорифи ноҳияи Фирдавсиро дар ҷумҳурӣ ва фаротар аз он муаррифӣ намояд.
- Ғолибияти мураббияи Муассисаи таҳсилоти томактабии № 119-и ноҳияи Фирдавсӣ Шукрона Мадиева дар Озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон – 2023» ҳанӯз пайки аввали самараи ташаббусҳои ояндасоз дар самти рушди соҳаи маориф аст,- мегӯяд Дилафрӯз Раҷабзода…
Ба гуфтаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии кишвар ва рӯи кор омадани озмунҳои илмиву эҷодӣ ва фарҳангию ҳунарӣ, шаҳрдори Душанбе ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати таълим омодасозии толибилмон ба озмуну олимпиадаҳо тадбирҳои бузурги ободониву муҷаҳҳаз гардондани муассисаҳои таълимиро амалӣ карда истодаанд.
- Марҳалаҳои инкишоф маорифпарваронро водор месозанд, ки бо таваҷҷуҳи ҷиддиву масъулияти дучанд ба тарбияи насли оянда бипардозем, то ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди соҳаи маориф самараи дилхоҳ ба бор оварад, - гуфт дар фарҷом Дилафрӯз Раҷабзода.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН