Дар қатори бонувони чеҳранамо ва номвар симои гарми бонуи соҳибмақом Азимӣ Зайнура Оқилзодаро метавон нақши дафтар кард, ки имрӯз бо кордониву раҳнамоӣ вазифаи муовини раиси вилояти Суғдро бо масъулияти том адо менамояд.
Перомуни ҳаёту фаъолияташ бо Зайнура Азимӣ суҳбат оростем, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем.
Назаре ба зиндагинома
Зайнура Азимӣ 13 ноябри соли 1972 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Баъди хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Панҷакент, озими шаҳри Душанбе шуд. Пас аз хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз соли 1992 дар МТМУ №47-и зодгоҳаш ба насли наврас аз фанни забон ва адабиёти тоҷик сабақ дод. Соли 2008 ӯро директори мактаб таъин намуданд. Соли 2015 директории МТМУ №1-ро бовар карданд. Ҳамзамон, ду навбат вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд интихоб гардид. Моҳи июли соли 2017 муовини раиси шаҳри Панҷакент таъин гашта, то соли 2019 дар ин вазифа фаъолият намуд. Аз моҳи июли соли 2019 муовини раиси вилояти Суғд аст. Оиладор, соҳиби се фарзанд ва се набера мебошад.
Нахуст мехостем аз боби чаҳор озмуне, ки зери сарпарастии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат роҳандозӣ шудааст, чанд сухане мегуфтед.
- Бо баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат», «Илм -фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» оммавияти илму ирфон афзуд. Дар озмунҳо баробари хонандагону донишҷӯён бузургсолон низ бо шавқу завқ иштирок намуда, дониши худро месанҷанд. Озмунҳо ба хотири баланд бардоштани маънавиёти аҳли ҷомеа аст. Ҳамасола дар сатҳи хеле баланд доир мегарданд. Шумораи иштирокчиён сол ба сол новобаста ба синну сол, касбу кор меафзояд, ки ин, албатта, боиси хурсандӣ ва ба манфиати аҳли ҷомеа аст.
Шаҳди ғалабаро дар лаҳзаҳои гуногун чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
Лаҳзаҳои файзбахши зиндагӣ ҳамон аст, ки гоҳе ноком мешавӣ, гоҳе ком ширин менамоӣ. Баъдан, фарқи шириниву талхиро эҳсос месозӣ. Ин ҳангом, мавҷи дарё ба ёдат мерасад. Шиновари моҳир бояд буд, то ғарқ нагардӣ. Сипари боэътимоди ҳар шахс ақлу фаросат, сабуриву хоксорӣ, назари нек ба имрӯзу оянда аст, ки барои ҳар инсон заврақи мурод ба соҳили ғалаба шуда метавонад.
Замоне машъалафрӯзи илму дониш дар байни насли наврасу ҷавон будед, алҳол дар арсаи сиёсат фаъолият доред. Иҷрои кадоме аз ин рисолатҳо бароятон мушкилтар аст?
Омӯзгор чароғафрӯзи илму дониш, роҳбар раҳнамои адлу адолат мебошад. Дар иҷрои ҳарду рисолат масъулият, дониш, таҷриба, сабр, таҳаммул, дарку муносибати нек лозим аст, то онро бо сари баланд ба анҷом расонӣ. Аз он ки дар сарнавиштам ин рӯз сабт гардидааст, мекӯшам бо садоқату бо муҳаббат иҷрои рисолат намоям. Ҳамчунин, истифодаи босамари вақту тақсимоти одилонаи вақт ғалаба бар ҳамаи муаммоҳост, ки ин ҳама дар дасти худи инсон аст. Бароям бахти бузург аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ ба арсаи сиёсат қадам гузоштам ва байни ҷомеа фаъолият дорам.
Шояд дар орзуи амале будед, ки дар ҳаллаш бисёр талош доштед…
- Замони дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 47-и шаҳри Панҷакент роҳбар буданам, шароити таҳсил чандон хуб набуд, зарурат тақозои бинои нав мекард. Бисёр хушоянд аст, ки як сол қабл бинои муассиса навсозӣ гардид ва аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷашни Истиқлоли давлатӣ армуғон шуд.
Кадом амали ба анҷом расондаатон боиси қаноатмандии Шумо гардид?
- Ҳар коре, ки ба нафъи ҷомеа бошад, аз амали худ қаноатманд мешавам. Зеро мо хизматгори халқ ҳастем ва бояд барои мардум донишу малакаи худро сарф намоем, то мушкилкушои муш¬килоти онҳо бошем.
Ҳамчун зан-сарвар хушбахтии хонаводагӣ дар чӣ зуҳур меёбад?
- Гили хушбахтӣ дар дасти худамон аст. Бо дастони гулпарвар, забони шаҳдрез, қалби бомуҳаббат, сабуриву тамкинӣ оилаи мустаҳкаму пойдорро соҳиб мешавем. Сари як мизи хоксорона, дар фазои хурсандиву шодмонӣ даме ҳамсадои қалби ҳамдигар гардидану қиссае аз шодӣ гуфтан беҳтарин лаҳза аст, ки онро хушбахтии хонаводагӣ метавон ном бурд. Вақте зан соҳибмаърифату соҳибхирад аст, хушбахтӣ дари хушбахтро мекӯбад. Кулбаи фақирона ба қасри зебои пурмуҷалло табдил меёбад.
Шуғли дӯстдоштаатон…
- Китобхонӣ, ки аз падару модари маърифатпарварам мерос мондааст. Воқеан, китоб аст, ки зиндагии инсонҳоро ба таври мусбат тағйир медиҳад, дар замири инсон тухми некиву накукориро мекорад…
Зиндагии мо дар шаҳр гузашта бошад ҳам, бо ҳунару ҳунармандӣ пайванд будем. Дар пайравии бибиву модаркалонам зардӯзиву гулдӯзӣ ва ҷуроббофӣ мекардем. Боиси хурсандӣ аст, ки ҳоло ҳам занону духтарон даст ба ҳунарҳои мардумӣ доранд…
Нақши зан дар тарбияи фарзанд, ҳамчунин, дар танзими анъана ва расму оинҳо хеле муҳим аст. Мавқеву амали занони вилоятро дар ин бобат чӣ гуна баҳо медиҳед?
- Чун ба оинаи рӯзгору зиндагии мардум назар меафканем, ҷилову тобиши онро бидуни занон наметавон пайдо кард. Маҳз бонунвон нурафкани чароғи хонадон ҳастанд. Дар бештари маврид маъракаву маросимҳои хонаводагӣ ба онҳо пайванд аст. Баъди ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ташаббуси занони фаъоли вилоят дар доираи амалкарди ин Қонун тадбирҳои босамар роҳандозӣ мешаванд. Умед дорам, ки занони соҳибтадбири мо минбаъд низ баҳри амали пурраи ин санади зиндагисоз саҳми худро боз ҳам афзун менамоянд.
Бимуслима РАҲИМОВА,
рӯзноманигор