Омӯзгори варзида ва бонуи кордон Гулрӯ Сатторова моҳиятан маҳзари зебоӣ, доноӣ ва некуӣ аст. Ҳамин ҷанбаҳо ва хислатҳои ҳамидааш ӯро дар ҷомеа соҳибэҳтиром гардондаанд.
Фаъолияташ аз мураббии мактаб – интернати ба номи Садриддин Айнии шаҳри Панҷакент то роҳбарии калонтарин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии пойтахти кишвар масир дорад. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллими дараҷаи олӣ, ғолиби озмунҳои «Директори сол – 1999» ва «Директори сол – 2011» аз ҷамъи дастовардҳои номбурда «муште аз хирвор»-ро мемонад. Мавсуфро қаблан ғоибона мешинохтам. Дар суҳбат волидон вижагиҳои фаъолияти омӯзгориашро васф карданд. Гуфтанд, ки рисолат ва вазифаи муҳимтарини падару модарон тарбияи хуб ва таъмини шароити мусоид барои ӯ мебошад. Агар ин рисолат бо фаъолияти созандаи омӯзгорон омезиш ёбад, фарзандон, албатта, таълиму тарбияи дуруст мегиранд ва ба роҳи рост ҳидоят мегарданд.
Онҳо бо самимият афзуданд, ки Гулрӯ Сатторова ҳамчун омӯзгор ба маънои том машъалафрӯзи ҷаҳони маънавӣ ва нурбахши зиндагист ва ин рисолат ӯро дар ҷомеа сазовори обрӯ ва эҳтироми хосса гардондааст. Падару модароне, ки фарзандонашон дастпарвари устоданд, бо самимият эътироф кардаанд, ки вай дар баробари омӯзондани дониш, инчунин, дар омӯзондани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост собитқадам мебошад. Ба ибораи дигар, ин омил ба меъёри ахлоқии фаъолияти он ҷониб табдил ёфтааст. Зикр гашт, ки истеъдоди баланди роҳбарӣ дорад. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки дар онҳо Гулрӯ Сатторова директор буд, дар муддати нисбатан кӯтоҳ ободу пешрафта шуданд.
Дар байни нозукиҳои омода намудани кадрҳои баландихтисос, холисона, дар руҳияи озодӣ, баробарӣ ва адлу инсоф, тарбия кардани насли нав дар ҳама давру замон пураҳамият аст. Аз ин назар, ҷомеаи солим ниёз ба омӯзгоре дорад, ки бояд дониш, малака, санъат ва ҳунари волои худро, ки тули солҳо касб кардааст, холисона ба шогирдон пешниҳод созад. Дар ин раванд, ӯ бояд асрор, қонуниятҳои муҳимро тарзе ба шогирдон дастрас намояд, ки онҳо тавонанд аз устод дар муҳлати муайян пеш гузашта, барои дастовардҳои нав ва нодир омода бошанд.
Муаллим ҳамчун зиёии муосир бояд намуна дар гуфтор, кирдор бошаду шогирдонро барои амалҳои нек ва кашфиётҳои нав илҳом бахшад. Устод бо фаҳмондану вазифа додан қонеъ нашуда, бо рафтори шахсӣ ва илҳом бахшидан ба шогирд ӯро ба фатҳи қуллаи умед дилпур созад. Танҳо дар чунин сурат ҳамчун зиёии муосир метавонад нақши худро дар инкишофи ҷомеа гузорад. Чунин хислатҳои ҳамида дар Гулрӯ Сатторова хеле муносиб тавъам афтодаанд.
Бо вуҷуди густурда будани доираи фарогирӣ, фаъолияти омӯзгор асосан аз таълим ва тарбия таркиб ёфтааст. Гулрӯ Сатторова ҳамчун омӯзгори асил ин пайвастагиро ҳамеша дар мадди назар дорад. Чунин муносибат замина фароҳам овард, ки дар давоми фаъолият меъёрҳои арзёбии дониши шогирдонро тавсеа бахшад, барои омӯзондани таърих, забон, адабиёт, фарҳанги гузаштаву муосир, расму оин ва дигар арзишҳои миллӣ ҷаҳд кунад, ба хонандагону донишҷӯён арзишҳои муқаддаси истиқлолият ва озодиро возеҳ шарҳ диҳад, моҳияти сулҳу суботро ҳамчун шарти асосии зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистони азиз таблиғ созад.
Болозикр ҳамчун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас мунтазам барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои хирадмандона ва бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талош кард. Дар доираи ваколатҳояш тамоми кӯшишро ба харҷ дод, то дастури ин абармарди дунёи сиёсат: – «Низоми маорифи мо бояд ба он ноил гардад, ки ҳар як сокини Тоҷикистон таърихи ташаккули давлатдории миллӣ, зарурати ҳифзи он, аҳамияти истиқлолу соҳибихтиёрӣ, таҳдидҳои мавҷуда ба давлату ҷомеа, оқибатҳои эҳтимолии чунин таҳдидҳо ба пояҳои давлатдории миллӣ ва монанди инҳоро хуб дарк намояд», - сари вақт иҷро гардад.
-Қадршиносӣ ба мо руҳу илҳоми тоза мебахшад. Ба шарофати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълим додан ва тарбия намудани насли нави огоҳу соҳибмаърифат ва ояндасозу худшинос дар раванди эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа табдил ёфт, - иброз карданд муаллим.
Ба андешаи Гулрӯ Сатторова, падару модарон бояд ба таълиму тарбияи фарзандон зиёдтар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд, онҳоро дар руҳияи ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, эҳтироми калонсолон ва омӯзгорон тарбия карда, барои боло рафтани сатҳи ҷаҳонбиниву дониши наврасону ҷавонон саъю талош варзанд. Муҳимтар аз ҳама, онҳо бояд назоратчӣ набошанд, балки фарзандони худро тарбия кунанд ва барои ҳамчун инсони комил ба воя расондани онҳо заҳмат кашанд. Зеро ин кор танҳо вазифаи мактаб ва омӯзгор нест.
Чунин хулоса маҳсули рӯзгори пурсаодати ӯ мебошад, ки ҳамчун арзишҳои инсонӣ меҳвару ҷавҳари зиндагии ӯ буданд. Бонуи соҳибэҳтиром бо ҳамсараш равоншод Салимбек Расулов зиндагии гуворо доштанд. Фарзандонашон Мавлуда, Улуғбек ва Беҳзодро дар руҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ба воя расонданд. Гулрӯ Сатторова орзу дорад, ки фардои Тоҷикистонро боз ҳам ободу пешрафта, марзу буми давлатро орому осуда ва ҳар фарди миллатро хушбахт бинад. Сарфи назар аз нафақахӯр будан, ба ҳеҷ ваҷҳ бетафовутиро ихтиёр накарда, ба насли ҷавон дӯст доштани Ватан, обод намудани он ва ҳифзи манфиатҳои миллиро меомӯзонаду рисолаташро дар ҳамин мебинад.
Далери АБДУЛЛО,
Журналист