Мудом, вақте дар оинаи нилгун корномаи сохт¬мончиёни тоҷикро дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» медидам, пеш аз ҳама, ба илҳомбахши иншооти аср - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳсану офаринҳо мехондам, зеро маҳз ба шарофати ҷасорат, матонат ва ибтикорашон сохтмони Неругоҳ дубора шуруъ шуд, авҷ гирифт. Бо «Корвони журналистон» ба НБО «Роғун», аз ҷумла водии Рашт роҳ гирифтан, фосилаи амалӣ шудани орзуи деринтизорамро наз¬диктар намуд.
Бо паси сар шудани ҳудуди шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат Файзободи файзбахш бо табиати зебоманзару ҳавои атрогинаш ҳамсафаронро неруи тоза бахшид. Роҳбалади корвон раиси Иттифоқи журналистониТоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода дар бораи деҳаҳо маълумот медод.
- Ин ҷо даромадгоҳи деҳаи Заркамар аст, - таъкид дошт роҳбалад ва афзуд, - рустоест, дар баландӣ. Оби тармаву чашмасоронаш ба поён мефурояд ва ягона ҷоест, ки об ҳам ба боло ва ҳам ба поён меравад. Дар поён ба дарёи Элок мерезад, дар боло то деҳаи Ковокдараи Роғун қад-қади шоҳроҳи Душанбе - Нуробод мерасад.
Саргарми суҳбат қатори мошинҳо ба шаҳри нур¬офарон - Роғун мерасад. Намояндагони Мақо¬моти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун меҳмононро бо чеҳраи кушод пешвоз мегиранд. Муовини аввали раиси шаҳр Раҳматулло Файззода аз хусуси дастовардҳои замони истиқлол сухан гуфта, таъкид месозад, ки маҳз дар ин давра Роғун ба як шаҳри замонавию дилкаш табдил ёфт. Бароя¬мон либоси корӣ меоранду кулоҳ ва роҳсипор мешавем ба маҳали кори сохтмончиён…
Боварам намеояд, ки Неругоҳро аз наз¬дик мебинам. Хурсандиям ҳадду канор надошт, ба мошинҳо савор шуда вориди нақб шудем. Нақлиёти гуногун дар дохили нақбҳо дар ҳаракатанд, корро авҷ мебахшанд. Тамоми гурӯҳро ҳаяҷон фаро гирифта буд, аз баландӣ мошинҳои калони боркаш ба монанди мӯрчаҳо саф кашида, аз як ҷой ба ҷои дигар сангу шағал мекашонданд. Кормандони Неругоҳ аз суръати баланди корҳои сохтмонӣ ва нақшаҳои ояндаи худ маълумот медоданд. Вақте аз баландӣ менигаристем, маҳали сохтмонӣ ба як деҳаи хурдакаке монанд метобид, аммо, вақте вориди Неругоҳ шудем, шоҳиди як шаҳри азими сохтмонӣ бо ҳазорон мутахассису корманд гардидем, ки бо як завқи баланд корро пеш мебурданд. Воқеан, онҳое, ки имрӯз дар Неругоҳ кор мекунанд, қаҳрамонони воқеии давронанд. Мутахассисони тоҷик, ки солҳост дар зери замин заҳмат мекашанд, ба хотири ояндаи дурахшон кори худу коргоҳи азизи худро дӯст медоранд. Ҳашамати бузурги Неругоҳ бозгӯкунандаи заҳмати содиқонаи фарзандони содиқи Ватан аст…
Шиорҳои: «Роғун» ваҳдату ҳамбастагии мост», «Роғун» ҳастии миллат ва ҳаёту мамоти давлати Тоҷикистон аст» ва амсоли ин пешвозамон мегирифтанд. Бидуни шак, «Роғун» имрӯз идеяи миллист. «Роғун» ба маъбади бузурги ваҳдату ягонагии миллати тоҷик табдил гаштааст.
Роҳи мошингарди Неругоҳ, ба монанди ҷамолакҳои духтарони кӯҳистонӣ, ба мошинҳои калони боркаш роҳкушоӣ мекард. Аз баландӣ ба рӯд менигарам, гирдоби рӯд печида – печида ба қаъри об мерафт, гӯё роҳи дигари хонаи худро интизор бошад. Ба роҳи дигари нақб даромадем, ҳамон хонаи гирдобро дидам, ки акнун дар панҷаи бетону арматурҳои ғафс бофташуда нуқтаи охирини обрезии худро пайдо мекунад.
Имрӯз дар Неругоҳ беш аз 14 ҳазор сохтмончӣ бо як мақсад - таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон талош меварзад, кохи бузурги нурро бунёд месозад. Дар ин шаҳри зеризаминӣ вусъати корҳоро дида, кас ангушти ҳайрат мегазад.
Дил намехоҳад ин макони ободиофарро тарк намоӣ. Ҳар лаҳзаи кори шоёни коргарони пуршарафи НБО «Роғун» сазовори садҳо достон аст. Бо онҳо бояд ҳамнаво буд, зеро агрегатҳои сохтаи онҳо хонадони тоҷикистониёнро нуру зиё мебахшанд. Заҳмати онҳоро васф бояд намуд. Паёми онҳоро, ки нишоне аз садоқати комил ба Ватан ва Истиқлол аст, бояд шунид. Паёмеро, ки аз матонату меҳнатдӯстӣ сарчашма мегирад ва тадриҷан самар ба бор меорад.
Наргис МУҚИМЗОДА,
номзади илмҳои педагогӣ