То ғуруби офтоб лаҳзаҳои башумор монда бошанд ҳам, вай хишоваи сабзавотро идома бахшида, ғазал мехонд, ба дунболи шоҳбайтҳои мақбули дилаш мисрае аз ғайб мегуфт ва пас шеъри тозае тавлид меёфту дар дафтари хотираҳо сабт мегашт.
Шояд аз шуғлҳои хонагиву машқҳои фанҳои мактабӣ дида, ба дарсҳои шабонгоҳии падари маърифатпарвараш завқу мароқи бештар дошт, ки соатҳо қабл аз оғози маҳфили шеъру достонсароиҳо ӯро эҳсосоти аҷибе фаро мегирифт. Сарвари хонадон, илова ба пурсиши вазифаҳои хонагӣ, фарзандонро ба азбар намудани ғазалу порчаҳои назмӣ аз ашъори адибони классикии тоҷик талқин мекард ва дар «Шоми мушоира» аҳли хонавода маҳорати шеърхонии худро сайқал медоданд. Ҳамин сон, андар як дудмони омӯзгори забондони рус¬тои дурдасти Вахш 7 хоҳару 4 бародар мисле дар муҳити маҳфилҳои адабӣ ба воя мерасиданд. Гузори баҳорони зиндагӣ зуҳури ситорае аз миёни онҳо маҳфилорои ҷашну анҷуманҳои мактабу донишгоҳ ва минбарҳои баланди шеъру сухан гардид.
Сурайё бо ашъори дилошӯби овони ҷавонӣ маҳфилҳоро нуру зиё, ба дилҳо умед ба ишқу зиндагӣ мебахшид. То хатми таҳсилоти миёна манбаи илҳомаш китобхонаи падари суханшиносаш буд, ки устоди дарси адаб барои баҳрабарии ҷигарбандонаш аз асарҳои ҷолибу хонданӣ охирин пасандози оиларо дареғ намедошт.
Сурайё бармаҳал аз меҳру муҳаббати модар маҳрум гардида, аз он ҳама дарду андуҳи бемодарӣ варақ-варақ абёти ғамангез мондаву то имрӯз ҳам таҷассуми бузургии модару ваҳшати беочагӣ дар эҷодиёти ӯ мавқеи асосиро ишғол мекунад.
-Ҳарчанд бо гузашти умр солманду соҳиби фарзандони баркамол шуда бошем ҳам, ба навозишу маслиҳату роҳнамоии модар сахт ниёзманд, хумори норасоии меҳру муҳаббати фариштаи ҳаётии худро эҳсос менамоем, - мегӯяд Сурайёи Самизод.
Куҷоӣ модари бекинаи ман,
Саропо сарвату ганҷинаи ман.
Бирафтиву маро бо худ набурдӣ,
Аламҷои ту бошад синаи ман.
** *
Куҷоӣ шаҳсуруди ҷовидонам,
Куҷоӣ навбаҳори бехазонам.
Куҷоӣ, сар ба зонуят гузорам,
Куҷоӣ, бе ту ман бехонумонам…
Пайроҳаи ноҳамвори зиндагӣ ва шикасту сахтиҳои рӯзгорро аз синни наврасӣ таҷриба карда буд, ки дар садади интихоби касб ба тасмими падар эҳтиром гузошту ба ҷойи орзуи рӯзноманигорӣ таҳсилро дар Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар идома бахшид.
-Азбаски он солҳо дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ихтисоси филология ва рӯзноманигорӣ набуд ва падарам барои идомаи таҳсил дар пойтахт розӣ нашуд. Аз ин рӯ, пешаи ҳамшираи шафқатро интихоб кардам. Ҳамин сон, баъди хатми Коллеҷ ба ҳайси ҳамшираи шафқат фаъолият доштам, баъди се соли кор дар ДДБ факултаи филологияи тоҷик таъсис ёфту барои амалӣ намудани орзуҳои ширинам, ҳуҷҷатҳои худро ба ин муассисаи олӣ супурда, бори дувум сазовори номи донишҷӯ шудам.
Баҳори донишҷӯӣ мисли хобу хаёлоти ширин зуд гузашт. Дар баробари таҳсил ӯ ба Телевизиони вилоятии Хатлон роҳ ёфта, бо таҳия ва пешниҳоди барномаву гузоришҳои гуногунранг хумори ҳавасҳои наврасӣ мешикаст. Саршори эҳсосоти ногуфтанӣ чаман-чаман шеър менавишт ва бо пешниҳоди барномаҳои ҷолиби телевизионӣ миёни кормандони Телевизиони вилоятии Хатлон намунаи ибрат буд. Ба иқрори ҳампешагонаш Сурайёи Самизод бо барномаҳои «Чароғи маърифат», «Таҷаллои афкор», «Фарҳанги оиладорӣ» ва чандин очерку барномаҳои сертамошобин миёни сокинони вилояти Хатлон маъруфу машҳур гардид.
-Телевизион ончунон ба худ ҷаззобият дорад, ки сарсупурдаи ин ҷодаи пурмасъулият лаҳзаи гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳо ва ҳатто ҳалқаи аҳли оила ҳам дар баҳри фикру зикри барномаи ояндаи худ ғарқ шуда, аз дидгоҳи атрофиён аҷибу ғариб менамояд,- хандида ба ёд меорад Сурайёи Самизод. – Яъне, барои таҳияву омодасозии барномаи телевизионӣ ҳам монои эҷоди назму носирӣ заҳмати зеҳнӣ мебояд, ки дар ин ҷода кӯлбори илму маърифати воло ва хазинаи бойи луғавӣ нақши муҳим мебозанд.
-Маҳз муҳити созгор, самимияту ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми аҳли эҷодии Телевизиони вилоятии Хатлон буд, ки тайи 30 сол на домани шеърро аз даст додааму на аз ҷодаи телевизион канор рафтам, - изҳор медорад Сурайё.
Ҳарчанд ҳамаи маҳсули эҷодашро ба табъ нарасондаасту толибони каломи бадеъ аз ҷавҳари эҷодиёти ӯ ҳанӯз баҳравар нашудаанд, шукуфтаҳои сарсабзи эҷодии ӯ варақ-варақ ба китобу маҷмуаҳои шеърӣ ҷамъ мешаванд ва мутмаин аст, ки рӯзе ба амалӣ намудани орзуҳои эҷодаш даст хоҳад ёфт. Ҳамин сон, Сурайё аз баракати ишқу муҳаббати шоирона бо ҳамсари ҳампешааш ду фарзанд Афсона ва Амирҷонро ба воя мерасонад. Сурайё ризқи худро аз дили шаб меҷӯяд, ки милоди ҳар шеъри диловезаш аз саргузаштҳои хаёливу рӯзу рӯзгорони воқеии бонувони меҳанаш эҳё гардидааст.
Ҷ. УСМОН,
шаҳри Бохтар