Дар суҳбати Ҳурият Эргашеваи 90-сола
Бо орзую умеди зиёд ӯро падар Ҳурият ном гузошт, то минбаъд дар Меҳан аз насими озодӣ нафас бигирад ва аз неъматҳои моддию маънавии Инқилоби Октябр баҳра бардорад. Вай бонуест, ки дар давоми 90 соли зиндагии пурбаракаташ лаҳзаҳои гуногун: шодию нишот, ғаму андуҳ, ҷанг, сулҳ, ғалабаи даврони шуравиро аз сар гузаронда, инак аз наҳкати истиқлолият нафас мекашад ва шукри ободии Ватан мекунад.
Духтари сеюм
Ҳурият Эргашева 4-уми июли соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Падараш Юсуф Каримов собиқадори Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 буда, дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор кардааст. Модараш Бисидиқа дар тарбияи шаш фарзанд саҳми шоиста гузоштааст. Ҳурият дар оила фарзанди сеюм буда, дар 6-солагӣ ба мактаб рафт ва пеш аз муҳлат онро ба итмом расонда, соли 1948 ба Институти занонаи муаллимтайёркунии шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд) дохил шуда, онро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик хатм кард. Сипас, солҳои 1950–52 дар Институти педагогии ба номи Кирови шаҳри Ленинобод таҳсил намуд. Пас аз хатми курси якум ӯро ҳамчун фаъол¬тарин донишҷӯ ба сафари 15-рӯза ба Мос¬ква фиристоданд.
Солҳои наврасии Ҳурият ба давраи ҷанг рост омад ва ӯро лозим меомад, ки ба ғайр аз таҳсил ба модараш ёрӣ расонад. Падар ва тағояш дар фронт буданд. Бофандагию ресандагӣ ва тоқидӯзӣ мекард, нигоҳубини додару хоҳарчаҳояшро бар дӯш дошт. Рӯзи Ғалабаро хуб дар ёд дорад, он вақт 13 сол дошт. Дар назди қалъаи шаҳри Хуҷанд радио насб шуда буд. Он субҳ Левитан хабар дод, СССР дар ҷанг Ғалаба кард. Шодии мардумро ҳадду канор набуд. Пас аз як сол падари Ҳурият бо захмҳои зиёд аз ҷабҳа баргашт.
Аз филология ба геология
Пас аз хатми Институт ҳамчун ходими адабӣ дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» ба эҷод пардохт. Ҳамзамон, дар мактаби шабонаи калонсолони шаҳр аз рӯи ихтисоси худ дарс медод. Соли 1953 бо Султон Эргашев, ки хатмкардаи факултети геологияи Донишкадаи политехникии осиёимиёнагии Тошканд буд, ба шавҳар баромад. Ҳуриятро лозим омад, ки кори худро тарк намуда, бо шавҳар ба минтақаҳои гуногуни вилоят барои кашшофии канданиҳои фоиданок равад. Ҳамин тариқ, ба шарофати фаъолияти шавҳараш, ӯ ба самти геология наздик шуд.
Соли 1956 дар шаҳраки Адрасмон духтари нахустинашон Дилбар дида ба олами ҳастӣ кушод. То соли 1961 Ҳурият ҳамчун лаборант дар лабораторияи кимиёвии экспедитсияи Конимансур фаъолият дошт. Соли 1961 шавҳараш котиби сеюми КМ ПК Тоҷикистон интихоб шуд, назорати тамоми соҳаи саноати Тоҷикистон ба ӯ вогузор гардид. Маҳз дар ҳамин давра ба бузургтарин иншооти стратегӣ, Неругоҳи барқи обии «Норак», Заводи алюминийи Регар, Заводи нуриҳои азотии Вахш ва ғайра асос гузошта шуд…
Субҳи наҳс
Вазифаи нави пурмасъул боис шуду онҳо ба пойтахт кӯч бастанд. Ҳурият фаъолияти худро дар лабораторияи марказии Саридораи геологияи ҷумҳурӣ идома бахшид. Мурод ва Лола ба дунё омаданд, аммо ба зиндагии осудаи онҳо «чашм расид». Субҳи 1-уми октябри соли 1973 касе дари онҳоро кӯфт. Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов, ки ҳамсояи онҳо буд, хабар дод: «Дигар саробони оилаатон бо мо нест»…
Дар Панҷакент зимни боздиди макони канданиҳои фоиданок чархболе, ки дар он Султон Эргашев ва чанд намояндаи ҳукуматӣ аз Москва ҳузур доштанд, дар натиҷаи садама, ба ҳалокат расиданд…
Ҳурият бо се фарзанди ноболиғ танҳо монд. Нимпайкараи шавҳараш дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» гузошта шудааст.
Ҳаёте буд пур аз ишот ва муҳаббат
- Дар 20 соли зиндагӣ бо ҳамсарам ман бисёр чизҳоро аз он кас омӯхтам. Фарҳанги муошират, одамгарӣ ва ҷиддият дар корро низ. Ҳамроҳ ба сафарҳои зиёд мерафтем. Дар беҳтарин осоишгоҳҳои аврупоии Венгрия, Чехословакия, Булғория, Қрим истироҳат намудем,- ба ёд меорад Ҳурият Юсуфовна, зиндагии пурнишоти худро бо шавҳараш.
Пас аз як сол Ҳурият ба Институти педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко ба кор омад, зеро ба хонаи истиқоматияш наздик буд ва ӯ метавонист зуд-зуд фарзандони ноболиғи худро хабар гирад. Дар ҳамсоягии онҳо олимону адибони шинохта - Боқӣ Раҳимзода, Ғанӣ Абдулло, Мирсаид Миршакар, Аслӣ Бурҳонов, Туҳфа Фозилова ва дигарон мезистанд. Соли 1978 аз нав ба Саридораи геология ба кор рафта, соли 1979 курси такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи муҳандисӣ-техникиро дар шаҳри Вербилкии вилояти Москва тамом кард. Ӯ то соли 1991 дар Сар¬идораи геологияи ҷумҳурӣ кор карда, соли 1992 ба нафақа баромад,
Давлати пирӣ
Ҳурият Эргашева соҳиби 3 фарзанд ва 3 набера буда, имрӯз дар халқаи пайвандон давлати пирӣ меронад ва пас аз чанде ба синни мубораки 90 мерасад. Ӯ барои заҳматҳои бенуқсонаш бо медали «Ветерани меҳнат» сарфароз шудааст. Аз соли 1994 нафақахӯри аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад. -Ба ҷавонони имрӯза чӣ гуфтан мехоҳед мепурсам аз муаллим. Гуфтанд:
- Меҳри китобхониро дар дили худ ҷой диҳанд. Адаб омӯзанд ва дар оянда мустақилона роҳи худро дар зиндагӣ пайдо намоянд. Аз худ кардани техникаи муосир, албатта, хуб аст, аммо маҳз китобхонӣ ба тафаккур зиё мебахшад ва ба ҷаҳонбинӣ таъсири мусбат мерасонад…
Насрулло ТӮЙЧИЗОДА,
Рӯзноманигор