Зиндагӣ ва кору пайкори ин бонуи қаламкаш бо шебу фарозҳояш шоистаи тавсифу таҳсину пайравист. Соли 1963 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дида рӯшан карда, таҳсили ибтидоиро дар ноҳияи Лахш гирифтааст. Пайвандии ӯ бо вилояти Суғд аз модараш маъво мегирад. Қиблагоҳаш баъди хатми Омӯзишгоҳи авиатсионии Рига баҳри таҷрибаомӯзӣ озими шаҳри Ленинобод (ҳоло шаҳри Хуҷанд) мешавад ва бонуи ҳаёташро дар ин маъвои дил ёфта, ба зодгоҳаш меорад. Модари Лайлӣ ҳамшираи шафқат буду умре дар соҳаи тандурустӣ масъулият дошт.
Чун волидон донандаи хуби забони русӣ буданд, китобҳои бадеиро бо ин забон бештар барои фарзандон муҳайё мекарданд. Муҳаббат ба забон ва адабиёти рус аз овони хурдсолӣ дар дили Лайлӣ маъво гирифта буд. Аз ин рӯ, баъди хатми мактаби миёна соли 1980 ба факултаи забон ва адабиёти руси Институти давлатии педагогии шаҳри Хуҷанд ба номи С. М. Киров дохил шуда, соли 1984 онро сарбаландона хатм намуд.
Таҷрибаомӯзиро аз пешаи омӯзгорӣ оғоз намуд. Кордониву ташаббускориашро ба инобат гирифта, ӯро ба вазифаҳои гуногуни давлатӣ ҷалб карданд. Солҳои 1985–1986 дар Мактаби олии сиёсии ВЛКСМ (Иттифоқи Ленинии Коммунистии Ҷавонони Умумииттифоқ) дар шаҳри Москва таҳсил намуда, донишу маҳорати хешро сайқал дод.
Лайлибону дар баробари вазифаҳои пурмасъул боз омӯзгор буду ба шогирдон аз забону адабиёти рус дарс мегуфт. Дарсҳояш барои хонандагон аз он лиҳоз ҷолиб буданд, ки адабиёти гуногуни беруназнақшавиро истифода бурда, хонандагонро бо хазинаи бузурги забони русӣ ошно месохт, мекӯшид, ки дастпарваронаш на танҳо дониши амиқ, балки тарбияи хубу маърифати баландро фарогир бошанд. Саъй менамуд, то ҳар он чизеро, ки шогирдон аз ӯ омӯхтаанд, на дар шакли шахшуда, балки фаъолона ва эҷодкорона истифода баранд ва ба ҷуз китоби дарсӣ аз дигар сарчашмаҳо низ, васеъ истифода баранд.
* * *
Пайвастани Лайлӣ Ҳакимбековна ба журналис¬тика тасодуфӣ набуд. Бо ҳамсафари ҳаёташ, ки бо нашрияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҳамкорӣ дошт, сари як пиёла чой дар бораи мақола, очерку хабарҳо суҳбат мекард. Бо даъвати муҳаррири вақти газетаи «Қаротегин» ба фаъолияти журналистӣ пардохту саҳифаи русии тозаташкилшудаи рӯзномаро бо матлабҳои хубу хонданӣ ба зевари табъ мекашид.
- Нашрияи Комитети иҷроияи ноҳияи Лахш соли 1934 нахустин маротиба ба дасти хонанда расида, аз соли 2021 таҳти унвони «Паёми Ориён» бо теъдоди 1300 нусха нашр мешавад. Рӯзнома бо се забон мавод ва дар як моҳ се маротиба дар нашриёти «Мегапринт»-и шаҳри Душанбе ба табъ мерасад. Дар саҳифаҳои рӯзнома алҳол бештар ҳаёти сиёсию фарҳангӣ ва рӯзгори мардумони одӣ, ки баҳри пешрафти сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволӣ дар маҳал заҳмат мекашанд, инъикос мегардад, - мегӯяд Лайлӣ Турсунова.
Ӯ эҳтироми ҳаёти шахсӣ ва дигар ҳуқуқҳои инсон, саҳеҳияти маълумот ва муносибати боинсофонаву беғаразона бо манобеи маълумот, эҳтиром ба ҳуқуқи кӯдакон, ноболиғон ва афроди дорои маъюбият, эҳтиром ба ахлоқи миллӣ ва фарҳанги халқҳои дигар, вазифаҳои касбӣ ва принсипҳои асосии фаъолияти журналистӣ, мустақилияти сиёсати редаксионӣ ва амсоли инҳоро барои журналистон муҳим арзёбӣ менамояд.
- Надонистан ва ё фаромӯш кардани меъёрҳои ахлоқи фаъолияти журналистӣ, ба хусусиятҳои тафаккури миллӣ ва ҷомеа арҷ нагузоштан, метавонад барои журналист оқибатҳои ногувор ба бор орад. Риоя намудани меъёрҳои ахлоқӣ дар фаъолияти журналистӣ барои журналист ҳамчун дастовард буда, риоя нагардидани он камбуди журналист дар фаъолияти касбӣ хоҳад буд, - изҳор дошт сармуҳаррир.
Лайлибону хушнуд аз он аст, ки насли ҷавон, бахусус хонандагони мактаб бо шеъру ҳикоя ва лавҳаҳои шогирдонаи худ ба рӯзнома муроҷиат менамоянду аз маслиҳату машварат бархӯрдор мешаванд.
- Дӯстдори каломи бадеъ дар ноҳияи Лахш сол аз сол меафзояд. Назар ба рубрикаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва варзишӣ, дӯстдорони маводи адабӣ бештаранд. Аз ин хотир, тасмим гирифтем, то як саҳифаи нашрияро ба мавзуи адабӣ бахшем ва навқаламонро руҳу илҳом бахшида, бо нашри эҷоди онҳо дар ниҳодашон меҳру муҳаббат ба адабиёт ва эҷодкориро биафзоем, - иброз менамояд Лайлӣ Турсунова.
Дар баробари ходими фаъоли ҷамъиятӣ, омӯзгори серталаб ва журналисти муваффақ будан, вай модари мушфиқу меҳрубон аст. Фарзанди бузургаш таҳсилдидаи мактаби олии ҳарбии Россия буда, дар он диёр масъулият дорад. Гулдухтараш ҳамчун модарбузургаш пешаи ҳамшираи тибро баргузида, бо дасту дили гарм ба хидмати мардум камари ҳиммат бастааст. Писари хурдиаш мехоҳад пайи волидони эҷодкораш раҳ барад ва давомдиҳандаи касби волидон бошад. Бо ин мақсад ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил шудаву таҳсил дорад.
Турсунова Лайлӣ Ҳакимбековна дар минтақаи Рашт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ягона бонуест, ки ба симати сармуҳаррири нашрияи маҳаллӣ пайи эҷоду эъҷоз аст. Аз ободии кишвар, сулҳу истиқлол ва гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз меболаду зебоиҳои ин гӯшаи диёрро меситояд ва дар домони биҳиштии Ватан хуррамона умр ба сар бурдану бо заҳмати софдилона дар рушду нумӯи он саҳм гузоштанро пайваста талқин месозад.
Д. САФАР