Раванди ҷаҳонишавӣ баробари манфиат, асари манфӣ ба фарҳангу маънавиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ гузошта истодааст, ҳамвора дар раванди таълиму тарбияи насли наврас мушкилу монеаҳои зиёд пеш меорад. Биноан, дар ҷараёни парвариши насли замони муосир се ниҳоди калидӣ - мактаб, оила ва ҷомеа бояд баробар қадами устувор гузошта, дар мактаб омӯзгору дар хона волидон ва дар ҷомеа ҳар фарди худогоҳ ҳамагӣ муваззафанд, ки дар тарбияи дурусти насли ояндаи миллатро рисолати худ дар зиндагӣ бигуморанд.
Ӯ, ки дар дудмони зиёиёни номвару пешоҳанги ҷомеа ба воя расидаву таҳти таваҷҷуҳи доимиву тарбияи сахтгиронаи падар мактабро бо медали тилло хатм кардааст, нақши калидии калони хонаводаро дар таълиму ташаккули афкору ҷаҳонбинии насли наврас бағоят бузург меҳисобад.
Қиблагоҳӣ бо ҳама серкориву саргармиҳои рӯзгор боз ҳам вақти муайянеро барои тарбияи фарзандон ҷудо карда буд, ки аз қайди ҳаррӯзаи рӯзномаҳои ҷигарбандонаш то омодагии онҳо ба дарсҳои рӯзи пешомад, ба қавле ҳар қадами онҳоро назорат мебурд. Шаҳло аз рамузи падар хулоса бароварда буд, ки ҳамчун фарзанди бузурги хонадон боист бо баҳои аъло таҳсил намояд. Шояд ҳамин талқину ҳидоятҳои ангезабахши волидон буд, ки мурури солиён ҳама фарзандони ин хонавода соҳиби таҳсилоти олӣ гардида, насиҳати падарро: «Духтар бояд соҳибкасб бошад» дар зеҳни худ фурӯ нишонда, акнун насли ояндаи худро ҳам дар ҳамин руҳия ба воя мерасонанд.
Касбу ҳунармандӣ, салиқаи волои суханвариву малакаи роҳбарӣ ва зарфиятҳои фардии омӯзгори асил Шаҳло Насруллоева аз хулқи асилзодагӣ ва ҳувияту худшиносии волидонаш об мехӯрад, ки модар ҳамшираи шафқат ва падараш ихтисосманди риштаи дорусозӣ барои насли ояндаи худ муҳити созгору имкониятҳои фарохи илму ҳунаромӯзиро фароҳам оварда буданд. Ин буд, ки духтарбузурги хонадон мактабро бо медали тилло хатм карда, пештар аз ҳамсолонаш сазовори номи донишҷӯ гардид.
Аз рӯзноманигорӣ то омӯзгорӣ
- Албатта, андар баҳори 17-солагӣ саршори хаёлоти сабзу орзуҳои беканор дар дил меҳру муҳаббат ба пешаи журналистиро парварда будам, аммо пайроҳаи пуртазоди зиндагӣ маро ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ овард ва баъди хатми он фаъолияти касбиро аз вазифаи мушовири кӯдакистони №8-и ноҳияи Кӯшониён оғоз бахшида, баъдан фаъолияти худро дар дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар идома додам, - ба ёд меорад Шаҳло Насруллоева.
Як муддат дар вазифаҳои мудири шуъбаи умумӣ кор карда, баъдан то соли 2001 ҳамчун коргузори КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар фаъолият намуд. Ҷозибаи хомаи созанда ӯро ба идораи нашрияи «Набзи Бохтар» овард, ки тули солҳои 2001–2009 дар муҳити маънавии беҳтарин қаламкашони вилояти Хатлон фаъолият варзид.
Дар матбуоти даврӣ тавонист исми худро дар ҷаридаи насли даврони истиқлол мунъакис намояд, вале ӯ барои ҳамешагӣ ба ҷодаи омӯзгорӣ пайваст, ки аз чунин ранг гирифтани тақдир қаноатманду аз кору пайкори худ розист, зеро дар замони тақдирсози миллату давлатсозӣ саҳмгузорӣ дар таълиму тарбияи насли ояндасоз амалест шоистаи таҳсин.
Аз соли 2009 дар Литсейи давлатии «Ориёно» аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфта, баъдан муовини директор оид ба корҳои таълимӣ буд. Тавре масъулони соҳаи маорифи шаҳри Бохтар изҳор медоранд, маҳз дар солҳои роҳбарии ин бонуи равшанзамир дастпарварони Литсей бо дастовардҳо дар озмуну олимпиадаҳо шарафи шаҳру вилоятро боло бардоштаанд.
Солҳои 2017–2018 Шаҳло Насруллоева ҳамчун омӯзгор ва муовини директор оид ба корҳои таълими Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар фаъолият бинмуд, аз соли 2021 директори Литсейи давлатии «Ориёно» мебошад.
«Ориёно»
- Дар Литсейи давлатии «Ориёно» 1149 нафар хонанда таълим мегирад, ки аз ин 419 нафар духтаронанд. Аз 59 омӯзгори муассиса 55 устод соҳиби маълумоти олист, аз ҷумла ду нафар ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» мебошад. Литсей аз соли 2006 бо дастовардҳои назаррас дар тарбияи насли наврас ва рушду муаррифии соҳаи маорифи шаҳр миёни муассисаҳои таълимии вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми пешоҳангӣ дорад.
Ҳамасола хонандагони лаёқатманди Литсей ғолиби озмунҳои гуногун мешаванд. Дар ду соли охир Нурмуҳаммад Тошов, хонандаи синфи 9-ум, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм -
фурӯғи маърифат» аз рӯи фанни кимиё сазовори ҷойи сеюм ва Субҳия Тоҳирзода, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинатсияи адабиёти классик сазовори ҷойи дуюм гаштанд. Соли гузашта 12 нафар шогирди Литсей дар даври ниҳоии Олимпиадаи мактаббачагон иштирок намуда, сазовори 1 медали тилло, 4 нуқра ва 7 биринҷӣ гардид. Чанде пеш хатмкардаи имсолаи Литсей Абубакр Рамазонзода дар Озмун барои дарёфти аттестатсияи аъло ва медали тилло иштирок карда, бо 114 хол соҳиби аттестатсияи аъло ва медали тилло аз рӯи равияи табиӣ - риёзӣ шуд.
Ривояти омӯзгор
Дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидани садҳо иншооти таълимиву фароҳам овардани шароитҳои мусоиди кору зиндагӣ барои омӯзгорон, рӯи кор омадани барномаҳои муҳими тарбия ва омодасозии кадрҳои ҷавон ва дигар ташаббусҳои дар самти баланд бардоштани мақоми илму маърифат ва нуфузу эътибори омӯзгор дар ҷомеа, маорифчиёнро водор месозад, ки дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас масъулияти дучанд дошта бошанд.
Ба гуфтаи Шаҳло Насруллоева, имрӯз соҳаи маориф ба кадрҳои баландихтисос ниёз дорад ва дар раванди рушду ташаккули усулҳои муосири таълим роҳбарони муваффақи соҳа бо дарёфту омода намудани омӯзгорони асил ва пешрафту дастовардҳои назаррас мақому эътибори мактабро боло бардоранд. Албатта, муш¬килоти умдаи соҳаи маориф норасоии ҷойи нишаст аст, зеро новобаста ба раванди суръатзойи мактабсозӣ дар кишвар, боз ҳам омори кӯдакони синни мактабӣ рӯ ба афзоиш аст.
Нақши оила
Дар радифи вазифагузориҳо назди мактабу муаллим маорифпарвари асил нақши меҳварии оиларо дар тарбияи насли ояндаи ҷомеа бағоят муҳим мешуморад. Чаро ки тарбияи инсон аз оила оғоз ёфта, беҳтарин василаи ташаккули афкору хулқу атвори насли башар аз омилҳои хонаводагӣ ва шахсияти волидон вобастагии бузург дорад. Илова бар ин, таваҷҷуҳ ба илму донишандӯзӣ ва хислатҳои ҳамида дар замири насли наврас вақте маъво мегирад, ки ин эҳсосу зарфиятҳо дар вуҷуди волидони онҳо ҷо дошта бошанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ҳама омилҳо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи тадбирҳои муҳим ҷиҳати масъулиятшиносии падару модарон дар тарбияи фарзанд, инчунин ба ташкилу баргузории як силсила озмунҳо иқдом намуданд, ки дар амалӣ гардидани ҳадафҳои ҷомеа ва давлат ҷиҳати таълиму тарбияи дурусти насли ояндаи Тоҷикистон нақши муассир хоҳанд гузошт. Тақдими китоби «Тоҷикон» ба ҳар хонаводаи кишвар аз ташаббусҳои беназиру ояндасозест баҳри тарбияи ҷомеа дар руҳияи ватандӯстиву арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллату давлатдорӣ ва бедор намудани ҳисси масъулиятшиносии ҷавонон дар ҳимояи марзу буми Ватан…
- Волидон бояд фарзандонро дар руҳияи сабру таҳаммулпазирӣ ба воя бирасонанд, то дар ҳаёти оилавӣ омодаи гузашту бардоштҳо дар баробари мушкилиҳои пешомадро дошта бошанд. Зеро насли ҷавони имрӯз дар андак мушкилиҳои зиндагӣ навмедиву заъфият нишон дода, аммо орзу доранд, ки якбора соҳиби ҳама чиз бошанд. Аммо барои ноил шудан ба зиндагии шоиста ҷавононро мебояд, ки хостаҳои худро бо заҳмати худӣ ба даст биёваранд, то ба қадри касбу ҳунар ва моҳияти оиладориву дигар неъматҳои зиндагӣ расида тавонанд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
шаҳри Бохтар