Сухане чанд дар бораи бонуи кордон, номзади илми иқтисод,
раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода
Коргарзода
Болозикр 29 октябри соли 1969 дар шаҳри Хуҷанд, дар хонаводаи коргарони асил чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш Ҳошимбой Ҳоҷаев 41 сол дар комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд заҳмат кашидааст. Модар Муборак Мирсолиева коргари фабрикаи пойафзол буд, 25 сол собиқаи кор дошт. Ин ҷуфти коргар 6 фарзандро ба камол расонд.
Раъно фарзанди кенҷа, ба қавле ноздона буд. Нозашро ҳама мебардошт, борони лутфу меҳрубониро нисораш мекарданд. Аммо Раънои ноздонаи хонадон, вақте ки ба мактаб равон шуд, бо одоби сара ва талаби бепоёни хониш ангуштнамои ҳамсинфону устодон гардид. Номаи камоли пур аз баҳои аълою хуб гирифт. Дилаш мехост ҳатман ба шаҳри Москва раваду дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов таҳсил намояд. Аммо волидон ӯро ба шаҳри Душанбе раҳнамун сохтанд. Аввал ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин супурд. Аммо чун фаҳмид, ки дар ин ихтисос ба 1 ҷо 14 довталаб буда, аксар баъди хизмати ҳарбию курсҳои тайёрӣ соҳибимтиёз мебошанд, ду рӯз пеш аз оғози имтиҳонот ҳуҷҷатҳояшро ба факултети иқтисод супурд. Ҳарчанд дар ин бахш ҳам довталабон бисёр буданд, бо сари баланд сазовори номи донишҷӯ гардид.
26 соли муаллимӣ
Баъди хатми Донишгоҳ Раъноро соли 1991 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳамчун муаллими кафедраи иқтисодӣ пазируфтанд. Омӯзгори ҷавон аз нахустин солҳои кор ҳамчун омӯзгори қобилу ташаббускор ба ҳамкорону донишҷӯён писанд омад ва зина ба зина мақому мартабааш афзуд.
Солҳои 1992–1993 муаллими кафедраи фанҳои умумииқтисодӣ, 1993–1997 муаллими кафедраи молия ва баҳисобгирӣ, 1997–2000 сармуаллими кафедраи муҳосибот ва омор, 2000–2002 муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ, 2002–2004 муовини декан оид ба корҳои таълимӣ, 2004–2007 муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ, солҳои 2007–2012 муовини декан оид ба шуъбаи ғоибона, солҳои 2012–2014 муовини декан оид ба корҳои таълим, солҳои 2014–2015 муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети молия ва иқтисоди бозори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд.
Солҳои 2015–2017 ба симати декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон ифои вазифа дошт.
Раъно Ҳошимзода баробари фаъолияти омӯзгорӣ ва роҳбарӣ корҳои илмиро ҳам пеш мебурд. Соли 2013 рисолаи номзадиашро дар мавзуи хусусиятҳои ташаккул ва рушди муҷтамаи истеъмолӣ ҳамчун сохтори иқтисодии минтақа (дар асоси маводи Ҷумҳурии Тоҷикистон) бо роҳбарии Раҷаб Раҷабов ҳимоя кард…
Кор дар мақомоти давлатӣ
Моҳи феврали соли 2017 Раъно Ҳошимзода муовини раиси шаҳри Хуҷанд таъ¬ин шуд.
Як соли кор дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои Раъно мактаби омӯзиши фаъолияти роҳбарӣ гардид. Соҳаҳоеро, ки ба ӯ вобаста карда буданд, амиқ омӯхт ва дар ҳалли масъалаҳои мубрами шаҳр ҳиссагузорӣ мекард…
Даъват ба Душанбе
Соли 2018 ӯро ба пойтахт даъват намуда, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд таъин карданд.
- Суханони ҳидоятгари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми таъини кадрҳо мегӯянд, он лаҳза мисли нақш бар санг дар зеҳни ман сабт шуданд, - он лаҳзаҳоро ба ёд меоварад Раъно Ҳошимзода. – «Ман ба шумо мансаб медиҳам, обрӯро аз хидмат ба халқ мегиред!».
Шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) раиси навро бо як олам мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маишӣ пешвоз гирифт. Дар ин шаҳр намояндагони 35 халқу миллат кору зиндагӣ мекунанд ва саноат соҳаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби дигар, шаҳр дар шафати Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд – дарвозаи ҳавоии шимоли Тоҷикистон воқеъ аст ва аксари мусофирони дохилию хориҷӣ аз шоҳроҳи шаҳри Бӯстон гузашта, комёбию камбудиҳои шаҳрдорию шаҳриёронро бо чашми сар мебинанд.
- Рости гап, соли аввал хеле азоб кашидам, хобу хӯрро фаромӯш кардам, - мегӯяд Раъно Ҳошимзода. – Иқтисодшиноси касбӣ буданам кор дод. Бо фаъолияти ҳамаи корхонаҳои саноатӣ аз наздик шинос шудам, аз собиқадорони шаҳр, раисони пешина маслиҳат гирифтам. Бо дастгириҳои раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода корро пеш бурдам. Дар зарфи чаҳор сол бо ҷалби соҳибкорон ва маблағҳои буҷети шаҳр иншооти нави истеҳсолӣ, иҷтимоию фарҳангӣ бунёд кардем, ки аксари онҳо бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардиданд. 13 корхонаи истеҳсолӣ, боғи фарҳангию фароғатӣ, бинои мақомоти андозро аз ин қабил метавон ном бурд…
Аз Бӯстон ба Гулистон
Моҳи январи соли 2022 Раъно Ҳошимзода раиси шаҳри Гулистон таъин шуд. Ҳамон Гулистоне, ки ба аксарияти аҳолии ҷумҳурӣ ба туфайли «Баҳри тоҷик»-у фароғатгоҳу табобатгоҳҳои сатҳи ҷаҳонияш, Неругоҳи барқи обии «Дӯстии халқҳо», корхонаи азими қолинбофӣ, конҳои пурганҷу корхонаҳои истихроҷу коркарди маъданҳои гаронбаҳояш шинос аст.
Дар Гулистон 50700 нафар аҳолӣ дар маркази шаҳр ва 6 шаҳрак умр ба сар мебарад. Масалан, шаҳраки Сирдарё шаҳраки геологҳо буда, дар он Экспедитсияи комплекси геологии Қайроққум ва дигар корхонаҳои марбут ба тадқиқоти зеризаминӣ, дарёфти конҳои нав, назорати меъёри обҳои зеризаминӣ ва ташхиси кӯҳу хоктеппаҳо фаъолият доранд. Аз шаҳр ҳамагӣ 9 км дур аст. Шаҳраки Чоруқдарон дар қисми шимолии шаҳри Хуҷанд воқеъ буда, дар он Комбинати фулузоти нодир ҷойгир аст. Масофа то маркази шаҳр 32 км. Дар шаҳраки Консой корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада ҶДММ «Апрелевка» фаъолият дорад, ки маъданҳои тиллою нуқраи мавзеи Қарамазорро кор карда, металлҳои қиматбаҳо истеҳсол мекунад. Аз он ҷо то марказ 49 км аст. Шаҳраки Адрасмон аз маркази шаҳр дар масофаи 60 километр ҷойгир шудааст. Ин шаҳраки калонтарини Гулистон буда, дар он беш аз 16 ҳазор нафар аҳолӣ истиқомат мекунад. Шаҳраки Зарнисор аз марказ 130 км дур аст. Соли 2009 дар пойгоҳи кони собиқи ин ҷо Корхонаи муштараки «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой» таъсис ёфт. Шаҳраки Навгарзан дурдасттарин шаҳраки Гулистон (масофа то марказ 230 км) аст, ки солҳои пеш дар ин шаҳрак коркарди маъдани кӯҳӣ ба роҳ монда шуда буд.
Ҳамаи ин шаҳракҳо мушкилоти хоси худро доранд, ки раиси нав дар давоми як солу се моҳ дар сармою гармо роҳҳои душворгузари кӯҳиро пушти сар карда, борҳо сафарҳои хидматӣ кардааст. Дар ин миён, дар шаҳраки Адрасмон 15 км роҳ мумфаршу мактабу кӯдакистон хушсифат таъмир шуданд. Дар Навгарзани дурдаст мардум ба замин барои сохтани манзил ниёз доранд, ки раис аз пайи ҳалли ин мушкил аст. Роҳи байни Зарнисор ва шаҳраки Бӯстони маркази ноҳияи Мастчоҳ бо сармоягузории ҶДММ «Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой» ба масофаи 38 километр мумфарш шуд, ки ба марказ омадани зарнисориёнро хеле осон кард.
Соле, ки накуст…
Шаҳри Гулистон соли гузаштаро бо нишондиҳандаҳои хуб ҷамъбаст кард. Чунончи, корхонаҳои саноатӣ порсол ба маблағи 4 миллиарду 396,2 миллион сомонӣ (104 дарсад) маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нишондиҳанда ба маблағи 102,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят 18,2 дарсадро ташкил дод. Ба қисми даромади буҷети давлатӣ 275,5 миллион сомонӣ (109,9 дарсад) маблағ ворид гардид. Нақшаи даромади шаҳрӣ 63,1 миллион сомонӣ буда, 71,1 миллион сомонӣ (112,7 дарсад) иҷро шуд. Нақшаи андози иҷтимоӣ бо ҳаҷми 46,7 миллион сомонӣ (100,1 дарсад) иҷро гашт. Дар ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли равон нишондиҳандаҳо хурсандибахшанд.
Омодагӣ
Дар Гулистон ҳам мисли дигар шаҳру навоҳии кишвар ба пешвози Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз омодагиҳо оғоз шудаанд. Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ин иди саиди миллат таъмиру бунёди 117 иншоот дар назар аст, ки 67 иншоот ё 57,2 дарсади он ба истифода дода шуд.
- Ҷиҳати амалисозии стратегияи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани солҳои 2022 - 2026 Солҳои рушди саноат соли ҷорӣ бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти тафтингӣ дар заминаи ҶСК «Қолинҳои Гулис¬тон» бо ҷалби сармояи ватанӣ (муассисон) 66 миллион сомонӣ, аз ҷониби соҳибкорони дохилӣ корхонаҳои парандапарварии ҶДММ «Ганҷи Сомон» ба маблағи 2,3 миллион сомонӣ, «Мурғи бебаҳо» ба маблағи 1,8 миллион сомонӣ ба фаъолият оғоз карданд, - зикр намуд раис.
Такягоҳи боэътимод
Раъно Ҳошимзода аз ҳамсари бовафою меҳрубону ҳамрозаш Абдурасул Бобоев, номзади илми педагогӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ифтихор мекунад. Онон 4 духтари ҷигарбандро тарбия карданд, хононданд. Наргиза дар бахши «Амонатбонк»-и вилоят, Нигора корманди мақомоти адлия дар Суғд мебошанд. Наима дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад. Азизаи хурдӣ донишҷӯи факултети дандонпизишкии Донишгоҳи тиббии ба номи Евдокимови шаҳри Москва аст.
Ҳангоми суҳбат Раъно Ҳошимзода борҳо таъкид мекард, ки арзи сипосу эҳтиромашро ба хушдомани мисли модар меҳрубонаш Шарофат Сангинова баён кунем, ки панҷ фарзанд калон карда, ба ҷигарбандони ӯ ҳам ҳаққи комили модарӣ дорад.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
шаҳри Гулистон