Ягона дастаи кӯдаконаи ҳунарвар, ки хориҷ аз Тоҷикистон санъати волои кӯҳистонро муаррифгар, ин ҳамон Ансамбли бачагонаи этнографии Помир аст, ки дар пойтахти Иттиҳоди Шуравӣ доди ҳунарро додаву қалби сарварони давлати паҳновари дунёро мусаххар сохта буд. Тибқи гузориши матбуоти солҳои 40-уми асри ХХ ин ансамбл ба чандин тарз ном бурда мешуд: Ансамбли ашӯла ва рақсҳои Помир, Ансамбли бачагонаи тарона ва рақси Помир ва Ансамбли группаи (гурӯҳи) бачагонаи Помир. Аммо ба варианти саҳеҳи он – «Ансамбли бачагонаи этнографии Помир» қоил мемонем.
Ансамбли бачагонаи этнографии Помир аслан соли 1940 дар ноҳияи Рӯшон асос ёфтаву пас он ҳайатро ба шаҳри Хоруғ ва аз он ҷо ба пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) оварданд. Ташкилотчӣ ва роҳбари бадеии дастаи мазкур ҳунарвари маъруф Ғуломҳайдар Ғуломалиев (Артисти халқии СССР, соли 1957) буд.
Аз таъсиси ин гурӯҳи овозадор беш аз 80 сол сипарӣ мешавад. Алҳол аз ҳайати дастаи мазкур имрӯз дигар касе дар қайди ҳаёт намонда. Ду ҳунарманди охирини ин ансамбл Зебо Искандарова дар 86-солагӣ (соли 2020 дар ш. Хоруғ) ва Азалбегим Мамадризоева соли 2021 дар 96-солагӣ ба дори дунё пайвастанд.
Ба мавзуи таъсис ва фаъолияти ҳунарии Ансамбли бачагонаи этнографии Помир ва асосгузорони он то ба ҳамин наздикӣ, аз шумули муҳаққиқон касе расидагӣ надошт. Донандаи охирини он рӯзгорон, Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон Алиризо Раҳмонқулов соли 2020 аз дунё гузашт. Хушоянд аст, ки журналисти шинохта Тилло Некқадам ин халоро то ҷое пур кард. Нимаи соли 2022 таҳти унвони «Лолаҳои Бадахшон» пораи бузурге аз фаъолияти дастаи он овонро ба зевари табъ кашида, пешкаши хонандагони соҳибзавқ гардонд.
Боиси зикр аст, ки асоси гурӯҳи мазкурро кӯдакону наврасони ноҳияи Рӯшон ташкил дода, чанде дигар аз шаҳри Хоруғ, ноҳияи Ванҷ ва шаҳри Сталинобод ба ҳайати асосӣ пайваста буданд.
Соли 1940 дар назди Ҳукумати РСС Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ ин омодагӣ ба Даҳаи санъати тоҷик дар шаҳри Мос¬ква меистод. Бо мақсади боз ҳам хубтар баланд бардоштани санъати мардуми Помир ва тайёр намудани ҳунарпешаҳои касбӣ ва бомаҳорат барои театри вилоятӣ Қарори Совети Комиссарони Халқии РСС Тоҷикистон аз 8 январи соли 1940 «Дар бораи ташкил намудани Ансамбли бачагонаи тарона ва рақси Помир» ба тасвиб расид.
Дар ҳуҷҷатҳои расмӣ шумораи ҳайати ансамбл 40 нафар нишон дода шудааст, вале дар асл ба Москва 32 нафар раҳнамун гашт. Ин ададро акси дар меҳмонии устод Лоҳутӣ гирифтаи ҳайати дас¬та, дар апрели соли 1940 гувоҳ аст. Сиву ду нафар ҷигаргӯшаҳои ҳунарвари кӯҳистони тоҷик дар шаҳри Москва, дар ҳалқаи Абулқосим Лоҳутӣ ва бо аҳли хонаводаи устод парвона гашта буданд.
Бо барномаҳои консертӣ дар Театри калони СССР ва Қасри Кремл кӯдакони ҳунарманди тоҷик маскавиҳо, роҳбарони сатҳи аввали давлати советиро дар ҳайрат гузоштанд, ки аз ин бора рӯзномаҳои марказии СССР – «Правда», «Известия», «Тоҷикистони Сурх», маҷаллаи «Искусство кино» ва ғайра хабару фоторепортаж ва мақолаҳо ба табъ расонданд.
Суруду рақсҳои духтараки 6-сола Зебо Искандарова, сурудхонии Абдулваҳҳоб Мирзошоев (12-сола), «Аспак»-бозиҳои Азизбек Мақбулову Тайғуншо Шодмонбеков ва сурудхониву рақсҳои ҳайати даста қалбҳоро тасхир сохтанд.
22 июни соли 1941, баъди як моҳи баргузории Даҳаи санъати Тоҷикистон Германияи фашистӣ ба хоки Иттиҳоди Шуравӣ ҳуҷум овард. Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 сар шуд. Аъзои ансамбл, баъди бозгашт ба Тоҷикистон муваққатан ба маҳфилҳои хонаҳои маданияти шаҳру навоҳӣ ва кружокҳои худфаъолияти бадеӣ пареш хӯрданд. Қисме барои кори минбаъда дар Театри шаҳри Хоруғ, ҳиссае барои таҳсил ба шаҳрҳои Сталинобод ва Москва раҳнамун гаштанд.
Аз он ба пас рӯзгори ҳунармандони навраси Ансамбли бачагонаи этнографии Помир ба ҳар навъ сурат гирифт. Иддае дар ноҳия ва шаҳри Хоруғ, қисме дар пойтахт, дар Ансамбли тарона ва рақси Помир, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон, чанде ба ҳайати ҳунарварони Театри Лоҳутӣ пайвастанд…
Ин дов аз рӯзгори як тан аз узви гурӯҳи мазкур Гулчеҳраи наврас хоҳем ёд кард. Ба иқрори Гулчеҳра Қадамшоева, узви Ансамбли бачагонаи этнографии Помир, иштирокчии аввалин Даҳаи санъати Тоҷикистон дар шаҳри Москва: «… Рақсидану сурудхониро дӯст медоштам. Дар сездаҳсолагиам соли 1941 дар нахустин Даҳа… дар шаҳри Москва иштирок кардаам…».
Соли 1944, Гулчеҳраи 16-сола духтараки қадрас аз Хоруғ барои иштирок дар Олимпиадаи санъаткорон ба шаҳри Сталинобод меояд. Баъди анҷоми олимпиада ӯро дар ҳайати омӯзишгоҳҳои касбии Тоҷикистон ба шаҳри Москва мефиристанд. Онҳо дар шаҳру навоҳии гирду атрофи Москва таҳти роҳбарии Ғуломҳайдар Ғуломалиев госпитал ба госпитал гашта, барои маҷруҳони ҷанг консерт нишон медоданд…
Баъди бозгашт аз шаҳри Москва, азбаски зимистон қаҳратун буду роҳ душвор, ҳунармандони Помир чанде дар шаҳри Сталинобод монданд. Ҷавонмарди фарзонаи кӯҳистон, Мирсаид Миршакари дарёдил як гурӯҳ духтарони бадахширо дар хонааш ҷо дод. Он замони сангин дар пойтахт имконияти дар меҳмонхона зистан набуд. Миршакар он овон дар кӯчаи Орҷоникидзе, 69 (ҳоло кӯчаи Бохтар)-и пойтахт хонаи дуҳуҷрагӣ дошт.
Шояд хонандаи муҳтарам пурсон шавад, ки Миршакари кӯҳистонӣ он овон чӣ касе буд, ки дар он солҳои мудҳиш дар пойтахти мамлакат соҳиби хонаи дуҳуҷрагӣ шудааст. Мегӯем, Мирсаид Миршакар (с. тав. 5.5.1912) - и 32-сола дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аллакай ходими сиёсӣ, баъдан ҳамчун сардори кумитаи репертуари Раёсати санъат, муовини мудири шуъбаи тарғиботу ташвиқоти КМ ПК Тоҷикистон фаъолият мекард.
Аввалин асари ҳаҷман бузурги Миршакар, дос¬тони машҳури ӯ «Қишлоқи тиллоӣ», ки қабл аз ҷанг ба навиштани он сар карда буд, соли 1942 ба дасти чоп рафт. Ин асар баробари нашраш ба фонди тиллоии адабиёти советӣ дохил шуда, ба ҳамаи забонҳои халқҳои СССР тарҷумаву чоп шуда, муаллифро шуҳрату шон фузуд.
Акнун хонандаи азиз хулоса бурдед, ки ин ҷавони кӯҳистони баланди баланд дар ҷамъияти онрӯза ба чӣ мартаба расидаву обруманд гашта…
Духтарони париваши помирӣ соли нави мелодии 1945-ро дар хонаи шоири номвар истиқбол гирифтанд. Ба иқрори бону Гулчеҳра: «Ин кас (Мирсаид Миршакар – У. Ш.) ҳамон вақт маро зери чашм карда будаасту ман бехабар. Ба номам паи ҳам мактубҳо бо шеърҳои ошиқона мерасиданд.
Ростӣ ба шеърҳояш, ба мисли «Эй моҳи Рӯшон» (?) ба дилам роҳ ёфт. Худи ҳамон сол (1945 - У. Ш.) дар шаҳри Хоруғ тӯй барпо кардем. Аввалин тӯйи сурх ва аввалин тӯй баъди солҳои ҷанг…».
Баъди издивоҷ бонуи меҳрубон Гулчеҳра Қадамшоева аз саҳнаи ҳунар рафта, умри пурбаракати хешро сарфи фарзандону оилааш кард. Гулчеҳра бо устод Миршакар хушу хурсандона зис¬та, соҳиби чор фарзанди номвар гаштанд: Мирафзал – шарқшинос, дипломат, Заррина – композитор, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон» (2000), дотсент (1994). Зулфия – номзади илми филология (ҳамсари режиссёри тоҷик Валерий Аҳадов). Миракмал – рассоми маъруф, «Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон»…
Хуллас, рӯзгори узви қобили Ансамбли бачагонаи этнографии Помир Гулчеҳра Қадамшоева хубу шоиста ҷараён гирифт, ки аз он танҳо баракату шуҳрату шон ба ёдгор монда…
У. ШЕРХОН