Барои зодмандон Гулнора кӯдаки нозпарварде буд, зеро нахустфарзанди хонадон маҳсуб меёфту волидон чун гавҳараки чашм эҳтиёт менамуданд, аммо ягон вақт аз мавқеъ ва ҷойгоҳе, ки пеши падару модар дошт, сӯиистифода намекард. Баръакс, як кӯдаки орому маъмулӣ буд. Мактабро дӯст медошту ҳар субҳ бо шавқ ба дабистон мешитофт.
Ба омӯзиши фанҳои дақиқ рағбати бештаре дошт, вале дар дил орзу мепарварид, ки дипломат бошаду чун мутахассиси ин соҳа шинохта шавад. Қиблагоҳ, ки донандаи илми дақиқ буду дар ин соҳа фаъолият мебурд, мехост, фарзандаш иқтисоддон гардад. Аз ин хотир, Гулнора пас аз хатми Литсейи президентӣ, ки дар равияи физика – математика таҳсил менамуд, соли 1995 ба факултаи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) ҳуҷҷат супурду донишҷӯ шуд. Солҳои омӯзишу таҳсил дар Донишгоҳ зери назорати қатъии зодмандон қарор дошт. Волидон дар наздаш танҳо як вазифа гузошта буданд, таҳсили хуб бо интизоми намунавӣ.
Соли сеюми таҳсил хоҳиши кор дар қалбаш пайдо гардид. Бо ин мақсад, таҳсилашро ба бахши ғоибона гузаронд. Бештар вақт бузургсолон восита мешаванду барои ҷавонон ҷои коре муҳайё месозанд, аммо вай худ аз пайи ҷустуҷӯ афтод. Аз ҳар имконе истифода мебурд, то он замоне, ки фаҳмид дар ҶСШК «Тоҷиктелеком» барои ишғоли мансабҳо ба кадрҳои мувофиқ ниёз доранд. Рӯзи муайяншуда ба пурсишҳо посухҳои пурра дод. Чанд рӯз пас хабар расид, ки варо ба вазифаи муҳосиб пазируфтаанд ва се моҳро мебоист ҳамчун муҳлати санҷишӣ паси сар намояд. Вале чолокиву кордониаш боис гаштанд, ки пас аз як моҳи фаъолият, корманди асосӣ бишавад.
- Чун дар ин ришта таҷрибаи кофӣ надош¬там, аввалҳо кор бароям вазниниҳо пеш меовард. Ба худ пайваста сабуриро талқин месохтам. Кӯшидам, то нозукиҳои касбро аз таҷрибадорон биомӯзам. То ҳадде ба кор ворид шудам, ки дигар касе наметавонист бигӯяд, ки Гулнора ҳанӯз донишҷӯст. Моҳи дувуми корӣ барои заҳматҳоям миёни 8 нафар муҳосиб, ягона нафаре будам, ки соҳиби подошпулӣ гардидам, - хушҳолона меафзояд ҳамсуҳбатам.
Соли 2001 Гулнора Олимшоева ҳамчун сармуҳосиб ба Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи алоқа гузашт. Ӯ дигар тарс надошт, чун корро хуб омӯхта, таҷриба низ, андӯхта буд. Медонист, ки аз куҷо корро шуруъ намояду бо чӣ тарз. Пас аз чандин соли фаъолият дар ин самт, варо ба Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ гузаронданд. Инак, 11 сол аст, ки ҳамчун мудири шуъбаи молияи Кумитаи мазкур ифои вазифа дорад.
Гулнора иқрор омад, ки малакаҳои кориро зина ба зина дар ҳар мақом, аз таҷрибаи ҳамкорон омӯхтааст. Дар кор хеле серталаб асту ба ин бовар аст, ки муваффақият ба суроғи зане, ки дар хонавода аз ҷониби шавҳару наздикон дастгирӣ меёбад, зудтар меояд.
Ҳоло кори ӯ бевосита бо шаҳрвандон рабт дорад. Талош меварзад, то ҳар муроҷиате, ки ворид мегардад, иҷро гардад. Дар дастрас намудани роҳхат ба истироҳатгоҳҳо ба ниёзмандон ва ё фарзандони онҳо ёрӣ медиҳад, то нафаре ноумед нашавад.
- Танҳо дар мавсими тобистон ҳамарӯза то ба 20 нафар корафтода тариқи телефон суҳбат анҷом дода, инчунин, шахсан низ қабул менамоем. Ба кормандони ташкилотҳои соҳавӣ ҷиҳати дастрасии роҳхат ва ёрии молиявӣ мадад мерасонем, чун ин вазифаи ҷонии мост. Нафарони роҳхатгирифта ҳамеша зери назорат қарор доранд. Рӯйхати махсус дорем, то ин ки хоҳишмандон бо нав¬бат ба истироҳат фаро гирифта шаванд, - меафзояд Гулнора Олимшоева.
Ба гуфти номбурда, Кумита бо истиро¬ҳатгоҳҳои «Хоҷа Оби Гарм», «Шоҳамбарӣ», «Сароб», «Сатурн», «Сангчашма», «Ӯротеппа», «Ҳавотоғ», «Ависситӣ» ва «Баҳористон» қарордод бастаанд, ки вобаста ба намуди истироҳат ва ё табобат шаҳрвандон ба истироҳатгоҳҳои вобасташуда фиристода мешаванд. Роҳхатҳо 6 ва 12 рӯзро дар бар гирифта, 70 дарсади маблағи хароҷот аз ҳисоби Кумита пардохт мешавад.
Аз рӯи насиҳати падару модар амал намуда, дасти ниёзмандону барҷомондагонро мегирад. Дар арафаи иду ҷашнҳо низ, корҳои хайр анҷом дода, ба ҳамкорон ёрӣ мерасонад. Ғамхори халқ буданро шиори худ намудааст. Чун аз кӯдакӣ волидон барояшон кумак намудан ба корафтодае ва бароварда сохтани хоҳиши нафареро ҳамеша талқин менамуданд. «Подоши кор бояд фароғат бошад», - мегӯяд ӯ.
- Падарам Расул Олимшоев, устоди донишгоҳ буданду бештари вақти хешро пайи тадрис мегузаронданд, вале рӯзҳои иду истироҳат мо – фарзандонро ба ҷойҳои таърихиву фароғатгоҳҳо бурда, чӣ гуна рафтор намудан дар чунин ҷойҳо ва кумак ба калонсолонро меомӯзонданд. Модарам низ, ҳамеша таъкид месохтанд, ҳар кореро, ки имкони анҷом доданашро дорӣ, ҳеҷ гоҳ не нагӯй. Талош менамоям, то аз рӯйи ин гуфтаҳо амал намоям, - ифтихормандона таъкид месозад ӯ.
Ҳар субҳ бо қалби саршори орзуҳо ба коргоҳ меояду пайи анҷоми нақшаҳои тарҳрезишудааш мешавад. Нақшаҳои кориаш зиёданд. Талошу заҳмат ва кӯшиши пайвастааш аз назари роҳбарият дур ва бидуни қадрдонӣ намондаанд. Барои фаъолияти пурсамар ва назаррасаш соли 2018 бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014 бо унвони Устоди алоқа, соли 2019 бо нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудааст.
Шаҳдрези РАҲМОН