Солҳои 60–70-уми асри гузашта, замоне, ки барои духтарони шаҳри Панҷакент дар пойтахти кишвар таҳсил мушкилиҳо дошт, ӯ ба факултаи сохтмони Институти политехникӣ ҳуҷҷат супурду қабул шуд.
Он замон духтароне, ки аз навоҳӣ ба пойтахт барои идомаи таҳсил меомаданд, аксар пешаи омӯзгорӣ ё табибиро интихоб менамуданд. Агроному иқтисодчӣ ё муҳандис ангуштшумор буда, меъморӣ кори мардона ба ҳисоб мерафт. Баъд аз бомуваффақият хатм намудани донишкада соли 1970 бо роҳхат ба Кумитаи иҷроияи шаҳри Панҷакент ҳамчун сармеъмор бо кӯшишу ғайрати ҷавонӣ ба кор оғоз намуд. Чун духтари тарбияи падари омӯзгор дидаву ҳисси меҳанпарастиаш баланд буд, ба рушди сохти меъморӣ ва сифати сохтмони биноҳо саҳми назаррас мегузошт. Албатта, барояш ҳам вазифаи пурмасъулият, ҳам оиладорӣ ва тарбияи се фарзанд мушкил бошад ҳам, бо дастгирии ҳамсар ва аҳли хонавода, бо лаҳни росткорию поквиҷдонӣ адои вазифа менамуд.
Чун сухан аз аввалинҳо меравад, вай низ яке аз аввалинҳо буд. Зебунисо Бобомуллоева аввалин зан - сармеъмори шаҳри Панҷакент буда, 17 соли ҳаёташро сарфи ин пешаи пурмасъулият намуд. Аз рӯи лоиҳаҳои тартибдодаи мавсуф пуле, ки ду соҳили дарёи Зарафшонро мепайвандад, якчанд биноҳои истиқоматию маъмурӣ ва дарвозаи ғарбии Панҷакент қомат афрохта, то ҳоло побарҷоянд.
Ҳини кор шогирдони зиёд тарбият намудааст. Алҳол онҳо дар сохтмонҳои ҷумҳурӣ вазифадоранд. Иқрор меояд, ки кори мардонаро интихоб намуда, ҳама шогирдонаш - меъморону сохтмончиён марданд.
Ҳамасола дар арафаи Рӯзи модар ва дигар ҷашнҳо яке аз шогирдонаш Зафар Рофиев (собиқ сармеъмори шаҳри Панҷакент) ба аёдаташ мерафт ва ӯро модари маънавии худ мешумурд. Бо дили шод шогирдро писарвор қабул намуда, аз навигариҳою рафти сохтмони шаҳр пурсон мешуд ва маслиҳатҳои худро дареғ намедошт.
Дар Рӯзи сохтмончиён дар чорабиниҳои идона гули сари сабад аст. Хизматҳояшро ба назар гирифта, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳолаш чанд бор хабар гирифта, ӯро бо ифтихорномаҳо сазовор гардонданд.
Баҳри донишандӯзии фарзандон мекӯшид ва ин буд, ки фарзандонаш дар риштаи бонкдорӣ, муҳандисӣ ва тиб касб интихоб намуданд. Наберагонро доим ба донишандӯзӣ талқин менамуд ва ба духтарону набераҳояш таъкид дошт, ки аз соҳибистиқлолии Ватан, аз беҳбуди мақоми зан дар Тоҷикистони азиз шукрона кунанд. Духтарон аз дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хурсанд буда, дар ҷустуҷӯи илму ҳунаранд.
- Зани тоҷик имрӯз ба шарофати Сарвари давлат мақому манзалати баланд дорад, таъкид менамуд ҳар дам. Бо хушнудӣ ба наберадухтаронаш дуои нек медод барои донишандӯзии онҳо ва таъкид менамуд, ки аз шароитҳои фароҳамоварда истифода бурда, барои донишандӯзӣ ва омӯхтани касбу ҳунар талош варзанд.
Рӯзгори собиқ сармеъмори намоёни Пан¬ҷакенти бостонӣ, бонуи нексиришту равшанзамир Зебунисо Бобомуллоева барои насли имрӯзу ояндаи кишвар ибратбахш аст. Дар мисоли ин бонуи кордон метавон мушоҳида намуд, ки инсонҳо, хосса бонувон, қодиранд дар муқобили ҳама гуна носозгорӣ истодагарӣ намоянд. Имрӯз ин зани мардтинат ба хоби абад рафтаву вале дар хотираи ёру дӯстон ва шогирдон зинда аст.
М. ҒАНИЕВА,
корманди Осорхонаи ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент