Онҳо, ҳаштхоҳарон, ончунон тифоқ ва ҳамдаму роздори якдигар мезистанд, ки ҳамдеҳагон ба заковату ҳушмандӣ ва бартариҳои илму донишандӯзии онҳо тан дода буданд. Шаҷараи аҷдодии онҳо ба нахустин комсомолдухтари Қубодиёни бостонӣ бибӣ Ҳайитгул мерасад, ки замоне бо шуҷоату озодандешиҳояш аз дасти доҳии пролетариати ҷаҳон – В. И. Ленин ифтихорномаҳо гирифта буд.
Ҳамакнун, абераҳои Ҳайитгулбибӣ дар муҳити хонаводае ба воя мерасиданд, ки падар омӯзгори сахтгиру дономанд ва модар мураббияи меҳрубон, ба хотири дар руҳияи илму ҳунаромӯзӣ, худшиносиву озодманишӣ ба камол расидани духтарҳои ҷасуру хушбини хеш мекӯшиданд. Ҳаштхоҳарони хушсалиқа бо хислатҳои шоиставу маҳорати корсозӣ ҷойи писарро дар оила пур мекарданд, ки зодмандон ҳам боре аз беписарӣ гила надоштанд.
Ризоияти падарон
Шаҳло, фарзанди дувуми хонадон, нисбат ба дигар хоҳаронаш ба қиблагоҳӣ алоқамандии бештар дошт, ки ҳанӯз аз синни наврасӣ дар симои ӯ идомадиҳандаи пайроҳаи касби падарро медиданд. Бад-ин ваҷҳ, сарфи назар аз орзуву ормонҳои наврасӣ, Шаҳло пешаи омӯзгориро пазируфта, баъди хатми мактаби миёна таҳсилро дар Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён идома дод. Фориғ аз таҳсил ҳамчун китобдори МТМУ № 1 ба фаъолият оғоз намуд…
Оинаи зиндагӣ
То хатми Коллеҷи омӯзгорӣ, бинобар нарасидани омӯзгорон дар МТМУ №1 аз фанҳои таърих ва забону адабиёти тоҷик ҳам дарс мегуфт, баъди арӯсӣ то соли 2000-ум дар МТМУ № 13-и ноҳияи Носири Хусрав ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолият дошта, чаҳор соли дигар саргарми ба воя расондани фарзандон шуд.
- Ба толеи баландам дар айёми наварӯсӣ хушдомани мисли модар ғамхору пуштибон доштам, ки аз нонпазиву таҳияи ғизои хоси хонавода, то расму русуми муошират ва анъанаҳои оилавии худро ба ман меомӯхт. Ин ҳам далели боварии аҳли оила буд, ки баъди марги ҳамсари ҳеварам парастории тифли онҳоро ба уҳдаам гузоштанд. Бо гузашти вақт духтархондам ба синни хатми мактаб расид, дар чорабинии занги охирин шеъре дар васфи модар эҷод кардаи маро бо эҳсоси баланд қироат кард, ки ба ҳама таъсири амиқ бахшид. Шукр, ҳамраҳу ҳампайи ӯ як духтару ду писари худро низ, ба воя расондем. Духтарам донишгоҳро бо ихтисоси омӯзгори забону адабиёти рус хатм намуд.
Давоми солҳои хонашинӣ пайваста таъкиду насиҳатҳои волидонро пеши рӯ оварда, шукргузорӣ мекард, ки дар натиҷаи сахтгириҳо ва дурандешиҳои падар имрӯз бо кӯлбори донишу таҷрибаи омӯзгорӣ дар тарбияи фарзандону шогирдон муваффақ аст. Дар сояи сиёсату сахтгириҳои сарвари хонавода Шодӣ Саидмуродов, ки омӯзгори фанни физика-математика ва ҳам директори МТМУ №1-и ноҳияи Қубодиёнро бар зимма дошт, пеш аз ҳама, духтарони худаш бо дониши аълову рафтори намунавӣ таҳсил мекарданд, ки имрӯз дар ҷодаҳои тарҷумонӣ, соҳаи иқтисоду тандурустӣ ва риштаҳои омӯзгориву рӯзноманигорӣ фаъолият доранд.
Соли 2004 буд…
Пас аз анҷоми муҳлати рухсатӣ барои тарбияи атфол, Шаҳло Саидмуродова аз нав ба дабистони орзуҳои худ баргашт.
Аз таваҷҷуҳи маорифпарварони номвари ноҳия ва эътимоди аҳли оила неруи тоза гирифта, ҳамон соли хониш беҳтарин омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дониста шуд. Давоми солҳои баъдӣ се наслро то синфи чаҳорум таълим дод, ки имрӯз аксари дастпарваронаш соҳиби касбу корҳои гуногун буда, қисме аз онҳо дар муассисаҳои оливу касбӣ таҳсил доранд.
Дар ин миён фурсати муносиб барои идомаи таҳсилоти олӣ фароҳам омад ва Шаҳло ба шуъбаи ғоибонаи факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил мешавад. Бад-ин минвол, то соли 2012 илова ба таълими синфҳои ибтидоӣ аз фаннҳои таърихи халқи тоҷик, аз забон ва адабиёти тоҷик ҳам дарс мегуфт. Дар ин давра, бо сокинони деҳаи зисташон - Арабхона ба бунёди нахустин муассисаи таҳсилоти томактабӣ иқдом гирифтанд ва дар рӯзи ифтитоҳи боғчаи кӯдакона бо пешниҳоди гурӯҳи ташаббускор мудирии онро ба уҳдаи Шаҳло Саидмуродова гузоштанд.
Ташаббускор
Баъди чанд моҳи фаъолият ӯро директори МТМУ № 13-и ноҳияи Носири Хусрав таъин намуданд. Тули солҳои роҳбарии муассисаи таълимӣ дар радифи ташаббусҳои созанда баҳри баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, ҷалби духтарон ба донишу ҳунаромӯзӣ, тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо Кумитаи падару модарон, ҳамзамон, ҳамчун узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва минбаъд раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Арабхона» дар густариши ҳамкориҳои ҳизбӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалисозии ташаббусҳои бунёдгароёнаи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб саҳми арзанда гузошт.
- Таъмири мактабу сангфаршсозии роҳҳои маҳаллӣ, ташкили ҳашарҳои дастаҷамъонаи ниҳолшинониву ободонӣ, баргузории ҳамо¬ишҳои фарҳанги сиёсӣ бо ширкати сокинони деҳот аз зумраи чорабиниҳои муҳиме ба ҳисоб мерафтанд, ки дар ноҳияи Носири Хусрав бо аҳолӣ саранҷом кардем, - афзуд Шаҳлобону.
Ҷ. УСМОН,
ноҳияи Носири Хусрав