Ҳузури ӯ дар доираҳои зиёиён, ба вижа, омӯзгорон ва кормандони соҳаи хизмати давлатӣ чароғи маърифатро мемонад. Шогирдону пайравонаш оид ба мавзуъҳои рӯзмарраи касбӣ аз ин пешоҳанги соҳаи маорифу маданият машварат гирифта, ҳам аз суҳбатҳои ҷонбахшу орифонааш баҳравар гашта, баҳри шукуфоии Ватан мекӯшанд. Ҷавонони даврони Истиқлоли давлатӣ, ба хусус, бонувони лаёқатманде, ки қадами тоза ба арсаи хизмати давлатӣ гузоштаанд, ба роҳнамоиҳои меҳтарон, ба мисоли Омина Шамсуллоева, зиёд ниёз доранд. Зеро, донишу таҷрибаи ин насли баруманд, ки дар шебу фарозҳои аҳди шуравӣ, даврони таҳаввулоти сиёсӣ ва марҳилаи навини давлатдорӣ, андар ҷодаи омӯзгорӣ ва зинаҳои роҳбарии соҳаи маънавиёт сайқал ёфтаанд, мактаби омӯзандаи ҷавонон ва наслҳои оянда аст.
Ӯ дар шаҳри Бохтар, дар оилаи хизматчӣ ба воя расида, парвардаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и зодгоҳаш мебошад. Баъди хатми факултаи методикаи синфҳои ибти¬доии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо роҳхати Вазорати маориф ва илм фаъолияти омӯзгориро аз МТМУ № 7-и шаҳри Бохтар оғоз мебахшад. Муҳити беғашу меҳру самимияти кӯдакон ва завқу рағбати беандозаи онҳо ба донишандӯзӣ ба омӯзгори ҷавон неруву ангезаи тоза мебахшиданд, ки ҳама ҳастии худро ба кори таълиму тарбия бахшида, саъй мекард, то ба ҳама суолу ковишҳои хурдтаракони дарси дониш ҷавоби қонеъкунанда гуфта тавонад. Дар ин миён хостгорони Омина Шамсуллоева пайдо шуданду ҳамин тавр, баъди издивоҷ тариқи гузариш фаъолияти худро дар МТМУ № 10-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ идома медиҳад.
Муҳити созгори хонавода ва ҳамди¬гарфаҳмиву дастгирии маънавии ҳамсари меҳрубон ба Омина Шамсуллоева эҳсоси хушбиниву ангезаи рушду пешрафт дар ҷодаи касбӣ мебахшид. Солиёни фаъолияти пурсамараш дар вазифаҳои муовини директор оид ба таълим дар синфҳои ибтидоӣ ва директори МТМУ №10 собит намуд, ки дар масири беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба корҳои ободонии муассисаҳои таълимӣ ва дигар ҳадафҳои вобаста ба рушди соҳа, бонувони маорифпарвар бартариҳои зиёд доранд. Самараи фаъолияти назаррасу намои зарфиятҳои роҳбарӣ дар ин ҷода буд, ки соли 2009 ӯро ба вазифаи сардори Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи МИҲД-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъин намуданд.
-Ҳамчун нахустин кормандони соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, чанд тан аз хизматчиёни давлатӣ ва кадрҳои ҷавон ба таъсиси идора ва омодаву муҷаҳҳазгардонии ҳуҷраҳои корӣ иқдом гирифта, Оинномаи ин ниҳодро таҳия ва ба Раёсати адлияи вилояти Хатлон пешниҳод намудем, - мегӯяд Омина Шамсуллоева.
Таъсиси сохтори мазкур аз ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат ва ғамхорӣ нисбат ба беморони барҷомондаву солмандони эҳтиёҷманд буд, ки ба дастгирии моддӣ ва ҳам ба ёриҳои гуногун ниёз доштанд. Таҷрибаи соли аввали фаъолияти Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона нишон дод, ки дар деҳоти аз марказҳои маъмурӣ дуртар солмандону гирифторони бемориҳои гуногун аз кумакҳои моддӣ дида, бештар ба ёрирасониҳои гуногун, аз қабили нигоҳубину парасторӣ ва таҳияи ғизову тамизи хонаву сарулибоси худ ниёз доранд.
Дар ростои шиносоии аз ҳаёти воқеии сокинон ва омӯзиши афкору мушкилоти ҳалталаби ҷомеа, Омина Шамсуллоева бо дидгоҳи дигаргунаву пешниҳодҳои ҷадид муҳимтарин масоили иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла шаффофияти бақайдгирии оилаҳои эҳтиёҷманд ва расондани кумакҳо ба қишри аз ҳама ниёзманди ҷомеаро ба баррасӣ мегузошт. Гузори фаъолияти пурсамар дар ин ҷода, роҳбарияти ноҳия идомаи фаъолияти ӯро дар вазифаи мудири бахши назорати дастгоҳи раиси ноҳия муносиб донистанд. Баъди як соли дигар ба вазифаи сармутахассис оид ба корҳои махсуси шуъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъин шуд.
- Соли 2013 дар арафаи омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ маро муовини раиси ноҳия таъин намуданд, ки дар он шабу рӯз сарбориҳои соҳаи иҷтимоиёт ва маънавиёт аввалу охир надошт. Зеро, фаъолияти муовини раиси ноҳия оид ба иҷтимоиёт ва маънавиёт роҳбарии 12 самти фаъолияти соҳаҳои муҳимро дар бар мегирифт, ки фаъолияти ҳар як аз ин соҳаҳо ба муҳити маънавӣ ва афкори ҷомеа таъсиргузор буд, - иброз дошт дар идома Омина Шамсуллоева.
Оминабону ба ин андеша аст, ки имрӯз ҳама шохаҳои соҳаи маънавиёт ба такмил ва рушду вусъатбахшӣ ниёз дошта, муҳимтар аз ҳама, дар таъин ба вазифаҳои роҳбарии бахшҳои ҷавонону ноболиғон, зан ва оила, матбуоти даврӣ ва ба вижа мудирияти соҳаи маориф бояд ба ихтисосмандиву таҷрибаи корӣ, сатҳи донишу малакаи кор бо ҷомеа ва зарфиятҳои сухандониву салиқаи сиёсатшиносии кадрҳои ҷавон афзалият дод. Чунки, абзори муҳими муқовимат алайҳи идеологияи хатарзо ва устувориву пойдории давлатҳои соҳибихтиёр, пеш аз ҳама, вобастагӣ аз неруи зеҳнӣ ва дастгоҳи қудратманди идеологӣ дорад, ки бо мафкурасозиву тарғиби ғояҳои созанда мардумро ба амалисозии ташаббусҳои бузурги созандагӣ ва муқовимати дастаҷамъона бар зидди душманони миллату давлат ҳидоят месозад.
Баъд аз вазифаи муовини раиси ноҳия фаъолиятро ҳамчун сармутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи дастгоҳи раиси ноҳия идома дода, аз соли 2016 дубора ба вазифаи директори МТМУ № 10 таъин шуд. Аз соли 2020 ҳамчун мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ фаъолият дошта, дар тарбияи кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ саҳм мегузорад…
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ