Таи 23 сол аст, ки ин бонуи мушфиқу ғамхор дар хизмати халқу Ватан фаъолияти пурсамар дорад. Доимо ӯ саъю талош меварзад,ки ба пиронсолону табақаи ниёзманди аҳолии кишвари маҳбубамон Тоҷикистони биҳиштосо дасти кумак дароз намояд ва ё мушкилашонро осон кунад. Росташ, ман таи як-ду соли охир ин бонуи хушфеълу меҳнатқарин ва мушфиқро надида будам. Хушбахтона, чанд рӯз қабл ӯро дар ҳуҷраи кориаш дарёфтам. Ва ин мисраъҳои шоир ногаҳон ба ёдам омад, ки гуё дар ситоиши ин бонуи зебо гуфта шудаанд:
Замину осмонро дӯст дорам.
Хулоса ин ҷаҳонро дӯст дорам.
На дар ҳусну ҷамол андар мурувват.
Занони мардсонро дӯст дорам.
Ин бонуи хушсухану меҳрубон Заррина Ҳоҷиева мебошад, ки вазифаи раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистонро ба ухда дорад. Номбурда аз соли 2001 то ба имрӯз паи хизмати мардуми кишвар машғул мебошад. Ва дар ин муддат миё¬ни ашхоси касбу кори мухталиф талош варзидааст, ки ҳуқуқу озодиҳои онҳоро поймол накарда, ба онҳо дасти хайру шафқат дароз намояд. Мавсуф аз суханони модари мушфиқу ғамхораш Хосият Қурбонова ва падари бузургвораш зиндаёд Боймурод Ҳоҷиев ибрат гирифта, идомадиҳандаи фаъолияти қиблагоҳаш мебошад ва панду андарзҳои ҳакимонаи падарашро ҳаргиз аз хотир набароварда, доимо аз рӯи онҳо амал мекунад. Ва бо корафтодагон бо забони ноби тоҷикӣ фораму дилнишин суҳбат ороста, мушкили онҳоро ҳамеша осон месозад. Тавре устод Мирзо Турсунзода дар ин боб фармудаанд.:
То тавонӣ дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун,
Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир…
Мушкилосонкункасонро гум макун.
Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоки касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар тобеияти худ зиёда аз 20 ҳазор аъзо дошта, ҳамасола дар арафаи иду чорабиниҳои мухталиф ба табақаи ниёзманди он ба миқдори зарурӣ мадад расонда мешавад. Ва ин гурӯҳи одамон аз Ҳукумати ҷумҳурӣ ва иттифоқи касаба миннатдор мебошанд. Заррина Ҳоҷиева хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, пас аз анҷоми таҳсил ҳаёту фаъолияташро дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон пайваст. Мавсуф дар ҳамаи фаслҳои сол ҳамасола серкору серташвиш мешавад. Як тараф расондани ёриву додани роҳхат ба ашхоси синну соли гуногун ба санаторияву осоишгоҳҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, аз самти дигар бошад, фиристодани кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ дар 4 баст маҳсуб меёбад. Номбурда аз бархе мушкилоти рӯз наҳаросида, аз Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми тоза гирифта, барои гул-гулшукуфии Тоҷикистон мекӯшад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллати тоҷик маҳсуб ёфта, он дар пешрафту дигаргунсозиҳои кишвар ва созандагию вазъи иҷтимоии миллати тоҷик раҳнамои асосӣ дар зарфи чандсолаҳо ба ҳисоб меравад, ки ҳамаи корҳо аз рӯи он дар сатҳи зарурӣ ба анҷом мерасанд. Ҳамин тавр ҳам мешавад, раис бо ҳамкоронаш, ин раванди корро дар сатҳи хуб ва бо сифати баланд тибқи талаботи замони муосир рохандозӣ намуда, ба масъулини Федератсия Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон доимо муждаи некро мерасонад. Раис Заррина Ҳоҷиева инчунин дар зиндагӣ низ бонуи мушфиқу ғамхор ва маҳбуби дилҳои фарзандон, модар ва ҳамагон гардидааст. Ӯ дар тайёр намудани таъомҳои миллӣ ва тарбияи фарзандон нақши муҳим ва созгор гузошта, алаккай ду ҷигарбанди хешро бо дуои нек ба ҳаёти мустақил гусел намудааст. Фарзанди дигараш бошад, ҳоло дар кишвари Руссия донишҷӯ мебошад. Номбурда як сол пеш бибӣ шуд ва наберадор гардид. Ва шодию хурсандиаш ҳадду канор надорад. Акнун теъдоди набераю абераҳои холаи Хосият Қурбонова модари Заррина аз 50 ҳам гузашт ва оилаашон намунаи ибрати ҳамагон мебошад. Фарзандонро хушрафтору хушахлоқ ба воя расондааст. Аз ҳама заруру аҷибаш он аст, ки Заррина Ҳоҷиева таманнои ҷолибе дорад, ки ҳамеша мардуми тоҷики мо чун оилаи онҳо орому осуда ва дар фазои сулҳу дӯстӣ умр ба сар баранд ва дар кишварамон ҳамеша фаровонию арзонӣ бошад.Ҷашни бузурги миллат -
35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумуҳурии Тоҷикистонро бо туҳфаҳои муносиб ва арзандаи меҳнатӣ истиқбол менамоянд. Инчунин ин бонуи мушфиқу доно инсонҳоро аз ҳамдигар ҷудо, миёни минтақаҳо тафовут намегузорад. Ҳамагонро ба як чашм нигоҳ карда, ба онҳо як хел муносибати инсонпарварона дорад, Заррина Ҳоҷиева тамоми хислатҳояш неку одамдӯстона, буда барои рушду густариши Тоҷикистони биҳиштосоямон ҷахду талошҳои бемислу монанд ва пайваста менамояд. Мо ба ин бонуи зебои маҳбуби дилҳо дар пешрафти фаъолияти меҳнатиаш муваффақият таманно намуда, хоҳони онем, ки ҳамеша сарбаланд бошад ва доимо мақому манзалати шоистаро ишғол намояд ва дар хизмати халку Ватани азизи зебоямон қарор дошта бошад.
Мавлон МИРЗОЕВ,
рӯзноманигор