Он баҳори саршор аз ангезаҳои навҷавонӣ ва шӯру шари илҳоми расидан ба орзуву шавқмандиҳои беназир Зиёда, духтари бедор ба рағми худсозиву худкушоӣ, фориғ аз дарси мактабу вазифаҳои хонагӣ, бо ҳунармандони Хонаи маданияти шаҳри Ҳисор тамрин мекард, то дар намоиши саҳнавӣ нақшҳои ҷавононро бозида тавонад. Аз таърифи санъаткорони касбӣ руҳбаландиву неруи тоза меёфту панду зарофатҳои вазири вақти фарҳанги Тоҷикистон Меҳрубон Назаров ба ӯ пару бол мебахшид: «Ҳунарманди хурдакаки ман, нақшҳои саҳнавиро моҳирона мебозиву надонам дасти сарнавишт дар ояндаи ту чӣ нигошта… «
Вақт на танҳо дардҳоро даво мебахшаду талхиҳоро ширин месозаду мушкилиҳоро осон мегардонад, балки пайроҳаи зиндагиро ба масире мебарорад, ки интизорашро надорӣ ва на илоҷи интихоби роҳи дигарро, - аз нахустин гардишҳои ҳаёт қисса мекушояд Зиёдабону. – Баъди хатми МТМУ № 12-и шаҳри Ҳисор донишҷӯи Омӯзишгоҳи техникии № 5-и шаҳри Душанбе шуда, баъди як моҳи таҳсил ҳамроҳи садҳо нафар ҳунаромӯзони пойтахт моро барои ҷамъоварии ҳосили пахта ба ноҳияи Қумсангир (имрӯза Ҷайҳун) сафарбар намуданд.
Шукри сарнавишт
Айёми шубобу фараҳмандӣ аз лаҳзаҳои нотакрори ҷавонӣ мавсими пахтачинӣ ҳам бо рақобатҳои шавқовару маҳфилу шабнишиниҳои пуршӯри фарҳангиву адабии донишҷӯён ноаён паси сар мешуд. Бехабар аз ҳукми тақдир аз миёни даҳҳо дӯстони наву ҳамсуҳбатони хушгуфтор шиносоии Зиёда бо ҷавони хушсалиқа эҳсосоти ногуфтание дар пай дошт, ки баъдан ба меҳру муҳаббати самимӣ табдил ёфт. Бо шинохти хулқу хислатҳо, розкушоиву қиссапардозиҳо аз рӯзгори хонаводаҳо ва решаҳои аҷдодии ҳамдигар, ҳиссиётҳо ба боварҳои бузургу аҳду паймоне табдил ёфтанд.
- Тирамоҳи соли 1980 аз Ҳисори Шодмон ба ноҳияи Ҷайҳун арӯс шуда омадам ва инак, 43 сол боз дар ин хуррамдиёр сукунат дорам. Шук¬ри сарнавишт, аз баракати зиндагии шоиста ба хотири хонасозиву ободонии деҳу диёри хеш, соҳиби хонаводаи намунавӣ ва чаҳор фарзанди таҳсилдидаву соҳибҳунар шудем, ки бо касби илму ҳунарҳои гуногун дар ҷодаҳои интихобнамудаашон комёбанд, - изҳор дошт Зиёда Ашӯрова. – Фаъолиятро дар Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун ҳамчун коргузор оғоз бахшида, баъдан солиёни зиёд дар зинаҳои гуногуни роҳбарӣ, аз ҷумла муовини раиси Ҷамоати деҳоти Панҷ кор кардам.
Омӯзанда
Ҳаёти минбаъдаи Зиёда ба даврони бар¬қарорсозии деҳкадаҳои аз асари ҳодисаҳои шаҳрвандӣ харобгардидаву баргардондани мардуми дар ғурбат уфтодаву ҷалби онҳо ба кишту кор ва самаранок истифода бурдани заминҳои заррезу боғистонҳои меваҳои беназири ин воҳаи файзбор рост омад, ки деҳқонӣ омили асосии аз буҳрони иҷтимоӣ баровардани сокинон арзёбӣ мегардид.
Дар ростои иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз соли 2000-ум бо тасвиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои ғайридавлатӣ» ба фаъолзаноне мисли Зиёда Ашӯрова имкон дод, ки бо роҳандозӣ намудани курсҳои бозомӯзӣ неруҳои кории деҳот, ба вижа, бонувони хонашинро ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва ривоҷу равнақ бахшидани ҳунарҳои дастиву бахшҳои хусусӣ фаъол гардонанд.
- Баъди ба ҳам омадани ҳашт бонувони ҳамақида нахуст ба таъсиси як созмони ҷамъиятии роҳнамои занону духтарони деҳотӣ иқдом гирифтем ва Ташкилоти ҷамъиятии «Моҳи мунир» эҳё гардид. Қадамҳои нахустинро аз ташкили суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ, омӯзаҳои судманди хоҷагидорӣ ва такмили маҳорати соҳибкории хурду миёна байни модарони хонашин оғоз бахшида, дар татбиқи ҳадафҳои ояндасози Президенти Тоҷикистон дар маҳалҳо саҳми худро мегузоштем.
Мурури фаъолнокии бонувон дар корҳои ҷамъиятӣ равандҳои носолиме дар мисоли аз таҳсил дар канор мондани духтарони деҳот, хушунату зӯроварӣ нисбат ба занон, ҳодисаҳои пошхӯрии оилаҳо ва беҳаққу манзили зист мондани модарону кӯдакони ноболиғ коҳиш меёфт ва ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, бонувони даврони соҳибистиқлолӣ аз лиҳози иҷтимоӣ аз насли солҳои 90-ум ва аҳди шуравӣ ба куллӣ фарқ мекарданд. Баъдан, дар ҷараёни ислоҳоти соҳаи кишоварзиву таҷдиди хоҷагиҳои бузург деҳқонони одӣ заминдор мешуданд ва роҳбарии аксарияти хоҷагиҳои фермериро бонувоне ба уҳда доштанд, ки дастпарварони курсҳои бозомӯзӣ буданд.
Ваҳдат меваи ширин овард
Дар ин миён,- мегӯяд Зиёда Ашӯрова, - мо ҳам дар заминаи 3 гектар саҳмияи аҳли оилаамон Хоҷагии деҳқонии «Раҳмондод»-ро таъсис дода, дар баробари кишти пунбадона бо истеҳсол ва захира намудани ғалладона, сабзавоту полизӣ ва дигар зироатҳои аввалия ба шароити беҳтари зиндагӣ ноил гардидем.
Дарвоқеъ, заминдорӣ бахту иқболи баландест, ки дар баробари бедории фикрӣ ба мардуми одӣ имкон дод то ба истифода аз неруи ақлониву зарфиятҳои фардӣ барои худ шароитҳои беҳтари зиндагиро фароҳам намояд, зеро, ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ ва дастрасӣ ба маблағҳои қарзиву технологияи муосири кишоварзӣ имрӯз барзгарони ноҳияи Ҷайҳун соҳиби моликияти хусусӣ, мошину хоҷагиҳои даромаднок ва сармояҳои гуногун шуда, барои ояндаи фарзандони худ беҳтарин имкониятҳои илму ҳунаромӯзиро муҳайё карда истодаанд.
Агар то соли 2021 дар 70 дарсади заминҳои хоҷагии деҳқонии ноҳия кишту парвариши пунбадонаро ба роҳ мемонданд, ҳамакнун бо азбар намудани донишу малакаи идоракунии хоҷагиҳои кишоварзӣ, заминдорон дар баробари рушди соҳаи пахтакорӣ ба парвариши ғалладонаву сабзавоти барвақтӣ ва дигар маҳсулоти талаботи бозори истеъмолӣ афзалият медиҳанд, ки аз ин ҳисоб фоидаи дучанд ба даст меоранд. Аз баракати заминдорӣ 6 нафар саҳмдори Хоҷагии деҳқонии «Раҳмондод», ки узви як хонаводаанд, соҳиби манзилу моликияти гуногун шуда, ҳам барои ояндаи дурахшони наберагон гузоштани сармояи кафолатнокро барномарезӣ доранд.
Маншаи бозори меҳнат
Ба гуфтаи Зиёда Ашӯрова, музди якрӯзаи иҷоракорони ноҳия ҳудуди 70 сомониро ташкил медиҳад ва соҳибкорону корфармоён ҳам аз ин меъёри нархгузории дастмузди кироякорон қаноатманданд. Дар низоми андозсупории хоҷагиҳои деҳқонӣ як банд ба истилоҳ «дигар андозҳо» дарҷ гардидааст, ки хоҷагидорон барои истифодаи техника ва кироякорон ҳаҷми муайяни андози давлатиро мепардозанд. Аммо иҷоракорони ғайрирасмӣ дар оянда аз ҳисоби ин андозҳо нафақа гирифта наметавонанд. Аз ин лиҳоз, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии бонувони иҷоракор боист тадбирҳои судманд андешид.
Ҷ. УСМОН,
ноҳияи Ҷайҳун