Тифл рӯи даст дар саргаҳи рустое, ки ду моҳ қабл онро тарк гуфтаву сӯи Кӯлоб фирор карда буд, меистод. Ҷамъе аз аҳли хонавода ва ҳамсояҳо ба оҳи пурдарди ӯ ҳамовоз гашта, сиришки сӯзони рӯи гунаҳоро ба нӯги рӯймол мечиданд. Нӯги рӯймол, магар камӣ кард, ки Гулчеҳра оби дидагонро бо кафи даст пок месохт. Ӯйи маҳрум аз бому дари худ овора буду парешон, ки дигар наметавонад ба зистгоҳи хеш баргардаду айёми амну беғамӣ ронад. Тифли якунимсола, гӯиё ғами модарро ҳис карда буд, баробари ӯ талх мегирист. Ногаҳ чашми ҷавонзан ба дурбини наворгирӣ уфтод, ки чанд лаҳза сӯи ӯ нигарон буд. Алам кашиду бо кафи даст рӯй панаҳ кард. Ин лаҳзаи ҳассос дар таърихи солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сабт ёфтаву тариқи оинаи нилгун ҳар гоҳе ба намоиш мерафт. Баъдан он акс дар рӯи маҷаллаву рӯзнома ва лавҳаҳои хотиравӣ аз он солҳои мудҳиш ба чашм мехӯрд.
Рӯи он акси таърихӣ Гулчеҳра Холова, омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и ноҳияи Вахш сабт ёфтааст, ки моҳи июни соли 1992, ҳини даргириҳои ҷанг зодбуми хеш – Ҷамоати деҳоти Оқгаза (ҳоло 20-солагии Истиқлолият)-и ноҳияи Вахшро тарк гуфту моҳи август ба зодгоҳ баргашт. Аммо дастаи мухолифин деҳаи муаллимро ғасб намуда, сокинони гуногунмиллати онро намегузоштанд, ки ба хонаҳои худ баргарданд. Андешаи он, ки ба хотири омӯзгор будан, аз шарри офатҳо эмин мемонад, ботил баромад. Баъди кӯшишҳои бенатиҷа муаллим бо чанд тан аз бонувони гуреза пинҳонӣ ба манзилҳои хеш роҳ ёфта, шоҳиди манзараҳои ҳузнангез гардиданд. Ҳуҷраҳои холии тороҷгашта бидуни ашёҳои рӯзгор бонувони фирориро ба риққат овард. Ҳамоно шукри сақфу деворҳои побарҷо карданд.
Гулчеҳра роҳ сӯи манзили падар – яке аз иштирокдорони фронти халқӣ гирифт, то аз вазъи хонаи падарӣ воқиф гардад. Дохили манзил дару деворҳои пур аз навиштаҳои зишт диду як гурӯҳ занони калтакбадаст. Ӯро иҳота ва ба таҳдид гуфтанд, ки агар падару чор бародарро ба дасти мухолифин насупорад ва то тирборонашон накунанд, ба зистгоҳи худ барнагардад. Зани солдидае нӯги ангуштонро ба дидагони Гулчеҳра зер карду гуфт:
«Агар наовардӣ, чашмонатро кофта мегирам». Марди ҳамсоя доду фиғон шуниду падид омада, Гулчеҳраро сипар шуд. Занҳо ба ӯ часпиданд, вай ноаён сӯи муаллим имои гурехтанро кард. Аз ҳавлӣ даричае ба сӯи манзили ҳамсоя буд ва Гулчеҳра аввал оҳиста, баъд тирвор рӯ ба гурез овард.
Баъдҳо дар ҳайрат меомад, ки чӣ гуна он лаҳза ҳавливу ҳотаҳо, ҳатто дарвозаи баланди болояш найзадорро бо ҷисми дуҷонаш чӣ тавр убур кард. Ҳаю-ҳӯйи бачаҳоро шунида, ба ақиб нигарист, ки як гурӯҳ писарон дар даст сангу калтак «ана вай» - гӯён ӯро таъкиб доранд. Муаллимбонуе бо ҷазаба Гулчеҳраро пуштибонӣ карду ба манзили хушдоман расонд.
Ба нақли ҳамдеҳаҳо, баъди фирори муаллимбону навраси ханҷарбадасте суроғи муаллим кард.
– Шогирдаш мешавӣ? – суол карданд аз ӯ. «Не, омадам, ки ӯро пора-пора кунаму пеши пойи падараш партоям», - гуфт вай.
Бад-ин минвол муаллим Гулчеҳра муддате дар хонаҳои мардум панаҳ бурд. Бонувон ҳама якҷо дар манзиле шабҳо бехобӣ мекашиданду мардҳо дар даст силоҳҳои чӯбӣ сари барзан то субҳ посбон буданд. Амсилаҳо барои тарс додани чашми бадхоҳон, ки гӯё онҳо низ, мусаллаҳанд. Боварӣ ба дӯсту бародар ва ҳамсояҳо аз байн рафта буд, кас аз ҳама гумон мебурд. Фавҷ-фавҷи мардум, хосса ҷавонон бедарак ва ё кушта мешуданд. Ҳамсари хоҳар ва писари 16-солаи апааш бе нишон гаштанд.
Барои ба манзилҳои худ баргардондани мардум гурӯҳи ихтиёриён сӯи мухолифин раҳ гирифт, ки миёни онҳо чор бародарони Гулчеҳра низ, буданд. Хоҳарбузург аз пушти бародарони ҷавонаш талхова гирист, ки мабодо туъмаи тири нохалафон гарданд. Шукр, ки ҷон ба саломат бурданду гурезаҳо ба хонаҳо баргаштанд. Гулчеҳра низ, дар қатори онҳо ба зистгоҳ баргашт ва рӯзҳои сангин дид. Барои дарёфти рӯзӣ чӣ ҳунари дастие дошт, истифода бурд. Ҳамон сол ба мактаб баргашту омӯзгориашро идома бахшид.
Чанд сол бе маош фаъолият бурд, дар як рӯз як дона нон мегирифт. Зироат мекошт, нонро гоҳо ба омӯзгорони дармонда медод. Аксарият тарки пеша карданд, аммо ӯ ба касби хеш содиқ монд. Ҳамин тарик, соли 1995 ҳамчун муовини директор оид ба синфҳои ибтидоии МТМУ № 10-и ноҳия ва соли 2001 ба вазифаи директори муассисаи мазкур таъин гардид. Замони роҳбарии ӯ мактаби дар замони ҷанг харобгаштаро навсозӣ карданд, ки он айём амсолаш дар вилоят танҳо ду мактаби дигар буд, ки пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида буданд.
- Соли 2010, ҳине, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактабро мавриди истифода қарор доданд, вақти суханронӣ гуфтанд: «Кӣ мегӯяд, ки дар соати барномаи Ахбори Телевизиони Тоҷикистон, суханони «Шукронаи ин давлат кунед…» садо медиҳанд, дар куҷо гуфтаам? Ин суханҳо маҳз дар ноҳияи шумо садо додаанд, -гуфтанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», - иброз дошт муаллим Гулчеҳра Холова.
Баъдан як сол ҳамчун муовини раиси ҷамоат фаъолият бурд, аммо меҳр ба мактабу кӯдакон ӯро бозпас ба дабистон овард. Дар МТМУ № 35 ҳамчун директор ифои вазифа карду чор синфхонаи иловагӣ сохт. Вазифаи раҳбариро боз дар мактаби № 10 ба уҳда гирифт ва инак, агарчи нафақахӯр аст, тайи 41 сол дар масири омӯзгорӣ фаъолият менамояд.
Волидон, бахусус модар, барои таҳсили Гулчеҳра саъйи зиёде намуд. Ягона духтаре буд, ки соли 1978 аз деҳа пайи таҳсил ба Коллеҷи педагогии ноҳияи Рашт раҳнамун гашт ва баъди 4 соли таҳсил диплом ба даст сарбаландона ба деҳа баргашт. Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро низ, поён бурд.
Омӯзгори муътабар соҳиби 5 фарзанд асту ҳама соҳибмаълумот. Фарзанди бузургаш омӯзгори забони англисӣ, дувумӣ дандонпизишк, савум дар раҳи санъати мусиқӣ гом ниҳодаву чаҳорум ба технологияҳои рақамӣ ихтисос ёфта ва фарзанди хурдӣ донишҷӯи Коллеҷи тиббии Бохтар аст.
Ҳоло акси бузурги муаллим бо духтарчаи хурдсолаш дар як гӯшаи осорхонаи Қасри фарҳанги Арбоб ҷой гирифта, ёдҳоро ба солҳои мудҳиши ҷанг мепайвандад. Духтарчаи рӯи дасташ Зарина Ҳасанова Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро бо ихтисоси тарҷумони забони англисӣ хатм намуда, дар МТМУ № 20-и ноҳияи Кӯшониён омӯзгор буд. Оиладор ва бо ду дӯстрӯякаш ҳоло дар Федератсияи Россия ба сар мебарад.
Муаллим Гулчеҳра Холова соли 2017 ба Қасри Арбоб сафар карда, акси худро дид ва болид, ки он рӯзҳои мудҳиш гузаштанду дар осорхонаҳо макон гирифтаанд. Шукр гуфт, ки рӯзҳои барои ӯву ҳамватанонаш сангину даҳшатзо ба шарофати фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта бебозгашт монданду мардум боз ба ҳам дӯсту бародар гашта, ба марҳилаи рушду созандагӣ гомҳои устувор мениҳанд.
Ситора АШӮРОВА,
Душанбе – Вахш – Душанбе