Бинандагони зиёди телевизиони «Бадахшон» аз Баҳорсултон Азатуллозода чун яке аз эҷодгари ҷавони болаёқату соҳибистеъдоди шабака ном мебаранд. Ба бовари журналисти ҷавон истеъдод бо меҳнат сайқал меёбаду барои инкишофи маҳорату малакаи эҷодӣ заҳмат ва кӯшиши пайваста мебояд.
Истеъдоди санъатварӣ барои Баҳорсултон фит¬рӣ буд. Падарбузургаш Азатулло чун ҳофизи номдор ва устои чирадасти тайёр намудани рубоби бадахшонӣ шуҳрат дошт. Писарони ҳунарманд Шергулу Файзгул, ки ҳар ду дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ кор мекарданд, дар ҳайати ансамбли ҳунарӣ бо созу суруд ва рақси зебои мардонаашон ба шаҳрҳои ҷумҳуриҳои бародар ва ҳатто то Лаҳистон сафар доштанд. Баҳорсултон, ки таваллудаш ба солҳои соҳибистиқлолӣ рост омад, аз овони кӯдакӣ қобилияти хуби сурудхонӣ зоҳир намуда, дар чорабиниҳои мактабӣ ширкати фаъол меварзид. Дар хона гоҳе ҳам ба ровиёни барномаҳои телевизионӣ тақлид мекард ва мехост ба онҳо монанд шавад. Роҳи таҳсил дар мактаби олии санъат барояш бо сабабҳои иҷтимоӣ баста буд, чаро ки барои ноил шудан ба ин мақсад ба маркази ҷумҳурӣ рафтан лозим меомаду сафар ва буду бош дар он ҷо хароҷот талаб мекард. Қарор дод, ки барои омӯхтани санъати сухан ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ дохил шаваду нияташро амалӣ гардонад.
Вақте дар курси чорум мехонд, телевизиони вилоятӣ барои ба кор гирифтани кормандони эҷодӣ озмун эълон намуду Баҳорсултон чун яке аз донишҷӯёни беҳтарини факулта дар он ширкат варзид. Ҳакамон дониши хубашро таъкид карданд, вале ба далели ҷой доштани ҳисси нобоварӣ дар нутқи довталаб ӯро аз озмун нагузаронданд.
Пас аз хатми Донишгоҳ ӯ ба мактаб роҳхат гирифт. Панҷ сол дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Давлаталӣ Шабдолови шаҳр аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба хонандагон дарс гуфт. Касбашро сахт дӯст медошту талабагону волидонашон ва ҳамкорон ба ин бонуи хоксору меҳнатқарин меҳр бастанд. Омӯзгори ҷавони ҷӯяндаву донишвар чун одати донишҷӯӣ, ҳамин ки каме фурсат пайдо мешуд, барои мутолиаи адабиёти иловагӣ ба китобхонаи вилоятӣ мерафт. Дар ҷараёни таълиму тадрис такмили касб карду санъати суханвариаш инкишоф ёфт. Боре чун телевизиони «Бадахшон» озмуни навбатӣ эълон кард, ба хотири баровардани аламаш аз озмуни пешӣ дар он ширкат варзиду баранда шуд. Ҳарчанд ҷудоӣ аз мактаб барояш сахт буд, журналистикаро макони минбаъдаи фаъолияти касбиаш пазируфт.
- Дар дабистон шуморо ҳамчун омӯзгори ҷавони босавод, ташаббускор ва бомасъул ёд мекунанд. Байни мактабу журналистика чӣ фарқияте мебинед?- мепурсам аз ӯ.
- Ба ростӣ, дар ёди мактаб дилам гум мезанад ва мехостам аз нав ба маъвои дониш баргардам, вале меандешам: агар дар мактаб бо шогирдону ҳамкорон будам, ҳоло ҳамчун хабарнигори телевизион бо ҳалқаи васеътари ҷомеа сару кор дорам. Журналистика чун воситаи иттилоърасонӣ дар тарбияи инсон нақши муҳим дорад ва талош меварзам, ки вазифаи касбиамро бо масъулияти баланд ба ҷо орам, - посух дод Б. Азатуллозода.
Агарчанде вай солиёни зиёд дар идораи радио ва телевизион кор мекунад, волидони зиёд, ки як вақтҳо Баҳорсултон ба фарзандонашон дарс медод, ҳоло низ, ҳангоми омода намудани барномаҳои фарҳангии фарзандони хурдсол ва набераҳояшон дар мактаб ва ё боғчаи бачагона барои кумак ба Баҳорсултон муроҷиат мекунанд.
Нахустин барномаашро таҳти унвони «Китоб - махзани дилҳо» аз вазъи китобу китобдорӣ дар китобхонаи вилоятӣ - макони дӯстдорони зиёди китоб таҳия намуда, бо барномаҳои шавқовар ва ҷолибу дидании фарҳангиву маърифатиаш дар дили бинандагон ҷо гирифт. Бо барномаи рангинаш бинандагонро гоҳе ба саёҳат ба умқи асрори китобҳои мушкбези деҳаи Сарои Баҳори ноҳияи Шуғнон, ки бо сиёҳии аз гулу гиёҳ омодакардаи устоҳои маҳаллӣ китобат шудаву бо гузашти бештар аз 500 сол ҳанӯз ҳам аз авроқашон бӯйи мушк ба машом мерасаду ҷило медиҳанд, ошно месозаду гоҳе тинати маънавии бою ғании шахсиятҳои донишманду эҷодкорро барояшон мекушояд ва ба олами навгониҳо аз ҳаёти фарҳангӣ ва маърифатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят изҳори назарҳо ва таҳлилҳо дар атрофи мавзуъ ворид менамояд.
Бештар аз ҳама бинандагони хурдсол Баҳорсултонро дӯст медоранду чун шахси қарин ба вай муносибат менамоянд. Чеҳраи зебои кӯдакона, гуфтори ширину малеҳ, самимият дар гуфтору рафтор ва қобилияти хуби эҷодкорӣ дар таҳияи барномаҳо барои хурдсолон маҳбубияти журналисти ҷавонро байни бинандагони синну соли гуногун бештар сохт…
Дар барномаи «Дунёи афсона» на фақат журналист бо тасвири зиндаву ҷолиб бинандаро ба олами рангоранги афсонаҳо ворид месозад, балки хурдсолон худ афсонаҳои интихобнамудаашонро мехонанду дар зеҳнашон ҳазм ва ба дигарон нақл мекунанд, ки дар баробари аҳамияти тарбиявӣ доштан, ба инкишофи зеҳнӣ ва эҷодии кӯдакон мусоидат менамоянд.
«Шарҳи як ғазал» барномаи дигарест, ки дӯстдорони каломи бадеъ онро бесаброна интизор мешаванд. Барои кушодани дурри маонӣ ва санъати сухан таҳиягар олимону шоирон ва аҳли фарҳангу адабро сари мизи баҳс гирд меорад. Дар ҷараёни саволу ҷавоби пурмуҳтаво ва муъҷаз, ки аз касбияти баланд, омодагии пухтаи барандаи барнома шаҳодат медиҳад, маънои зоҳиру ботини абёт ба ҷилва меояд, ки, бешубҳа, дар дили ҳар кас шавқу завқи донистану мутолиаи шеърро бештар месозад.
Баҳорсултон яке аз беҳтарин ровиёни барномаҳои телевизиони вилоятӣ маҳсуб меёбад. Ӯ дар таҳияи хабару гузоришҳо ширкати фаъол меварзаду чун ровӣ масъулияти расонданашонро ба бинандагон бар дӯш дорад. Сифати интиқоли матолиб ба алоқамандон аз бисёр ҷиҳат ба касбияти ровии барнома вобаста буда, Баҳорсултон дар ин ҷода муваффақ шудааст.
Ш. МИРЗОҶАЛОЛ,
шаҳри Хоруғ