Сарлавҳаи матлаб ба рисолату фаъолияти қаҳрамони он рабт дорад. Манзур нафаре аст, ки 24 соли ҳаёти хешро сарфи тарбияи кӯдакон кардааст. Ногуфта пайдост, ки тарбияи атфол, хосса дар кӯдакистон, кори саҳлу сода нест, ҳамон гунае, ки баъзеҳо мепиндоранд. Агар падару модар парваришдиҳандаи ҷон ба ҳисоб раванд, мураббии кӯдакистон ба маънои том парварандаи равон аст. Тарбияи кӯдак маҳз аз донишу малака ва самимияти ӯ вобаста буда, дар он сурат қодир аст тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак таври табиӣ интиқол диҳад. Аз ин ҷост, ки шеваи рафтору ахлоқи мураббӣ дар сифати идроки тарбиятгиранда таъсири бевосита мегузорад…
Директори кӯдакистони рақами 22 - юми шаҳри Душанбе Замира Миралиева аз шумори онҳост. Ихтисоси аввалааш иқтисодчӣ мебошад. Як муддат аз рӯи он фаъолият дошт ва имкон буд, ки ба зинаҳои мансабӣ боло равад. Вале ин бонуи фариштахислат, замоне ки ба дунёи зебои кӯдакон ворид гашт, бо дарки покиву зебоӣ ва нотакрорӣ худро ҷузъи он донисту ҳамакнун 24 сол мешавад, ки дар ин олами поку беолоиш маскун аст. Барои он ки фаъолияташ дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ гардад, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро бо ихтисоси «педагог – психологи томактабӣ» хатм намуд.
Кӯдакистони зикршуда 230 тарбиятгиранда дошта, бинобар завқу шавқи роҳбари он, таълиму тарбия бо вежагиҳо роҳандозӣ шудааст. Дар ин раванд мақом ва нақши Замира Миралиева калидӣ буда, фазои хос ва аз муқаррароти зиндагии пурсаодат таркиб¬ёфтаро барои аҳли кӯдакистон фароҳам сохтааст. Қаҳрамони матлаб соҳибмаърифату соҳибҳунар буда, ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ содиқу арҷгузор аст.
Мавсуф ҳамчун шахси тарбиятдида тарбиягирандагони кӯдакистонро тарзе тарбия мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд. Аз шумори бонувони соҳибэҳтирому соҳибном аст. Масъулиятшиносӣ аз рукнҳои асосии фаъолияти ӯст. Шахсияти ӯ бо махсусиятҳояш барои тарбиягирандагон ва волидони онҳо таваҷҷуҳбарангез аст.
Зимни суҳбат аз таваҷҷуҳу дастгириҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ёдовар шуда, афзуд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки соли 1999 содир шудааст, ба маънои рамзиаш занони кишварро паси фармон овард. Муболиға нахоҳад буд, агар гӯем, ки дар ягон кишвари олам мисли давлати мо занон мавриди таваҷҷуҳу дастгирӣ қарор надоштанду надоранд. Муҳиму ҷолиб он аст, ки Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ягона давлатест, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин фармонро содир кардааст.
Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамчун замина барои таҳия, қабул ва ҷонибдории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Кодекси оила ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 –юми августи соли 1997 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ», «Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001–2010», «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006–2010», «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 – 2016» ва дигар санадҳои меъ¬ёрии ҳуқуқӣ мусоидат намуд.
Ба андешаи онҷониб, кормандони зинаи томактабӣ дар раванди тарбияи насли нав¬рас нақши ҳалкунанда дошта, дар баробари падару модар, муаллимони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ ва ҷомеа барои шаклгирии шахсияти онҳо масъулият доранд. Қобили зикр аст, ки дар аксар маврид рисолату масъулияти мураббияҳои кӯдакистон аз дигарон бештар аст.
Агар тифлаконро дуруст тарбия кунанд, онҳо дар ҳама самтҳо комёб мешавад ва агар каме беэътиноӣ зоҳир намоянд, пайомад ногувор хоҳад буд. Ба андешаи Замира Миралиева: «Оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи неруи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо ба ҳисоб меравад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз руҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии зан вобаста аст».
Хислатҳои ҳамидаи инсониро ба қаҳрамони матлаб дар муҳити хонавода омӯхтаву доимо сармашқи кораш аст. Месазад зикр намоем, ки ӯ фарзанди ходими барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ Амиршо Миралиев буда, кӯшиш ба харҷ додааст, ки пайрави падар бошад.
- Бо дарки масъулият мегӯям, ки падарам «фарзанди эрка» надорад, касе аз «пушт»-и ӯ ба ягон кори бад даст намезанад, зеро дар тамоми вазифаҳое, ки кор кардааст, дар сурати даст задан ба аъмоли нопок касеро, хосса фарзандонро хотир намедид. Биноан, дар борааш гуфтаанд, ки «Як гап дораду як нигоҳи қаҳрогин. Сиёсатмадори пурҷазаба аст, ки аксаран ҷуръати ҳар майда - чуйдаро бо ӯ муҳокима кардан надоштанд»,- таъкид намуд ҳамсуҳбатам.
Дар бобати падар бо эҳсос сухан ронда, хеле мухтасар шахсияти ӯро тасниф намуд: «Қиблагоҳам аз зумраи нафаронест, ки зиндагиро дар ҷабҳаи мубориза барои расидан ба хайр ва аз байн бардоштани шарр сарф кардааст. Ӯ иродаи шикастнопазир, азм ва нияти нек дошту дорад. Муҳаббат ба халқу Ватан дар мағз андар мағзи ҷонаш ҷой гирифта, шуъла мезанад. Ӯ ба сӯи камолот зина ба зина ҳаракат намуд. Дар кадом вазифае, ки фаъолият кард, кордонӣ, масъулиятшиносӣ сармашқи кор буданд. Ин хислатҳои нек, усули хоси роҳбарӣ ва дурандешӣ мақоми ӯро миёни ҳамкорон боло бардоштанд... Дар вазъия¬ти басо сангин дар паҳлуи Роҳбари давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ҳузури мардони сарсупурда, ватанхоҳ, миллатдӯст, кордону хайрхоҳ зарур буд. Падарам дар ин марҳилаи ҳассос ҳамчун ҳамсафи содиқи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати тозабун¬ёд саҳм гузошт…
Падарам муътақид аст, ки ҳар шахс бояд вазифаи бардӯшдоштаро ба хубӣ анҷом диҳад. Вай рисолати милливу ватанхоҳиашро дар ҳамин мебинад ва ба фарзандон доимо талқин менамояд, - хулоса намуд Замирабону.
Дар фарҷом, зикри он ки бонувон гулҳои осмониро дар замин мекоранд, ҷомаи дилпазиру зебои ишқро дар замири худ мебофанд ва эҳсосоти латифро дар пардаи покиву покдоманӣ мепарваранд, бамаврид медонем. Иртиботи ин суханон ба Замира Миралиева бевосита аст, зеро ӯ ин рисолатро бо сарбаландӣ адо карда истодааст.
Далер АБДУЛЛО,
Журналист