ПРОЛОГ
Ба қавли аҳли фазл маҳз модарони бузург будаанд, ки қаҳрамонони давр – давлатмардон, бузургон, сиёсатмадоронро зодаву дар домони хеш парвардаанд, зеро зиндагии ҳар яке аз меҳру муҳаббат ва сидқу вафодории зан – модар маъво мегирад. Зан чароғи мунаввари хонадон, ҳидоятгари ахлоқи нек ва дастгиру наҷотбахши ҳамешагии мост. Фазилати олӣ ва рушду нумӯи ҷомеа аз талошҳои пайвастаи онҳо сарчашма мегирад. Танҳо зани нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст, бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад.
Ҳамсари Президенти нахустини Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ва модари Президенти кунунии Озарбойҷон Илҳом Алиев – Зарифа Алиева, аз зумраи чунин занони бомаърифату моми бузург маҳсуб меёбад. Зарифахонум дар садаи ахир ба симати ҳамсари шахсияти маъруфи сиёсии олам ва модари фарзанди барӯманди сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Дар бораи ин бонуи бомаърифат бори аввал моҳи декабри соли 2017 аз забони журналист, мутарҷим ва шоири зиндаёд Гулназар Келдӣ огаҳӣ ёфтам. Сабаб, тавассути нашриёти «Шарқи озод» - и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тозагӣ чоп шудани китоби журналист ва нависандаи маъруфи Озарбойҷон Элмира Охундова «Илҳом Алиев» дар тарҷумаи устод Гулназар буд. Маҳз ин падида дар шинохти Зарифахонум нақши муҳим гузошт.
Кӣ Ҳайдар Алиев, узви Бюрои Сиёсии КМ ҲКИШ, котиби якуми КМ Ҳизби Коммунисти Озарбойҷон, баъдан яке аз роҳбарони бомартабаи ҲК Иттиҳоди Шуравиро намешиносад? Ҳамсари ин шахсияти маъруфу муътабар Зарифа Алиева, академик, аз зумраи донишмандони маъруф дар миқёси СССР ва хориҷ аз он, бунёдгузори равияи нав дар соҳаи офталмология – ташхиси иродидикӣ (вобаста ба муолиҷаи чашм), яке аз шинохтатарин бонуи элита (баргузида) – и шуравӣ маҳсуб меёфт.
ФУРӮТАН
Сарфи назар аз мартаба ва шуҳрату шон Зарифа ва Ҳайдар нафарони хоксор, одӣ ва меҳрубон буданд ва бо ин хислати инсонгароёна дар қалби миллионҳо сокинони Озарбойҷон маскан доранд.
Он овон, чуноне дӯстону ошноҳои ин хонаводаи муваффақ ёд меоранд, ҳини чорабиниву маъракаҳои давлатӣ дар Кохи ба номи Ленин, ҳамсари котиби якуми ҲК Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, бонуи якуми кишвар Зарифа Алиева ё пеш аз дигарон омада, дар толори ҳанӯз беодам менишасту намехост нафареро нороҳат ва ё диққати ҳозиринро ба худ ҷалб созад.
МУҲАҚҚИҚ
«Зани нек офияти зиндагонӣ бувад».
Зарбулмасали тоҷикӣ
Он солҳо Зарифахонум дар гӯшаи бӯстонсаройи шаҳрии ҳукумат харгӯш парвариш мекард. Вай харгӯшҳоро барои озмоишҳои офталмологӣ мавриди истифода қарор медод. Аксар – атрофиён бар он назар буданд, ки барои ин хонум ин ҳама ташвиш чи зарурат дорад. Шавҳараш номзад ба узвияти Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ, вай бошад, бо харгӯшҳо саргардон…
Ё сафарҳои бонуи аввалро ба корхонаи тавлиди чархҳои резинӣ ёд мекунанд. Он ҷо Зарифахонум дафтари корӣ дошт, беморонро ба ҳузур мепазируфт. Назди духтур коргарон бо сарулибоси корӣ меомаданд. Сардори собиқи муҳофизони Ҳайдар Алиев – Александр Иванов чунин мегӯяд:
«Баъзан мехостам ба раиси корхона гӯям: дар шафати дафтари кории ӯ (Зарифахонум дар назар аст - У. Ш) ҷойи махсусе бояд муҳайё сохт, то коргарон пешакӣ каму беш худро тоза кунанд, бо либоси ифлос ба қабулгоҳ наоянд. Аммо ин зан тамоми рӯз онҳоро аз муоина мегузаронду табобат мекард…».
ҲАМСАФ
«Баъд аз имон беҳтарин неъмат зани солеҳа аст».
Умар (р)
Барои Ҳайдар Алиев хонавода – зану фарзандон ҳамеша авлавият доштанд. Дар иҳотаи ҷигарбандон худро хушбахт меҳисобид. Дар назар ӯ бе аҳли хонавода худро тасаввур карда наметавонист. Ҳар бори сафар ба Москва, баҳри ширкат дар пленуму ҷаласаҳои машваратӣ, иҷлосияҳои Шурои Олии СССР аксар вақт Зарифахонумро бо худ мебурд. Дар навбати худ, ҳамсараш фарзандонро мегирифт, зеро вай бе ҷигарбандонаш ором буда наметавонист.
Онҳо якдигарро бағоят дӯст медоштанд. Зарифа Ҳайдарро аз ҷонаш дида азизтар медонист. Ҳамин хел аҳли оила доимо ҳамроҳ сафар мекарданд…
Ҳамкорони собиқи Президент Ҳайдар Алиев нақл мекунанд, ки фарзандони шахси аввали кишвар ҳамеша бо либоси одӣ ба тан мегаштанд. Ҳарчанд ки имкони пӯшидани колои хориҷиро доштанд. Ин ҳама гувоҳи фарҳанги ботинии волидон ва худро аз мардум боло нагузоштан буд.
НАМУНА
«Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад».
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҳайдар Алиев аз Зарифахонум ифтихор дошт. Сарфи назар аз серкорӣ, вай аз ҷараёни кори илмии ҳамсараш огаҳ ва барои пешрафти фаъолияташ шароит фароҳам меовард. Ӯ, ҳатто хоҳони он буд, ки ҳамсараш корҳои илмиашро равнақ бахшад. Гоҳо Зарифахонумро накуҳиш медод, ки вақти зиёди хешро сарфи оила мекунаду ба корҳои илмиаш вақти кам мемонад.
Шукронаи давр, ки чунин сифати барои мардон нодирро имрӯз ҷигарбандаш Илҳом Алиев идомабахш аст. Муносибати падару модар барои Президенти кунунӣ намунаи ибрат мебошад ва имрӯз вай чунин ғамхориро нисбат ба ҳамсари хеш Меҳрубонхонум зоҳир менамояд.
Ҳайдар ва Зарифа доимо якҷо буданд. Аз миёни роҳбарони ҳизбии давлати советӣ Ҳайдар Алиев нахустин сиёсатмадоре буд, ки ҳамсарашро ба арса баровард. Вай Зарифаро иштирокдори кулли чорабиниҳои протоколии вақт гардонд. Ин анъанаи волидонро Илҳом Алиев дар амал татбиқ менамояд.
«БАЪДИ САРИ МАН…»
Сабри бисёр бибояд падари пири фалакро,
То дигар модари гетӣ чу ту фарзанд бизояд.
Саъдӣ
Наздикон то кунун ҳодисаеро, ки бонуи аввал аз сар гузарондааст, фаромӯш намекунанд. Зарифахонум баҳри аёдати фарзандон ба Москва рафта буд. Ҳангоми бозгашташ Семён Кузмич Свигун (солҳои 1963 – 1967 раиси КБД Озарбойҷон, 1967 – 1982 муовини аввали раиси КБД СССР) пешниҳод мекунад, ки бо ҳавопаймои ӯ ба Боку парвоз намоянд. Дар фазо самолёт аз нуқси техникӣ дарак медиҳад. Сарнишини ҳавопаймо ба фурудгоҳ хабар медиҳад, ки дар ҳавопаймо нуқс пайдо шудаасту нишаста наметавонад. Вай бояд тамоми сӯзишвориро сарф кунад, то ягон фалокат ба сар наорад.
Зарифа нохуширо эҳсос менамояд, зеро дар фурудгоҳ як даста мошинҳои оташнишонон ва ёрии таъҷилӣ бо чароғҳои фурӯзон саф ороста буданд. Хонум ба андеша рафт, чӣ тавр ин бора ба шавҳараш хабар расонад: «Худо накарда, баъди сари ман ҳоли Ҳайдар чӣ мешуда бошад?»…
Пас аз фаҳмидани асли воқеа ва андешаҳои ӯ (аз забони Зарифа) пайвандону ошноҳо ангушти ҳайрат газиданд. Дар чунин вазъияти ҳалокатбор Зарифа на аз баҳри ҷони худ, балки дар бораи шавҳараш ғам хӯрдааст, ки баъди сари ӯ ҳоли Ҳайдар чӣ мешуда бошад?!
ТАЛАФОТ
Касе, ки ёри вафодори меҳрубон дорад,
Саодати абаду умри ҷовидон дорад.
Амир Хусрави ДЕҲЛАВӢ
Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбой¬ҷон, зикр мекунад, ки падарам баъди даргузашти модарам, ҳамсари мушфиқу меҳрубонаш муддати мадид ба худ наомад. Ҳар субҳ сари манзили ӯ мерафт, гӯё аз зиндагӣ даст шуста буд. Эҳсос мегардид, ки дидаву дониста чунин рафторро ба сар бор кардааст…
Аз кор ба хона дар дили шаб меомад, аз зиндагии муътадил тамоман даст кашид. Албатта, даргузашти Зарифахонум барои ҳамаи пайвандон мушкил буд. Баъди сари ҳамсари мушфиқ, модари ғамхор, бибии мушфиқ ҳама чиз, ранги дигар гирифт…
Бо мурур, ҳузури ҳамешагии набераҳову фарзандон, меҳру муҳаббат ва ғамхории нозуконаи онҳо ба Ҳайдар Алиев то ҷое дармон бахшид ва абармард қадри имкон талафоти гарони умрашро аз сар бадар кард.
ЭПИЛОГ
Зуҳро Гулиева, олими офталмология (солҳои 70 – уми асри гузашта ректори Донишгоҳи тиббии Озарбойҷон), дугонаи бонуи аввал ин тавр зикр менамояд. «Боре Зарифа, вақти хурдсол будани фарзандонаш, арзи дил кард, ки дирӯз тамоми шаб бо Ҳайдар дар бораи чӣ тавр тарбия кардани фарзандон суҳбат доштем. Тарбияи онҳо масъулияти бузург аст…
Гуфтамаш, ки ҳар ду маълумоти олӣ доред, зиёӣ ва ҳушёред, имон комил аст, ки шумо дар тарбияи фарзандон мушкилие нахоҳед кашид…».
Ва ҳоло ки онҳо, бахусус Илҳомро мебинам, ба худ мегӯям:
«Чӣ қадар ин зан бо фарзандони худ ифтихор карда метавонист!».
Ҳақ ба бонуи хушдил Элмира Охундова, ки гуфта: «Онҳо (волидони Илҳом Алиев) бисёр сифатҳоро тавассути ҷавҳари аҷдодӣ ба писар ба мерос додаанд. На бо сухан, на бо насиҳату ақломӯзӣ, балки бо кору рӯзгори намунавии худ. Онҳо ба писари худ чизҳои зиёд омӯзонданд. Аз ҳама дарси муҳим – дар ҳама ҳолат Одам будан аст, на чизи дигар…».
Умар АЛӢ