Дар зиндагии ҳар инсон модар нақши муҳимро мебозад. Ӯ офаранда, тарбиятгар, мураббӣ ва муаллими ҳар инсон аст. Ба қадри модар кас ҳар қадар калонсол шавад, ҳамон қадар бештар мерасидааст. Дарк мекардааст, ки аз модар дида азизтар шахсе дар дунё мавҷуд нест…
Модари ман Хадича Бердиева 40 соли ҳаёти хешро дар корҳои роҳбарӣ, таълиму тарбияи насли наврас ва соҳибҳунар гардидани ҷавондухтарони ноҳияи Темурмалик бахшидааст. Ӯ пайваста талош мекард, ки насли наврас дар руҳияи худшиносию ифтихори ватандорӣ ба воя бирасад.
Модарам дар сафи аввалин ҷавондухтарони ноҳия ҷуръат карда, ба Омӯзишгоҳи педагогии ба номи Надежда Константиновна Крупская (ҳозира Коллеҷи ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе) дохил шуда, онро аъло хатм намуд.
Нақл мекунанд, ки модарам духтари хеле чақон, боҷуръату серғайрат буд. Он солҳо ақидаҳои куҳна ва урфу одатҳои хурофотӣ садди роҳи донишомӯзии духтарон мегаштанд, вале ӯ алорағми ҳамаи ин дугонаҳояшро барои идомаи таҳсил ташвиқ менамуд.
Хушбахтона, дар пайравии ӯ духтарони зиёд дар риштаҳои гуногуни макотиби олӣ таҳсил дида, соҳибкасб гардиданд. Онҳо модари маро ҳамчун роҳкушову раҳнамо эҳтиром мекунанд, ки ин боиси фахри мо - фарзандон аст.
Боре аз модарам пурсидам, ки чӣ тавр тавонист монеаҳои зиёдро убур намуда, барои таҳсил ба пойтахти кишвар равад. Ӯ лаҳзае андешиду гуфт:
- Ҳар гоҳе хотираҳои хешро варақгардон мекунам, як лаҳзаи беҳтарини зиндагӣ пеши назарам меояд. Соли 1958 барои ҷалби духтарони деҳот ба мактабҳои олӣ аз Вазорати маориф намояндаҳо омаданд.
Солҳои пеш мардуми деҳоту ноҳияҳои дурдаст иҷозат намедоданд, ки духтаронашон дар мактабҳои олӣ таҳсил карда, соҳибкасб шаванд. Роҳбарияти мактаб духтарони синфҳои болоиро ҷамъ намуда, ба меҳмонони шаҳрӣ шинос намуданд. Аз суханронӣ ва мақсади меҳмонон огаҳӣ ёфтем, ки онҳо мехоҳанд моро ба шаҳри Душанбе, барои давом додани таҳсил баранд.
Шояд ҳамин лаҳзаро интизор будам, ки ҷуръат намуда, аз ҷой хеста гуфтам: - Ман ба хондан меравам! Ин лаҳза меҳмонон ва духтарони толори маҷлисгоҳ ба ман нигаристанд. Ҳамсабақонам Улбибӣ ва Дастагул низ боло шуда, розигии худро доданд. Маъмурияти мактаб моро ба ҳуҷраи кории директор бурданд. Дарҳол падару модарони моро даъват карданд. Волидон илоҷи дигар надоштанд, бинобар ин, розигии хешро дода, даст ба дуо бардоштанд…
Модарам лаҳзаҳои бори аввал ба Душанбе омаданашонро бо завқ нақл мекунанд:
-Савори мошини «Газ-53» сӯи шаҳр раҳ гирифтем. Мо аввалин маротиба аз ноҳия берун мешудем. Роҳ хеле дуру дароз буд, сафар 6 соат идома ёфт, аммо хастагии худро ҳис намекардем, шояд аз шодӣ бошад, ки донишҷӯй мешавем.
Бегоҳӣ ба Омӯзишгоҳ расидем. Директори муассиса моро бо хушнудӣ пешвоз гирифт, бо ҳуҷраҳои дарсӣ ошно карда, бо хобгоҳ таъмин намуд.
- Аз даврони донишҷӯй чӣ хотираҳо доред, - мепурсам аз модар. Ӯ посух медиҳад:
- Дар Омӯзишгоҳ муносибати омӯзгорон бо донишҷӯён хуб буд. Дар вақти таҳсил бо духтарони дигар ноҳияҳо унс гирифтем. Ба ғайр аз дарсҳои ихтисосӣ ба мо рӯзгордорӣ, пазандагӣ, нозукиҳои ҳунари бофандагӣ, дӯзандагӣ, наққошӣ, рақсу сурудхониро низ ёд медоданд.
Пас аз се соли таҳсил ба зодгоҳ баргаштем. Мо, ки аввалин духтарони соҳибдиплом будем, раиси ноҳия, омӯзгорон ва волидон моро бо тантана пешвоз гирифтанд.
Модарам, гарчанде дар маркази ноҳия ба воя расида бошанд ҳам, баъди хатми Омӯзишгоҳ бо падарам Бекмурод оиладор шуда, ба деҳаи Қушқия меоянд. Падарам хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон бо ихтисоси агроном буданд. Ҳар ду дар деҳа фаъолияти пурсамар доштанд.
Модарам мегӯянд, ки ӯро мардум бо ҳайрат тамошо мекардаанд. Вақте модарам бо либосҳои шинам ва зебо, ки дастӣ дӯхта буд, ба кор мерафтанд, пиру барно ба он кас бо тааҷҷуб менигаристанд. Модарам аз ин нороҳат мешуданд ва ба хона баргашта, ба бибиам, яъне хушдоманашон арзи дил мекарданд.
Оҳиста- оҳиста эҳтироми мардум нисбат ба модарам зиёд шуд. Аз деҳа низ духтарон ба модарам пайравӣ карда, барои таҳсил ба мактабҳои олӣ мерафтанд. Баъдан модарам роҳбари клуб таъин шуд. Кор душвориҳо дошт.
Дар клуб фақат мардону ҷавонписарон фаъолият доштанд. Фикр мекард, ки чӣ гуна занону духтарони деҳаро ба клуб ҷалб кунад. Дарҳол як ҳуҷраи алоҳидаро бо либосҳои занона, пероҳанҳои миллӣ ва гулдӯзиҳо оро дод, то духтарон бинанду ҳавасманд шуда, ба ин ҷо биёянд. Бо ҳамин роҳ занону духтарон ҷалб шуда, якбора консерту филмҳое, ки аз шуъбаи фарҳанги ноҳия оварда мешуд, тамошо мекарданд.
Ҳамин тавр, занон низ ба корҳои фарҳангӣ ҷалб мешаванд.
Дар замони роҳбарӣ ба клуб модарам худашон матоъ оварда, ба занҳои деҳа курта медӯзанд ва чанд нафарро ба кор ҷалб мекунанд. Аз ин кори модарам директори совхоз хурсанд шуда, дар назди клуб коргоҳи дӯзандагӣ кушоду роҳбариашро ба уҳдаи модарам супурд.
Дастовардҳои модарам аз назари роҳбарияти ноҳия дур намонд. Онҳо ин оилаи маълумотдорро ба марказ даъват мекунанд. Падарамро аввал сарагрономи идораи кишоварзӣ, баъд котиби дуюми ҳизби коммунисти ноҳияи Темурмалик таъин намуданд. Модарам мудирии муассисаи таҳсилоти томактабии № 1-ро бар дӯш гирифтанд. Пас аз чанде падарам раиси Кумитаи иҷроияи шурои вакилони ноҳияи Темурмалик таъин шуданд.
Модарам ба мактаби миёнаи № 1 ба кор гузаштанд. Ба хонандагони синфҳои болоӣ аз фанни касбу ҳунар дарс медоданд. Ба онҳо дӯхтани либосҳои миллӣ, мактабӣ, гулдӯзиҳои гуногун, бофтани жемпирҳои занонаву мардона, ҷуроб ва пайпоқҳои гуногун, пухтани хӯрокҳои миллию ороиши дастархонро ёд медоданд.
Куртаҳои чакан, пардаю болишт ва чодару гулдӯзиҳои дастиашон духтарон ва хонаи арӯсонро зебу зиннат мебахшиданд. Дар аксари хонадони маҳалли зистамон қалами дастони модарам дар даврӣ, болишт, парда, дастархон, сачоқ, сурфаю рафида дида мешавад. Модарам аз матоъҳои зиёдатии рангаю бегул кӯрпаю болишт, рафида, гӯшаки чодари арӯсӣ ва гӯшаки гаҳвораи тифлон медӯхтанд.
Модарам зебоиро дӯст медоранду зебопарастанд. Дар вақтҳои холӣ ба парвариши гулҳои хонагӣ ва наздиҳавлигӣ машғул мешаванд. Дастони модарам гул асту гул меофаранд.
Боандеша ва дурандеш будани модарамро борҳо мушоҳида намудаам. Бо умеди фардо барои 5 духтар бо дастони худ давриҳои арӯсӣ кашиданд ва фармуданд, ки ҳама якҷоя дӯзем. 5–6 метрӣ матоъҳои рангаи сурх, сафед, зард, норинҷӣ ва сиёҳро интихоб намуданд. Барои дӯхтани давриҳо риштаи зиёд даркор буд. Бо ёрии бибиам аз пахтаю пилла бо урчу ресмон ресиданд. Риштаҳоро бо рангҳои гуногун ранг намуданд. Шояд аз он ки хонандаи мактаб будем, каме дар ҳарос мондем. Сипас, бо дуои бибию модарам дастаҷамъона бо ҳавас нақшҳоро пайи ҳам дӯхтем. Чи хел лаҳзаҳои хуб доштанд он рӯзҳо…
Дар умри босамари худ соҳиби 8 фарзанд шуданд, ки ҳама хоҳарону бародаронам соҳиби маълумоти олӣ буда, имрӯз дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа фаъолият доранд. Чор нафар омӯзгор, яке рӯзноманигор ва дигаре роҳбари хоҷагии деҳқонист.
Падару модарам чун шоҳсутунҳои хонадон тавонистанд фарзандони худро соҳибкасбу дар руҳияи инсондӯстӣ, садоқат ба Ватани аҷдодӣ тарбия намоянд. Зиндагии онҳо намунаи ибрат ва мактаби зиндагӣ барои сабақомӯзии насли имрӯз аст.
Падару модарам ба унвони собиқадори меҳнат ва чандин медалу ифтихорнома ва сипосномаҳо қадр шудаанд. Дар чорабиниҳо, ҷашнҳо ва маъракаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик пайваста ширкат меварзанд. Онҳо мартаба ва ҳурмату эҳтиромро нисбат ба худ танҳо тавассути фидокориву ҳалолкорӣ дар арсаи меҳнат, тинати пок, некназарӣ, дарёдиливу меҳанпарастӣ дарёфтаанд.
Хадича Бердиева ва Бекмурод Урозов ба хурду калон, алалхусус, ба насли ояндасози ноҳияи Темурмалик намунаи ибратанд.
Сарвар УРОЗОВА