Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 40 дарсади хизматчиёни давлатиро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд, аз ин рӯ, хизмати давлатӣ тамоюли ҷавоншавӣ дорад, - изҳор дошт Муслима Авзалшоева, сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят. Ӯ, ҳамчунин аз он изҳори қаноат намуд, ки дар доираи тадбиқи амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи сиёсати гендерӣ саҳми бонувон дар идоракунии давлатӣ афзуда, ба 33,4 фоиз расид ва танҳо дар мақоми роҳбарӣ алҳол 73 нафар аз ҷинси латиф кор мекунад.
Ҳуқуқи баробар
Идоракунии давлатӣ аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, дар доираи сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такмили низоми идоракунии давлатӣ ва ташаккули хизмати давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба вазифаи муҳими давлатӣ табдил ёфт. Шаҳрвандон ҳуқуқи баробар дар идоракунии давлатӣ дошта, барои таъмини ин ҳуқуқ ва ҷалби кадрҳои боис¬теъдоду бодониш, соҳибихтисос, ташкилотчиву ташаббускор ба омӯзишу таҷриба ва тарбия намудану тақвият бахшидани касбият ва салоҳиятнокӣ барои иҷрои муваффақонаи вазифаҳои давлатӣ ва уҳдадориҳои мансабӣ Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаҳои он дар вилоятҳо таъсис ёфтанд.
- Давраеро ёд дорам, ки мутахассисони риштаи кишоварзӣ бештар ба вазифаҳои масъул таъин мешуданд, алҳол саҳми мутахассисони соҳаҳои гуманитарӣ ва техникӣ дар идоракунии давлатӣ афзуд. Аз ҳисоби кадрҳои бодонишу лаёқатманд ва ташкилотчиву ташаббускори соҳаҳои гуногун хизматчиёни давлатиро омода менамоем, ки қодиранд вазифаи намояндаи ҳокимияти давлатиро шоиста ва бо салоҳияту касбияти баланд дар сохторҳои идорӣ ба ҷо оваранд, - гуфт мусоҳибам.
Хизмат ба давлат
Тайи солҳои дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 90 кадри болаёқати шаҳру ноҳияҳои вилоят таҳсил дида, дар вазифаҳои гуногун фаъолияти густурда дорад. Аз байни хатмкунандагони Академия айни ҳол аз ҳисоби занон якнафарӣ дар симати раиси ноҳия, муовини раиси ноҳия ва муовини раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ кор мекунанд. Дар озмунҳои ишғоли мансабҳои маъмурии давлатӣ ҷавонон бештар фаъоланд. Аз 269 хизматчии ҷавон 14 нафар пас аз адои хизмати ҳарбӣ ба кор ҷалб шудааст. Захираи кадрҳо яке аз самтҳои муҳими тайёр намудани хизматчиёни давлатии касбӣ маҳсуб ёфта, 230 нафар, аз ҷумла 79 зан ба рӯйхати кадрҳо дохил гардид. Дар вилоят ба омӯзиши касбии захираҳои кадрӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад.
Дар баланд бардоштани касбияти хизматчиёни давлатӣ курсҳои тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ нақши муҳим доранд. Курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар курси омӯзишии дуалӣ дар Хоруғ, ки ба ҳадафи тайёр кардани ҳайати роҳбарикунанда бо ҷалби 25 зан баргузор шуд, омӯзишдидагон соҳиби шаҳодатнома шуданд. Дар маҷмуъ, тайи солҳои охир бо ҷалби беш аз 1500 хизматчии давлатӣ дар мавзуъҳои гуногуни идораи давлатӣ беш аз 100 курси омӯзишӣ баргузор гардид.
Муслима
Баъди хатми Омӯзишгоҳи молиявӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев фаъолияташро ҳамчун мудири шуъбаи ёрирасон ба шахсони яккаву танҳои шаҳри Хоруғ шуруъ намуд. Сипас, дар вазифаҳои мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр, мудири шуъбаи иҷтимоӣ - фарҳангии МИҲД – и ноҳияи Шуғнон, мудири бахши назорати раиси ВМКБ, сардори шуъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Хоруғ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр кор кард. Шаш соли хизмати давлатии М. Авзалшоева ба симати муовини раиси шаҳри Хоруғ рост омад. Вақте масъалаи таъин намудани сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон дар ВМКБ ба миён омад, бо назардошти таҷрибаи корӣ ва сифатҳои касбӣ номзадиаш дастгирӣ ёфт.
Падар
Муслима фарзанди чеҳраи шинохтаи сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, гирандаи нафақа барои хизматҳои махсус дар Тоҷикистон Аскаршо Авзалшоев аст. Падар пас аз хатми Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе ҳамчун муаллим фаъолияти меҳнатиашро оғоз карда, то ба вазифаи директори мактаб расид. Кадри ҷавон ва ташаббускорро пас аз чанде ба вазифаи котиби якуми комитети комсомоли ноҳияи Шуғнон интихоб карданд ва ӯ зина ба зина роҳбарии ин ниҳодро дар шаҳр ва вилоят тай намуд.
Солҳо дар вазифаи муовини раиси комиҷроияи ВМКБ ва котиби якуми комитети ҳизби коммунистӣ шаҳри Хоруғ кор карда, ғайрат, ташаббус, кордониву сахтгириаш назири чеҳраи шинохтаи ин давра Моёншо Назаршоев дар эҷоди даҳонии халқ бозтоб ҳам ёфт.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар вазифаҳои мудири бахши иҷтимоӣ ва робита бо ташкилотҳои ҷамъиятиву сиёсии дастгоҳи МИҲД - и шаҳри Хоруғ, муовини раиси шаҳр ва раиси Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ВМКБ фаъолият дошт. Ӯ дар ободонии вилоят, тарбияи кадрҳои ҷавони баландихтисос саҳми арзанда гузошт. Хизматҳояш бо ордени Нишони фахрӣ, медали Барои меҳнати шоён, унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Президиуми Шурои Олии Тоҷикистон қадр гардиданд.
Арзанда
Фарзандон ифтихор доранд, ки дар фаъолияти касбиашон дар ҷодаҳои хизмати давлатӣ ва намояндагӣ бо меҳнати садоқатмандона ва пурсамарашон соҳиби иззату эҳтиром ва номбардори падари азизашон гардиданд. Лаҳзаеро шоҳид будам, ки чун дар ҳавза ба мақоми вакили вилоятӣ дар шаҳр номзадҳои зиёд сабти ном шуда буданду чун пешбарии номзад аз мақомоти шаҳрдорӣ пеш омад, бо як овоз Муслима Авзалшоеваро номзад карданд, зеро бо назардошта таҷриба ва иззату эҳтиромаш байни мардум имкони ғолибияташ дар ин рақобати шадидро бештар донистанд.
Дар хизмати садоқатмандонаи касбӣ ба нафъи давлату ҷомеа дар пайравӣ аз падари номвар дар баробари писарон, ки яке дар сохтори комиссарияти ҳарбӣ ва дигаре журналистика хизмати арзанда анҷом доданд, духтарон низ пешрав шуданд. Бибидавлат Авзалшоева дар сохторҳои гуногуни мақомот фаъолият намуда, ду даъват интихобкунандагони вилоятро дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ намуд.
Саҳмгузории арзандаи хизматчии давлатӣ Муслима Авзалшоева дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва тарғиби сиёсати давлат бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр ёфт. Бонуи соҳибэҳтиром хизмат ба давлатро хизмат ба мардум мешумораду дар пайроҳаи падар боварманд, шоиста ва бо касбияти баланд вазифаи хидматиашро ба ҷо меорад.
М. ШОҲҶАМОЛ,
ВМКБ