Рӯзи корӣ дар идораи радио аксар вақт барои эҷодгарон номунтазам аст, барои пахши барномаҳо бояд соати панҷ ё шаши субҳ аз хона берун шуда, баъзан то посе аз шаб он ҷо мондан рост меояд. Журналисти радио будан ҷолиб, вале аз назари дигар, хеле душвор аст, бахусус барои бонувон. Алҳол дар бораи бонуе мегӯем, ки 30 сол мешавад, дар Радиои Тоҷикистон фаъолияти пурсамар дораду аз муҳаббати зиёд нисбат ба пеша, мушкилиҳо дар назараш ҳеҷанд.
Шунавандагони радио ӯро бо барномаҳои «Аз табори хуршед», «Оҳанги шаб», «Дар шабнами ёд» ва «Сафинаи сафед» мешиносанд. Садои маҳин ва дилчаспаш касро мафтун гардонда, сомеъро аз назди радио дур шудан намемонад.
Фирӯза Шарифӣ дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Волидон бо хислатҳои накуи инсонӣ миёни мардуми деҳ манзалати хосро соҳиб буданд. Онҳо фарзандонро дар ҳамин руҳия тарбия намудаву соҳибмаълумот гардонданд. Пайвастагии Фирӯза бо радио аз деҳа оғоз гардида, чун ҳар субҳ бо садои ҳунармандон Зафар Нозимов, Барно Исҳоқова, Давлатманд Холов ва дигарон аз хоб бедор мешуд. Падар дар рӯи ҳавлӣ радиое гузошта буд, ки ҳама аҳли хонавода ба садои он гӯш меандохтанд. Барои Фирӯзаи хурдакак радио як чизи ғайриодӣ менамуд, ҳамеша меандешид, ки одамон чӣ гуна дар радио гап мезананд. Ва гоҳҳо худро дар ин минбар тасаввур мекард. Ба садои Абдулло Султон муҳаббат дошту пайваста барномаи ӯро мешунид. Дар ин баробар, ӯ хонандаи фаъоли мактаб буду ба навиштани шеър ҳавас дошт. Шеърҳояш дар рӯзномаи маҳаллӣ ба табъ расида, шавқу завқашро нисбат ба адабиёт бештар мекард. Ҳини чопи шеърҳо падар бо ифтихор рӯзномаҳои зиёдеро ба хона оварда, ба модар мегуфт: - Духтарат шоир шудаст!…
Ин муҳаббат ва ифтихормандиҳо Фирӯзаро аз музофот ба шаҳр овард. Соли 1983 ба факултети филологияи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуд. Аз курси якум миёни ҳамкурсон дурахшид, дар тамоми маҳфилҳои донишгоҳӣ ширкат меварзиду чун шоири навқалам шеър мехонд. Чакидаҳояш аз тарафи устодон баҳои баланд мегирифтанд. Пайвастагияш бо Иттифоқи нависандагон аз солҳои аввали донишҷӯӣ оғоз гардида, пас аз дарс ҳамроҳи ҳамкурсон он ҷо мерафт ва аз маслиҳату машварати шоирону нависандагон бархӯрдор мегардид. Бону Фирӯза бо устодон Лоиқ Шералӣ, Гулназар Келдӣ, Гулрухсор Сафиева, Баҳринисо, Салими Хатлонӣ, Озарахш, Фарзона, Озод Аминзода дар хусуси шеър суҳбатҳо мекарду аз маслиҳату машварати онҳо бархӯрдор буд.
Муҳаббату самимияти ҳамсабақон пойдор буд, ҳоло ҳам риштаи дӯстӣ миёни онон мустаҳкам асту аз ҳоли ҳамдигар бохабаранд. Ӯ ба ҳамкурсони номвараш Ғайратшои Аҳмадзод, Сайёд Ғаффор, Комил Дӯст, Озода Бекзода, Меҳринисо, Мукаррама, Муаззама ва дигарон мефахрад.
Фирӯза соли 1988 корро аз мактаби деҳа шуруъ намуд. Пас аз барпо намудаи оила онҳо ба пойтахт баргаштанд. Фирӯза ҳамчун омӯзгор фаъолияташро дар мактаби миёнаи № 8 идома бахшид, вале ҳанӯзам муҳаббати радио ӯро ором намегузошт.
Садои хуш
Як рӯз пас аз анҷоми соати дарсӣ Фирӯза роҳи хонаи радиоро пеш гирифт. Ба он маконе, ки хумори дидор дошту орзуи деринтизор.
-Ёд дорам, ки маро Бобоҷони Шафеъ хуш пешвоз гирифт ва директори вақти радио Мансур Султонов пас аз суҳбат иброз дошт, ки як садои хуш ба гӯш мерасад. Пас аз ин муносибатҳои самимона меҳри ман даҳчанд афзуд. Соли 1993 дар шуъбаи мусиқии Радиои Тоҷикистон корро шуруъ намудам. Аз соли 2019 ҳамчун сармуҳаррири идораи мусиқии Радиои Тоҷикистон фаъолият дорам, - иброз дошт ҳамсуҳбатам.
Ӯро дар радио аз рӯи шеърҳояш аллакай мешинохтанд. Исми бону Фирӯза дар қатори «10 бонуи шеъргӯ» ҷо дорад, ки онро шоир Гулрухсор Сафиева тартиб додааст. Аввалин бор дар васфи табиати диёр лавҳае навишт. Дар вақти сабт чунон тез қироат намуд, ки коргардон наздаш омаду гуфт: «Мисли пулемёт хондӣ, оҳистатар қироат намо».
Барои шуниданӣ шудани барнома журналист бояд ҳамеша мавзуъҳои ҷолибу мубрамро ҷустуҷӯ намояд, саволҳои мусоҳибаро тартиб дода, ҳамзамон барои барномаи мустақим ҳамаҷониба омода бошад. Журналисти радио нафарест, ки хушмуомилаву ширинсухан буда, худдорӣ, сабр, маҳорати баланд ва эътимод ба худ дорад.
Шунаванда
Фирӯза дар 30 соли фаъолияти эҷодӣ шунавандаҳои доимие дорад, ки ҳатто ба хонааш ба меҳмонӣ меоянду бо онҳо риштаи дӯстӣ барқарор гардидааст. Барномаи «Оҳанги шаб»-ро аксари беморон гӯш медоданд, ки шабзиндадорӣ аз дард доштанд. Фирӯза бо лаҳни маҳин ба дилҳои маризон донаҳои умед ба оянда мекошт, то аз дард каме фориғ бошанду ба радио пайванданд. Воқеан, шоири ҷавони шинохта Бузургмеҳри Баҳодур садои махмалини Фирӯзаро чунин васф намудааст:
Садоят оташ асту дил гудозам,
Ба овози ту руҳамро навозам.
Зи ҷамъи молу колои ҷаҳонӣ
Садои махмалиатро бинозам!
-Сухан, калом, шеър инсонро ба сӯи зебоӣ мебарад. Албатта, ин ба касоне дахл дорад, ки ба қадри сухан мерасанд. Хушоянд аст, ки имрӯз меҳнати моро суханшиносон қадр мекунанд. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои кишвар Нуриддин Саид тамоми шароитҳоро барои журналистон фароҳам овардааст, -мегӯяд бо қаноатмандӣ Фирӯзаи Шариф.
Гуфтаниҳо
- Бисёре аз ҷавонон китобро ба шабакаҳои иҷтимоӣ иваз намудаанд. Вақти худро бо сарфи тамошои видеову бозиҳои бефоидаи компютерӣ мегузаронанд. Фазое нест, ки инсон аз он роҳат бубарад. Хуб аст, ки чанд соли ахир Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мегардад. Умед аст, ки ҷавонон вақтшинос хоҳанд шуд.
Фирӯзаи Шариф дар Рӯзи радио ба дунё омадаасту ифтихорманд аст, ки ӯ аз радио ҳам ном ёфтаву ҳам нон. Бо муҳаббат ҳар субҳ сӯи ин даргоҳ мешитобад, ҳама нороҳативу ноҷуриҳоро радио аз ӯ мегирад. Чун ӯ бе радио буда наметавонад ва шунавандагонаш бе Фирӯзаю радио. Рӯзе ба кор наояд, ӯро меҷӯянд, чӣ ҳамкорон, чӣ кормандон. Магар аз ин дида хушбахтии дигаре буда метавонад? Ӯ ҳамсари меҳрубон, модари ғамгусори чор фарзанд, бибии дӯстдори чор набера, бонуи боҷасорат аст, бечоранолиро намеписандад. Қавӣ будану ростгӯву якрӯ буданро қабул ва аз рӯи он кор мекунад.
Фарзона ВОСЕЕВА