Занги телефон хаёли Мушкинисоро барҳам зад. аз он тарафи гӯшӣ духтари калонӣ Наргис модарро бо рӯзи омӯзгорон табрик мегуфт. Муаллим! Чи қадар ин вожа барояш муқаддас аст. Чӣ қадар хотиротеро дар пай дорад. Тамоми умр бо ифтихор аз ин калима умр ба сар бурдаву шоҳкитоби рӯзгораш аз пандҳои хонои зиндагӣ пуропур аст. фаъолияти беш аз чилсолаи омӯзгорӣ чун навори кино пеши назар пайдо мегардад.
Исрори падари домод
Мушкинисо ба оилае арӯс шуда омад, ки дар минтақаи Кӯлоб ин хонаводаро ҳама мешинохтанд. Саробони оила, журналист, яке аз аввалин раисони Кумитаи иҷроияи Шурои вакилони ноҳияи Ховалинг, котиби ҳизби коммунисти ноҳияи Муъминобод ва омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Саид¬ато Муқимӣ, шахсе, ки ҳамеша ташвиқгари нуру зиё ва равшаниву маърифат буд. Сунҳори ҷавонро бо худ ба Омӯзишгоҳи педагогии Кӯлоб бурд. Он замон шавҳари Мушкинисо адои хизмати аскарӣ дошт. Се соли хизмати аскарии домод бо се соли донишҷӯии сунҳори ҷавон сипорӣ шуд. Саҳари солеҳон аз хоб мехест, корҳои хонаро сомон медод, барои аҳли оила хӯрок мепухт, сипас, роҳи Омӯзишгоҳро пеш мегирифт. Боре пеши хусур гила кард: -Бобоҷон, чӣ зарур хондани ман? Ба корҳои хона бештар диққат диҳам, хуб нест магар? Посухи Саидато Муқимӣ чунин буд: - Духтарам, хон, соҳиби маълумот шав, омӯзгорӣ пешаи муқаддас аст, мардумро аз торикистон ба сӯйи нуру равшанӣ ҳидоят кардан рисолати бузург аст. Ҳаргиз аз роҳат нагард, пас аз Омӯзишгоҳ ҳуҷҷатҳоятро ба Донишкадаи давлатии Кӯлоб месупорем, ҳам кор мекунӣ ва ҳам маълумоти олӣ мегирӣ.
Ин суханони самимӣ дар замири ҷавонзан таъсир гузоштанд ва ӯ бо шавқу завқи беандоза аз пайи соҳиби ихтисоси омӯзгорӣ шуд.
Дарси аввал
Ин дарс дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Кӯлоб барояш фаромӯшношуданист. Аввалин бор рӯ ба рӯ бо шогирдон шудан ва барояшон дарс гуфтан, ҳаяҷон дошт, вале бо руҳияи баланду омодагии ҷиддӣ дарси нахустинро гузаронд. Якбора ба дарсаш директори мактаб Хоналӣ Давлат даромад, худро гум накард. Дарси ҳисоб буд, аз аёниятҳо истифода бурд ва барои осонии фаҳмондани мавзуъ мисол овард, ки шумо даҳ қанд доштед, сетои онро хӯрдед, чанд қанд дар дастатон монд? Ҷавоби хонандагон пурраву дуруст ва қонеъкунанда буд. Директори мактаб изҳор кард: -Офарин, усули аёниро дар мавқеаш истифода кардӣ. Ин аввалин меваи самари заҳмати омӯзгорӣ буд ва барои онро ба устоди маънавӣ Саидато Муқимӣ расондан, ба хона шитофт. Сарвари хонадонро дар ҳолати эҷоди шеъри тоза ёфт. Нахост нофораш кунад, вале пурсиши он ки дарси аввалин чӣ гуна гузашт, беихтиёр ашки чашмони Мушкинисоро дарё кард. –Духтарам, медонам, ин ашки шодист,- тасалло дод ӯро устод. Аз ин лутф сараш ба осмон расид. –Ташаккур, ки маро ба ин роҳ ҳидоят кардед, бобоҷон…
Умре фидои тарбияи хонандагон
Чилу се сол муаллими мактаб буд Мушкинисо Муқимова. Дар ин муддат чанд насли фарзандон мактабхону хатмкунанда шуд. Аз ҷумла, фарзандони худи омӯзгор низ, вале онҳо ҳаргиз имтиёзе надоштанд. Баробари дигарон ба онҳо талабот, вазифагузорӣ мешуд ва пурсиш ҳам ҷиддитар буд. Ҳамаи фарзандон дар симояш ҳамон муаллими сахтгиреро медиданд, ки ҳадафи асосиаш хонандаро ба роҳи рост ҳидоят намудан, омӯзондан ва соҳибмаълумот кардан буд. Имрӯз дар ҳамаи соҳаҳо шогирдонаш кор мекунанд, соҳибэҳтироманд ва ин ҳамаро мадюни заҳматҳои устод Муқимова медонанд.
Подоши заҳмат
Барои синфҳои ибтидоӣ дарс медод. Мавзуъ «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли матои атлас» буд. Муаллим бо бачаҳо чанд кирмакро гирифта бевосита дар шароити мактаб барг доданд, хобонданд, аз он нах истеҳсол карданд ва таъкид доштанд, ки атласе, ки имрӯз тани Ширмоҳ ва дигар духтарони синфро зеб медиҳад, маҳсули ана ҳамин заҳмат аст. Барои ин дарси кушод, ки бо иштироки чор намояндаи шуъбаи маориф доир шуд, нишони Аълочии маорифи Тоҷикистонро барояш сазовор донис-танд. Вале муҳимтарин ҷоиза барояш мамнунии шогирдон аз дарси кушод буд. Подоши заҳмате, ки садҳо шогирдонро тарбия ва роҳнамоӣ кардааст. Шогирдоне, ки ҳамеша ифтихор доранд, ки Мушкинисо Муқимова муаллими аввалини онҳост…
Фарзанди нахустини Мушкинисо - Носир бармаҳал ин дунёро тарк гуфт. Доғи фарзанд синасӯзу ҷонгудоз аст, аммо бибояд зист ба хотири фарзандон, ба хотири шогирдон. Гарчи муддати ду сол аз шаҳри Кӯлоб дур шуд, аммо дар Шугнови Ховалинг низ ба таълиму тадрис машғул буд. Солҳои душвори баъдиҷангӣ. Маош кам, моҳонаи иловагии корхонаи тиллошӯиро низ, дар вақташ намедоданд. Вале муҳим он буд, ки дар дурдасттарин музофоти кишвар Мушкинисо ғами марги фарзандро бо таълиму тарбияи фарзандони ин гӯшаи дури дури кӯҳистон таҳаммул мекард. Дар симои онҳо орзуҳои амалинашудаи фарзанди арҷмандро медиду суроғ мекард ва амалӣ менамуд.
Омӯзгори қаҳрамонмодар
Мушкинисо Муқимова қаҳрамонмодар аст. Ӯ даҳ фарзанд: 6 писару 4 духтарро тарбият намудаву ба воя расонда.
Фарзанди нахуст Носир зеҳни тезу истеъдоди фавқулода дошт. Дар панҷсолагӣ синфи аввал рафт. Дар понздаҳсолагӣ ба Донишгоҳи Краснодар дохил шуду онро бомуваффақият хатм кард. Чун мутахассиси кордони соҳаи саноати хӯрокворӣ фаъолият дошт. Аммо доси аҷал риштаи зиндагии ин ҷавони ояндадорро бармаҳал гусаст.
Ҳамаи чор духтари Мушкинисо пайроҳаи модарро интихоб кардаанд. Духтари калонӣ - Наргис фаъолияти худро аз омӯзгорӣ оғоз карда, сипас дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард, муовини раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ буд, дар Вазорати маориф ва илм чун мутахассиси пешбар фаъолият намуд. 10 сол директори мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор, панҷ сол мудири маорифи шаҳри Ҳисор буд.
Гуландом муаллими синфҳои ибтидоӣ, Марҳабо муовини директори мактаб ва Бону омӯзгори фанни химия мебошанд.
Писарон Нодир, Бахтиёр, Шаҳриёр, Шуҳрат ва Шафқат ҳама соҳиби маълумоти олӣ ва мутахассиони варзидаи минтақаи Кӯлоб ҳастанд.
- Муҳимтар аз ҳама он аст, ки, мегӯяд муаллим, - ҳамаи фарзандон хурдтарин муаммои рӯзгорашонро пинҳон намекунанд, девори эътимоду боварӣ дар хонадони мо басо устувор аст.
Ҳамеша омӯзгор
Мушкинисо Муқимова имрӯз давлати пирӣ меронад. Дигар зангӯлаи мактаб ӯро ба синфхона намехонад, вале набераву абераҳояш сарбаланду хушнуд аз онанд, ки модаркалони онҳо бузургтарин роҳнамо ба олами дониш аст.
-Худро ҳамеша омӯзгор ҳис мекунам, – мегӯяд устод Мушкинисо,- ҳоло ҳам мехоҳам ба кӯдакон сабақ диҳам, зеро онҳоро ниҳоят дӯст медорам. Ҳар шогирд баробари фарзанд бароям азизу дилписанд аст. Агар фарзандон давоми умри инсонанд, шогирдон меваҳои босамари ин боғи ҳаётанд. Бигзор самарашон фаровон бошад.
Зинатуллоҳ ИСМОИЛЗОДА