Мо аз чемпионҳои ҷаҳонии худ аз ҳисоби занон Зебуннисо Рустамова (камонварӣ), Наргис Набиева (таэквандо), Мавзуна Чориева (бокс) ифтихор дорем. Хушбахтона, сол аз сол шумораи варзишгарон аз ҳисоби духтарон дар ҳоли афзоиш аст. Маҷаллаи мо қадам ба қадам аз муваффақияти хурдакак то ғалабаҳои бузурги ин варзишкорбонувонро пайгирӣ ва муаррифӣ менамояд. Ин навбат дар бораи ҷавондухтаре мегӯем, ки аввал машғули бокс буду ҳоло ба ҷудо рӯ овардааст.
Дунёи кӯдакии ӯ рангиниҳои дигаре дошт, ки шабеҳи духтаракони ҳамсолаш набуд. Дӯстонаш ҳама писарон буданд. Бештар ба бозиҳои писарона завқ дошту пайваста ба онҳо дастбагиребон мешуд…
- Доим шикоятгарон дами дари хонаи мо омада, аз ман ба модарам гила мекарданд. Аз чунин рафтор модарам хеле нороҳат мешуд, як рӯз илоҷи корро ёфта ба ман гуфт: «Духтарам, ин кори хуб нест, беҳтараш биё ба варзиш машғул шав ва қувваи худро дар ин самт нишон деҳ». Синфи якум мехондам, ки маро модарам ба варзиши бокс супурд. Ҳамингуна ман ба варзиш пайвастаму нисбати ин пеша муҳаббат пайдо кардам. Кунун варзиш ҷузъи асосӣ дар зиндагии ман гардидааст, - мегӯяд Мавлуда Одинаева.
• \ Боксро ба ҷудо иваз кардам…
Мавлуда Одинаева фаъолияти чандинсолае дар варзиши бокс дошт ва аз ин ришта муваффақиятҳои хуб ба даст оварда буд. Инак, соли чорум аст, ки худро дар риштаи ҷудо месанҷад.
- Бо омадан ба ҷудо эҳсос намудам, ки ин варзиш маҳз барои ман аст. Машқ бароям роҳат аст. Хушбахтона, ҳоло шароити Федератсияи ҷудои ҷумҳурӣ дар сатҳи олист. Барои тамринҳо ба дигар кишварҳо сафарбар мегардем ва беҳтарин устодон ба мо машқ медиҳанд. Аввалҳо барои иштирок дар мусобиқаҳо маблағ мекофтем, ҳоло аз ҳисоби Федератсия ин корҳо ба сомон мерасад, - гуфт Мавлудабону.
Рауф Ҳикматов ва Фотеҳ Маҳмадбековро Мавлуда устодони худ мешуморад. Ҳарчанд дар чанд мусобиқа ӯ мағлуб шуда буд, баҳри ғолибият ҳанӯзам талош меварзад. Мақсад гузоштааст, ки парчами миллиро дар сатҳи ҷаҳонӣ баланд бардошта орзуи модари марҳумашро амалӣ созанд.
-Модарам орзу дошт, ки ғолиби мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бошаму ӯ маро пешвоз бигирад… Ин орзуро модарам ба хок бурд, вале ман доим пайи ин орзуи модар талош меварзам. Кунун ягона муқаддасот бароям хизмат ба Ватан аст, ки мехоҳам фарзанди номбардораш бошам…
Мавлуда ғолиби мусобиқаи Ҷоми Президент, иштирокчии мусобиқаи байналмилалии Гран-прии Душанбе-2023 ва Бозиҳои осиёии Ҳангжоу – 2022 ва ғайра мебошад.
Бори аввал Тоҷикистон мизбони мусобиқаи байналмилалии Гран-прии Душанбе-2023 гардид. Барои иштирок дар Гран-при 317 варзишгар аз 40 кишвари ҷаҳон сабти ном шуда буд. Шумораи бештари варзишгарон аз Аврупо (143) ва Осиё (145) буданд. Тоҷикистонро ба унвони мизбон 34 ҷудочӣ (28 мард, 6 зан) муаррифӣ намуд. Дар ин мусобиқа дар вазни 63 кг Мавлуда Одинаева низ ширкат варзид.
Гран-при оид ба ҷудо ҳар мавсим дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад. Пеш аз Бозиҳои олимпӣ баъзе Гран-приҳо дорои иҷозатнома мебошанд, ки дар он варзишгарон дар рейтинги олимпӣ соҳиби холҳо мешаванд.
Дар Бозиҳои осиёии Ҳангжоу – 2022 Мавлуда Одинаева зери вазни то 63 кг мақоми 7-умро касб кард. Вай дар даври аввал бар ҷудокори Индонезия Сйерина Сйерина ғалаба карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад. Дар даври чаҳорякниҳоӣ аз Ҷинг Танги мизбон бо имтиёзи иппон мағлуб шуда, ба даври тасаллобахш рафт. Дар сурати пирӯзӣ дар даври тасаллобахш Мавлуда метавонист барои нишони биринҷӣ рақобатро идома диҳад, лек ӯ аз Адина Кочконбаеваи қирғиз бо 2 имтиёзи вазарӣ ноком шуда, мақоми 7-умро ишғол кард.
Дар мусобиқаи навбатии «World Judo Tour» – BAKU GRAND SLAM 2024 тими ҷудои Тоҷикистон низ ширкат варзид. Мусобиқа 16–18 феврал бо иштироки ҳудуди 415 варзишгар аз 64 давлат доир гардид. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 12 варзишгар намояндагӣ кард, ки миёни онҳо чор бону ҳам буд.
Солҳои охир дар мамлакат баҳри иштироки фаъоли варзишгарони ҷавони ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Фармони навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ» шаҳодати ин гуфтаҳост.
Имрӯз варзишгарон дорои эҳсоси баланди ватандӯстию ифтихори миллӣ буда, дар миқёси байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, дар соҳаи варзиш ба комёбиҳои намоён ноил мешаванд.
Фарзона ВОСЕЕВА