Имрӯзҳо ҷавонони зиёдеро метавон вохӯрд, ки бо донишу фановариҳои замонавӣ мусаллаҳу ташаббускору ҳамадонанд ва дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ бо заҳмати софдилонаю содиқона пешсафу пешоҳанг, бо ҷасорату матонат ҳамқадами замона гаштаанд.
Адиба Абдуллоева аз зумраи чунин пешоҳангон аст, ки новобаста ба ҷавонӣ кӯлборе аз фарҳанг, одоб ва фазилатро ба даст дораду чун марвориди суфта бо ҷилои тобанда миёни ҳамсолон медурахшад ва барои онҳо намое ба пайравию маъвое аз илҳом гаштааст.
Аълохону рассом
Овони мактабхонӣ дар Литсейи президентии шаҳри Турсунзода зиёд мутолаа менамуду талабаи фаъолу аълохон, гирандаи Стипендияи президентӣ ва рассоми моҳире буд. Боре то 400 расм – маҳсули эҷодашро, ки ҳаҷман бузург буданд, ба чаҳорчӯбаҳо ҷо дода, дар чорабиние ба намоиш гузошт. Раиси вақти шаҳри Турсунзода Давлатшо Гулмаҳмадов аз ҳунару истеъдоди волои духтар ситоиш намуд.
Адиба аз фанни ҳуқуқ ва забони русӣ дар бисёр олимпиадаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ иштирок карда, аз аввалӣ дар даври ҷумҳуриявӣ ҷойи панҷум ва аз дувумӣ ҷойҳои аввалро сазовор мегашт. Баъди хатми литсей барои озмудани дониши хеш дар озмунҳои се донишгоҳи хориҷи кишвар– Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи Малайзия ва Донишгоҳи илм ва технологияи Москва (МИСиС), ки намояндагони онҳо ба Тоҷикистон омада буданд, ширкат варзида, дар ҳар се ғолиб омад. Ҳамакнун интихоби бузурге пешорӯи ӯ буд. Модари худогоҳаш ҳеҷ намехост, ки ҷигарбанд дур аз пайвандон бошад. Мехост ҳамвора дар барору муваффақияти духтар шарик ва аз душвориву газандҳо нигаҳбону ёрирасонаш бошад. Ҳамин тавр, Адиба бо маслиҳати модараш Лайло Абдуллозода, ки худ зани роҳбар асту ҳоло ба симати мудири шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода фаъолият менамояд, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супурд ва донишҷӯ шуд. Дар давраи донишҷӯӣ низ ӯро ҳамчун донишҷӯи пешқадам ва фаъол ба чорабиниҳои гуногун ҷалб менамуданд.
Аз андӯхтаҳо
Баъди оиладорӣ Адибабону таҳсилро дар шуъбаи ғоибона идома дода, фаъолияти кориро ҳамчун нозири шуъбаи кадрҳо дар Гимназияи «Роҳи дониш»-и шаҳри Турсунзода оғоз бахшид. Аз соли 2019 то моҳи январи соли 2023 ба симати мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода буд. Аз рӯзҳои аввали корӣ миёни ҳамкорон бо чолокиву ташаббускорӣ шинохта шуд. 1-уми ноябри соли 2023 ба вазифаи мудири бахши бойгонии шаҳри Турсунзода таъин шуд. Ҳамчун кадри ҷавони болаёқат дар ҳуҷҷатнигорӣ ва дар ба тартиб даровардани маводҳои бойгонии шаҳр саҳми назаррас мегузорад. Баъзан ҳар куҷо нақше аз худро дарёфта, меболад, ки заррае ба халқу Ватан метавонад хидмат намояд. Гоҳе чӯтка ба даст бо мардум канораҳои роҳро ранг молида, гоҳи дигар бо ҷорӯб қатори кормандон дар шанбегиҳо ба покизакорӣ мепардозад. Дар бахши бойгонӣ низ корро аз таъмиру таъмини муҳити созгор барои фаъолият шуруъ кард. Покизарӯзгориро аз намои ӯ метавон пай бурд, ки ҳамеша либоси миллӣ, хосса атласҳои қадимаро бо дӯхти зебои хоксорона ва гӯшвору овезаҳои миллӣ ба бар карда, бе упову ҳино дилкашу дилрабост. Мушоҳида мешавад, ки баъзан ҷавондухтарон дар ҳама кор ба ӯ тақлиду пайравӣ менамоянд.
Самари дарахти мевадор
Муҳити созгори хонаводагӣ, бешак, ба таълиму тарбияи фарзандон таъсири нек мегузорад, хосса, агар волидон соҳибфарҳанг ва таҳсилдида бошанд. Адиба дар иҳотае тарбия ёфт, ки ҳамагӣ бо ҳисси баланди хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва ҷустуҷӯю такопӯи илму маърифат рӯзгорро пушти сар мегузоранд. Модар - корманди соҳаи маориф, падар - афсари ниҳоди қудратӣ бо фарзандон аз воқеаву рӯйдодҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ сари хон суҳбатҳо ороста, бо андешаҳои таҳлилӣ ҳамеша ба фарзандон роҳи дурустро нишон медоданд ва ба масири неки зиндагӣ ҳидоят мекарданд. Ин аст, ки фарзандон бо ғурури миллӣ ҳар кадоме дар самте фаъолият мебаранд ва аз камбудиҳо бечоранолӣ надоранд.
Адиба донандаи забонҳои русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ буда, дар риштаи ҳуқуқшиносӣ дониши қавӣ дорад, пешниҳоди бонкеро бо музди баланд рад карду фаъолият дар ниҳоди давлатиро бо маоши нисбатан камтар пазируфт, то мисли волидони некномаш дар мақомоти давлатӣ сабзаду ҳамчун пайрави асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди кишвар саҳмгир бошад.
Сафари Ҷопон
Адибабону ба хориҷа зиёд сафар карда, бо тақозои фаъолият ду сол дар шаҳри Оитаи Ҷопон умр ба сар бурдааст. Фурӯтанӣ, низому тартиб ва тозакориро аз ин мардуми заҳматдӯст низ омӯхтааст.
- Ёд дорам, ки дар шаҳр сунами (мавҷҳои азими фалокатовари уқёнус) оғоз шуд ва моро ба ҷойи бехавф кӯчонданд. Марде бо ҳамсараш ба мардуми одӣ ғизо медод. Аз дугонаи ветнамиам Эмили пурсидам, ки кист. Гуфт, раиси префектура (вилоят)-и Осака. Ба фурӯтании ӯ қоил шудам. Раҳбарони хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ худ сари чанбараки мошини партов нишаста, баробари мардум заҳмат мекашанд.
Писарам, вақте дар кӯдакистони ҷопониҳо тарбия меёфт, субҳ баъди тағйири либос ҳар кадоми кӯдакон латтае дар даст ба тозакорӣ машғул мешуданд. Муассисаҳои таълимии онҳо бидуни фаррошонанд ва тозагӣ ба уҳдаи талабагонанд. Ба ин роҳ мураббиён ба кӯдакон низому тартиб, тозагӣ ва ба қадри заҳмати дигарон расиданро аз хурдӣ меомӯзонанд. Ёд дорам, ки дастпӯшак ба даст кӯдаконро ба картошкачинӣ мебурданд. Навбатро сахт риоя карда, танҳо ба занони ҳомила ва кӯдакони хурдсолдошта имтиёз медиҳанд, - нақл кард мусоҳибам.
Бо вуҷуди зебоӣ ва тараққиёти бесобиқаи кишварҳо Адиба дарк кард, ки биҳишттар аз Ватан ҷоеро дарнаёфтааст.
- Агарчи маоши зиёд мегиранд, на ба ҳама чиз дастрасӣ доранд, чун ғизову либосу хизматрасониҳо ниҳоят гарон аст. Сари ҳар қадам секонд-стиртҳо (гузарҳои куҳнафурӯшон)-ро метавон дид, ки мардум пӯшокҳои истифодашударо мехаранд. Боғу гулгашту мавзеъҳои диданӣ зиёданд, аммо барои худ наметавонӣ чизе бихарӣ. Дар давлати бегона мардумаш бароят бегона аст, агарчи беҳтарин, сарватмандтарин инсон ҳам бошӣ. Ташаббус, дониш ва дороиятро истифода мебаранд ва ҳамоно бегона мехонандат. Мисли иҷоранишин, ки якумр дар орзуи хонаи худ аст. Дар Ватан будан, аз ҳавои он нафаси тоза гирифтану ба халқи худ хидмат намудан волотар аз ганҷи Қорун аст, - ироа намуд Адибабону.
Баъди бозгашт аз Ҷопон ӯ сахт модарро ба оғӯш гирифту гуфт, демократия, озодӣ, самимияти мардум маҳз дар ин ҷост, ки ҳамаи онро замоне дармеёбӣ, ки боре берун аз Ватан бошӣ.
- Моро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо– Ватани худ бирасем ва барои рушду ободии он талош варзем, зеро дар як хонаи торике, агар пури одам бошаду барои фурӯзон кардани шамъе касе майл нанамояд, хона торик мемонад. Ҳар кадоме, агар шамъеро фурӯзон кунанд, манзил пурнуру рахшон мегардад. Мисли ин, агар мо покизагиву ободониро аз хонаи худ, кӯча, гузар ва маҳалли худ оғозем, Меҳан ба гулистон табдил меёбад. Амну осудагии кишвари мо худ ганҷи бебаҳост.
Дар конфронсе бо афғоне суҳбат оростем, ки дар Олмон мезист. Сарфи назар аз сарватмандиаш натавонист волидонро розӣ кунонад, ки ба Аврупо кӯчанд. Ҳар сол, вақте ба аёдати падару модар меравад, барои ҳамагӣ ду рӯз бо онҳо будан сад ҳазор доллари амрикоӣ харҷ менамояд, ки посдорони махсус амнияти ӯро таъмин созанд, - афзуд Адиба Абдуллоева.
Тазоди зиндагӣ чунин аст, ки ҳар он чизе, ки мардум доранд, ба қадраш намерасанд ва замоне ба хумори он дилгум мезананд, ки онро аз даст медиҳанд. Қаҳрамони ин навиштаҳо, сарфи назар аз ҷавонӣ, тавониста, ки дар ғурбат ба зиндагӣ бо назари солдидагон бингарад ва дарёбад, ки биҳишти ҳар фарзанд оғӯши нарми Модару Ватани хеш аст. Ва то ҷон дар рамақ дорад, хидмати ин ҳардуро ба ҷо оварад.
Ситора АШӮРОВА,
Душанбе – Турсунзода – Душанбе