Дар як чорабинии мактабӣ аз миёни меҳмонон марди низомие таваҷҷуҳи ҳамагонро бештар ба худ ҷалб сохт, ки аз лаҳни ҷаззоби суханрониву андешаҳои таконбахши ватандӯстонааш хонандагон ба ваҷд меомаданд. Баъди суҳбату баҳрамандӣ аз қиссапардозиҳои меҳтарону диловарони Ватан, бисёр бачаҳои муассисаи таълимии Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён орзуи низомӣ шудан доштанд. Аз миёни духтарҳо Саида ҳам орзуи ширин мепарварид.
- Ҳангоми таҳсил дар синфҳои болоӣ ҳисси худшиносӣ, интихоби пеша, касбу ҳунар дар дили мо туғён мезад, ҷойи орзуҳои бачагиро тасмимҳои навҷавонӣ мегирифт. Писарону духтарон дар машғулиятҳои ҷисмониву омодагии ҳарбӣ аз ҳам фосила мегирифтанд, аммо мароми кӯдаконаи ман ҳамзамони андешаву пиндорҳоям комил гардида буд, ки ба худ мегуфтам ё шахси низомӣ мешавам ва ё ҳамсари хизматчии ҳарбӣ, то дар симои ӯ идеали ҳаётии хешро дида бошам, - риштаи суҳбатро боз намуд прапоршики калони Комендатураи ҳарбии гарнизони Хатлон Саида Яъқубова. – Саршори хаёлоти афсонавӣ, ба гоҳи машғулиятҳои варзишиву тамошои саҳнаҳои адолатпарастӣ худро ба ҷойи қаҳрамонҳои воқеиву афсарони саршиноси Ватан тасаввур мекардам. Замоне дар даст номаи камол барои ҳуҷҷат супурдан ба муассисаҳои оливу касбӣ омодагӣ медидем, аз орзуву руъёҳои афсонавӣ то ҳақиқате, ки пешорӯи мо қарор дошт, фарқ замину осмон буд. Аз як сӯ, вазъи иҷтимоиву ҳам муҳити маҳдудкунандаи оилавӣ нисбат ба занону духтарон ва аз сӯи дигар тафаккури қолабӣ, ки ба қавле ҷойи духтарро дар зиндагӣ ишора мекард, имкониятҳои маро бобати идомаи таҳсил дар муассисаи олии ҳарбӣ ба ҳеҷ баробар намуд.
Аз ин рӯ, соли 2005 баъди хатми МТМУ №9-и ноҳияи Кӯшониён ба Коллеҷи давлатии тиббии шаҳри Бохтар дохил шуд. Баъди хатми он фаъолиятро аз Беморхонаи шаҳрии маркази маъмурии вилояти Хатлон оғоз бахшид.
- Ҳатто овони фаъолият дар беморхона ҳам оташи шавқу ҳаваси ба бар гирифтани либоси низомӣ дар қалби ман побарҷо буд, ки лаҳзаҳои дидору суҳбатҳои самимӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маро ҳиссиёти ногуфтание фаро мегирифт. Баъди чунин дидору вохӯриҳо маро ба ёди орзуҳои бачагиам мебурд, - иброз медорад Саида Яъқубова.
Соли 2010 баъди издивоҷ ва ба дунё овардани нахустфарзанд чанд муддат саргарми масъулиятҳои хонаводагӣ аз фаъолияти касбӣ канор рафт. Баъди 8 соли масъулияти оилавӣ суду зиёни хонашинӣ ва идомаи корро амиқтар таҳлил намуд, дарёфт, ки кор кардан бештар фоида дорад ва аз пайи дарёфти ҷойи хубе шуд. Бо пешниҳоди яке аз дӯстони падар, афсари Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Фаррух Шамсиддинзода барои дарёфти кор ба Беморхонаи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон муроҷиат намуд.
Ҳамин тавр, Саида фаъолияти худро ҳамчун ҳамшираи тиббии шуъбаи ҷарроҳӣ оғоз бахшид. Дар баробари ҳамширагӣ дар беморхонаи ҳарбӣ ба симати фарди низомӣ бояд сарулибоси ҳарбӣ ба бар мекард. Ин буд, ки бо дарки масъулияти бар зимма доштааш донишу таҷрибаи касбии худро такмил дода, ҳамвора ба омӯзиши оиннома ва қонуну қоидаҳои ҳарбӣ ҳамчун афсари ояндаи Артиши миллӣ тарбияву обутоб меёфт. Чун мушоҳида мекард, ки сол аз сол дар маросиму чорабиниҳои бошукӯҳи давлатӣ дар сафи мақомоти қудратии мамлакат, аз ҷумла дар ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон шумори занону духтарон афзуда истодааст…
Ба андешаи прапоршики калон Саида Яъқубова, табибону ҳамшираҳои шафқат ва дигар кормандони соҳаи тиббии мақомоти мудофиа дар радифи донишу таҷрибаи баланди касбӣ бояд аз лиҳози ҷаҳонбиниву донишҳои сиёсиву ҳарбӣ низ мусаллаҳ бошанд, то лаҳзаҳои муолиҷаву муносибат бо аскарону афсарон, ба ҳомиёни Ватан ангезаи ҷасорату тавонмандӣ бахшида бошанд.
- Хушбахтона, фарзандонам Мадинаву Ибро¬ҳимҷон ҳам ба касбу саргармиҳои ман одат карда, ба гоҳи барояшон вақт ҷудо карда натавонистанам, дарк месозанд, ки модари онҳо фарди низомӣ аст.
Саида Яъқубова аз соли 2021 ба таври гузариш фаъолияти хизматиро дар қисми ҳарбии «Н»-и Комендатураи ҳарбии гарнизони Хатлон идома дода, айни замон дар ин ниҳод вазифаи сардори бунгоҳи тиббиро бар уҳда дорад. Ба ҷуз ҳафтаи тафтиши бадан, ҳар рӯз аз вазъи солимии аскарону афсарон пурсон шуда, ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои мавсимӣ бо хизматчиёни ҳарбӣ суҳбатҳо мегузаронад…
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти бузурги шинохти маънии ҳаёт, дарки масъулияти ватандорӣ барои занону духтарон аст, ки дар муҳити низомӣ фаъолият доранд. Бонувони низомипӯш моҳияти тарбияи насли ояндаро дар руҳияи ватандӯстиву ҳимоят аз марзу буми Меҳани азиз бештару бузургтар эҳсос мекунанд. Ба бахти бонувони ин қисми низомӣ онҳо бо ҳомиёни шарафманде кору хизмат бинмуда истодаанд, ки Саида Яъқубова бо гуфтору рафтори писандидаву хизмати содиқонааш ба Ватан, намунаи ибратомӯзӣ барои хизматчиёни ҷавон мебошад.
Ҷ. УСМОН,
вилояти Хатлон