Тамошои шаҳри бостонии Кӯлоб аз дидани Осорхонаи 2700 - солагии Кӯлоб оғоз гардид. Дар ин гӯшаи зебои диёр, ки ҳар ваҷаб хокаш таърихи бою ғанӣ дорад, Осорхонаи барҳаво бо кормандони бомаърифату хушмуомилааш ба алоқамандони таърих аз гузаштаи миллати тоҷик иттилои васеъ медиҳад. Ҷолибтарин тамошогоҳ гӯшаи ҳунари заргарӣ буд. Ҳарчанд аз ҳамроҳон дур мемондам, наметавонистам лаҳзае чашм аз дурахши нуқраву муҳраҳои ҷилодор канам, ки аз даврони қадим мерос мондаанд. Аз роҳбалад бештар дар бораи густариши ҳунари заргарӣ дар ин минтақа пурсон шудам.
Барандаи саёҳат гуфт, ки на танҳо дар гузашта, балки имрӯз низ дар шаҳри Кӯлоб заргарӣ дар ривоҷу равнақ аст ва ҳунармандони ин пешаи нозук меросбари арзандаи гузаштагони худ мебошанд. Духтараки зебову хушрафтореро муаррифӣ кард, ки ҳанӯз дар чашмҳояш орзуҳои зебои кӯдакона барқ мезаданд.
Духтарак, набераи заргари номии Кӯлоб Шоҳқурбон Ҳакимов, бо вуҷуди навҷавон буданаш, дар омӯзиши нозукиҳои ин касб талош меварзад.
Озода аз вақте худро шинохт, ҳамеша аҳли хонаводаро саргарми заргарӣ медиду ба ин касб мароқ пайдо кард.
-Намедонам, шавқу рағбат дар вуҷуди ман кай ба ин пеша пайдо шуд, зеро аз рӯзе, ки худро мешиносам, бобоям бо аҳли оилаамон ба ин кор машғуланд. Аввалин устодам бобоям мебошанд, ки нозукиҳои ин ҳунарро ба ман ва дигар хоҳишмандон омӯзондаанд. Ёд дорам, ҳанӯз 14 сол доштаму мустақилона маснуоти заргариро месохтам. Аввалин дастранҷам гӯшвораи майдаяке буд, ки бо заҳматҳои зиёде омода шуда буду бароям хеле арзиш дошт.
Мардуми Кӯлобро бо заргарӣ, зардӯзӣ, косибӣ, кулолӣ, чакандӯзӣ ва дигар ҳунарҳояшон мешиносанд. Шаҳри Кӯлоб аслан макони ҳунармандон аст. Дастранҷи пешаварони чирадаст¬ро метавон дар Осорхона дид, ки бозгӯкунандаи волои санъати гузаштагон аст.
Озода мекӯшад то дар офаридаҳояш зебоиро таҷассум намояд. Вай осори дастонашро аз тахайюлоти худ ва бо омезиши нақшҳои қадима дар дизайни замонавӣ омода месозад, ки харидорони зиёдеро дар худ ҷамъ меорад.
Ин ҷавони ҳунарвар ба ҷуз заргарӣ боз пироҳанҳои зебо низ медӯзад, ки ба завқи ҷавондухтарон рост омадааст. Бо вуҷуди ин, Озодамоҳ мехоҳад, ки дониши иқтисодӣ низ дошта бошад. Алҳол ӯ дар факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар курси дуюм таҳсили ғоибона дорад. Фориғ аз корҳои хона ва Донишгоҳ бештари вақташ дар заргархона мегузарад. Сохтани ороишоти тиллоӣ барояш ягон мушкилӣ надорад. Бештар гӯшвору ангуштарин, гарданбанду қассоба, дастпонаю дастбанд ва ороишоти гуногун омода месозад. Ӯ сирри нуқраи аслиро чунин шарҳ дод: «Агар нуқраи асл бошад, дар ҳарорати оташ рангаш сафед мешавад, агар қалбакӣ бошад, сиёҳ мегардад».
Ин духтари ҳунарманд иброз медорад, ки бонувон бештари вақт ороишоти қадимаро фармоиш медиҳанд. Зинатҳои нақшу нигори классикидошта ба ҳусни занону духтарони тоҷик ҳусни дигарро зам мекунад. Арӯсон низ дар рӯзҳои хурсандӣ ороишоти сохтаи онҳоро истифода мебаранд.
Муҳиту фазои солиму осудаи ин хонавода, пос доштани арзишҳои миллӣ ва таомули суннатҳои аҷдодӣ меҳри келинҳои хонаро ба заргарӣ бедор намуд, онҳо низ ба ин ҳунари ниёгон рӯ оварданд.
Фазилату фаросат ва ақлу хиради зан сабаби зиндагии бомаром ва саодати ҳар хонадон мегардад. Модари Озода низ бо меҳнатқариниву фурӯтанӣ намунаи ибрат барои фарзандони худу маҳалла гаштааст. Бо тарбияи зебоиписандӣ ва дақиқкории фарзандон модар тавонист Озодаро мафтуни дастони сеҳрофари худ гардонад. Пас аз Озода дар оила боз ду писари дигар ба дунё омад, ки онҳо низ ба ин ҳунар таваҷҷуҳ зоҳир сохтаанд. Ин хонаводаи ҳунарманд натиҷаи заҳмат ва офаридаҳои бемисли худро дар озмуну намоишгоҳҳои байналмилалӣ пешкаш намуда, соҳиби ҷоизаю мукофотҳо гардидаанд. Маҳсули меҳнати онҳо на танҳо диққати муштариёни дохилӣ, балки хориҷиро низ ҷалб менамояд.
Мадина БАЛАҶОНОВА,
Душанбе-Кӯлоб-Душанбе