Достони зиндагии Меҳрангез Ҳасанзода бисёр аҷиб аст. Дар хурдӣ мехост сароянда шавад, аммо таҳсил дар мактаби мусиқӣ, иштирок дар барномаҳои консертӣ ва кӯшиши ҳамкорӣ бо дигарон барояш самар наоварданд, дар баробари монеаҳо истодагарӣ карда натавонист ва роҳи дигарро интихоб намуд. Дар факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ таҳсил карда, меъмор шуд ва ҳоло дар зинаи хатми магистратура аст. Ӯ ҳамчун соҳибкасб дар даҳҳо лоиҳаҳои хурду бузург саҳм дошта, дар ширкати лоиҳакашии «Архиком» кор мекунад. Пас аз 12 сол сукутро шикаст ва ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ тарона мехонад.
Касби душвор, аммо…
- Пешопеши хатми мактаби миёна ба фикре будам, ки ҳуқуқшинос шавам, рӯзи дигар табиб будан мехостам. Интихоб хеле душвор буд, зеро медонистам, ки ин кори содаву саҳл нест. Аммо, вақте ки ҳуҷҷатҳоямро омода кардаму ба ихтисоси меъморӣ ва шаҳрсозии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон супурдам, дарк намудам, ки ояндаамро бо ин касб сохтан мехоҳам. Падарам фаҳмидан замон зид набаромаданд, вале ҳушдор доданд, ки соҳаи меъморӣ, хусусан барои зан хеле душвор аст. Дуруст ҳам мегуфтанд, аммо чун қатъӣ будани қарорамро дарк карданд, то охирин нафасашон ҳамеша дар барам буданд. Маро руҳан дастгирӣ мекарданд, - гуфт дар мавриди интихоби касби ояндааш.
Ба нақли Меҳрангез солҳои аввали донишҷӯӣ хеле душвор паси сар шуданд. Донишҷӯи тасодуфӣ набуд, вале фаҳму дарки ин соҳа барояш сангин афтод. Бо кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва аз ҳама муҳим хоҳиши соҳибкасб шудан ӯро аз ҷумлаи донишҷӯёни фаъол намуда, барои корҳои амалиро анҷом додан то андозае омода кард. Албатта, солҳои аввал кор болои лоиҳаҳои гуногун осон набуд.
- Соли 2015 ба кори амалӣ даст задам. Бовар кунед, аз душвории зиёд, баъзан мисли кӯдак мегиристам. Дар назарам меъморӣ сангинтарин кори олам менамуд. Худро тасаллӣ медодаму заҳмат мекашидам. Дар муддати 9 сол дар аксари шаҳраку ноҳияҳои кишвар лоиҳаҳои зиёдеро тарҳ рехтам, - нақл кард ӯ.
То имрӯз дар эҷоди лоиҳаҳои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, марказҳои омӯзишиву варзишӣ, меҳмонхонаҳо, биноҳои маъмуриву истиқоматӣ, тарабхонаҳо ва ғайра дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ кор кардааст. Вақте аз Меҳрангез адади корҳояшро пурсидем, гуфт: «Ҳисоб накардаам».
Хушоянд аст, ки як коргоҳи пойафзолдӯзӣ дар ноҳияи Темурмалик ва як маркази омӯзишӣ дар шаҳри Ваҳдатро, ки лоиҳаҳояшон эҷоди ӯст, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додаанд…
Пас аз 12 сол сукутро шикаст
Аз хурдӣ мехост суруд хонад. Ду сол дар мактаби мусиқӣ таҳсил кард, дар маҳфилҳо ва консертҳо ширкат меварзид ва яқин буд, ки оянда ҳунарманд мешавад. Аммо, модар нахост, ки ӯ сароянда шавад. Мегуфт, ки ҳоло омода нестӣ.
Ҳамин тавр, таронаи охирин носуруда монд. Меҳрангез дар санъати мусиқӣ сукут варзид, таҳаммул кард.
- Рӯзҳо ба душворӣ мегузаштанд, вале дигар илоҷ надоштам. Хумори сурудан мегирифт ва ба танҳоӣ панаҳ мебурдам, барои худ месурудам. Солҳо гузаштанд, акнун, сукутро шикастаму дигарбора суруд мехонам, ҳоло ба ин кор омодаам, ҳама дарҳо ба рӯям бозанду ба шуғли дӯстдошта андармонам, - маънидод кард ӯ.
Меҳрангез бо бозхонии суруди «Хонаи мо», ки муаллифи матн Мирзо Турсунзода ва бастакори он Зиёдулло Шаҳидӣ ҳастанд, дубора ба сарояндагӣ омад. Дар умум зиёда аз 10 сурудро бозхонӣ кард, ният дорад, пеш аз сурудҳои муаллифӣ нашр намудан, аввал самту равияашро дар овозхонӣ муайян созад.
Аз корҳои то имрӯз намудааш қаноатманд нест, мехоҳад баъд аз он, ки ҳамчун сарояндаи касбӣ шинохтаву пазируфта шуд, консерти хешро доир намояд.
Ҳам тарҳкашӣ ва ҳам сурудхонии Меҳрангез кори эҷодианд. Дар сарояндагӣ ҳам эҷод нақши калидӣ дораду дар меъморӣ ҳам. Ӯ эҷодкориро, ба воситаи эҷод ба мардум хизмат карданро вазифаи худ медонад ва мекӯшад, то қадри имкон рисолаташро ба сомон расонад.
Ҳ. ТОҲИРӢ