19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Либосҳои мактабӣ ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ

 

Bonu 03_2024__IMG_7860_fmt

   Дар шаҳри Турсунзода корхонаи «Умеди Сафия» бо дӯхтани либосҳои мактабӣ машғулу номошност. Коргоҳ бо сифати хуб либосҳои мактабиро омода менамояд. Аз ин рӯ, хонандагони мактабҳои водии Ҳисор аз маҳсулоти ин коргоҳ харид менамоянд. Роҳбарии коргоҳро бонуи чашмикордон Умеда Абдуллоева ба дӯш дорад. Ӯ хуб дарк месозад, ки барои ҷалби мизоҷон маҳсулот бояд сифати аъло ва нархи дастрас дошта бошад.

Аз замони таъсиси корхона вақти зиёд нагузашта бошад ҳам, молу маҳсулоти истеҳсолкардаи он дар бозорҳои кишвар рақобатпазир гашта, аз тарафи мутахассисони соҳа баҳои баландро сазовор гардид. Дипломи дараҷаи 1, сипосномаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав барои саҳмгузорӣ ҷиҳати рушди соҳа, Ҷоизаи Фараҳ-2014 ва дигар гувоҳи заҳмат ва сифати маҳсулоти корхона мебошанд.

Касби дӯзандагӣ

Таърихи қадима дорад. Дар аввал сӯзану ришта набуд, занон пӯсти ҳайвоноти кушташударо бо рагҳо пайваст мекарданд. Баъди пайдо шудани сӯзану ришта кори занон ба таври назаррас осону зеботар шуд. Дар асри XVII аввалин дастгоҳи дарздӯзии механикӣ пайдо шуд ва аз ҳамон вақт саноати сабук рӯ ба рушд ниҳод.

Дӯзанда мутахассисест, ки барои бо сифати баланд дӯхтани маҳсулот масъул аст. Чунин чеварони моҳирро дар корхонаҳои дӯзандагӣ, фабрикаву ширкатҳо дидан мумкин аст. Намояндагони ин пеша мекӯшанд, то малакаҳои кории худро тақвият дода, мустақилона заҳмат ба бор бигиранд.

Бону Умеда маълумоти олӣ дошта, муддате дар самти муҳосибот фаъолият бурд, баъдан ба тиҷорат рӯ овард. Дар шаҳри Турсунзода мағозаи худро дошту аз кишвари Туркия молу ашё оварда мефурӯхт.

Чаро мо натавонем?

Вақте ба Туркия барои молу маҳсулот мерафтам, дидам, ки корхонаҳои дӯзандагӣ маҳсулотро омода намуда, бо нархҳои дастрас дар қабати аввали коргоҳ, дар мағозаи хеш ба фурӯш мегузоранд. Идеяи чунин корхонаву мағоза ба сарам омад, ки чаро мо чунин корро дар худ роҳандозӣ накунем. Оҳиста – оҳиста аз паси амалишавии чунин тарҳи кор шудам ва билохира ба мақсад расидам, - мегӯяд Умеда Абдуллоева.

Ҳоло дар корхона 10 коргари доимӣ фаъолият мебарад. Музди миёнаи маоши онҳо аз 1000 то 7000 сомониро ташкил медиҳад. Барои беҳтар намудани сатҳи касбияти кормандон технологҳоро аз хориҷи кишвар даъват намуда, роҳу равиши беҳтарро ба онҳо омӯзондаанд.

Бояд гуфт, ки коргоҳи дӯзандагии «Умеди Сафия» аз се ошёна иборат буда, қабати аввал фурӯшгоҳи маҳсулоти истеҳсолшуда, кабати дуюм коргоҳи дӯзандагӣ ва қабати сеюм ҷойи истироҳат ва омӯзиши кормандон аст.

Дастовард

Хушбахтона, дар соли 2024 корхонаи «Умеди Сафия» шартномаи ҳамкориро бо бренди либосҳои занона VLADA COLLECTION-и Россия баста, костюм медӯзад ва содирот менамояд. Матоъҳои интихобшуда навъи пахтагин ва синтетикӣ буда, мизоҷон ҳуқуқи интихобро доранд.

Мақсади асосии Умеда Абдуллоева афзудани шумораи кормандони корхона аз ҳисоби занони хонашин мебошад. Мехоҳад дар беҳтар шудани сатҳи зиндагии бонувон саҳме гузорад.

Ният дорам, ки дар шаҳри Душанбе низ чунин коргоҳро таъсис диҳам ва занони бекорро ба кор ҷалб намоям. Истеҳсоли молу маҳсулоти Тоҷикистонро дар бозорҳои ҷаҳонӣ дидан мехоҳам…

Барои бонувоне, ки хоҳиши созмондиҳии корхонаро доранд, тавсия медиҳам, ки аз мушкилӣ натарсанд. Орзуи онро дорам, ки зани тоҷик дар хонаи худ даромади худро дошта бошад. Онҳо ҳунарҳои зиёде доранд, ки пушти парда мондаанд, агар аз пушти кор шаванд, сатҳи зиндагии хонаводаашон беҳ мегардад ва дигар бонувон ба онҳо пайравӣ мекунанд, -мегӯяд Умедабону.

Хушоянд аст, ки солҳои охир тамоюли афзоиши босуръати шумораи занони коргар мушоҳида мешавад. Майдони нобаробарии гендерӣ дар бозори меҳнат ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Имрӯз занон беш аз 40 дарсади қувваи кории ҷаҳонро ташкил медиҳанд.

Шумораи занони соҳибкору ҳунарманд дар Тоҷикистон низ бамаротиб меафзояд. Бо дастгирии пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар ба масъалаи соҳибкасб шудани занону духтарони бешуғл тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Фарзона ВОСЕЕВА,

Душанбе – Турсунзода – Душанбе

 

:.  Аз ҳар боб 08.04.2024 09:59 150

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz